Ҳикмати «Рўзе дарозтар аз қарн»

Дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи  Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Рўзе дарозтар аз қарн» аз рўйи асари «Дуроҳаи буронӣ»-и Чингиз Айтматов бори дигар пешкаши дўстдорони театр гардид. Коргардони намоишнома Султон Усмонов буда, ҳунарпешагон Нозим Меликов, Бунёд Комилов,  Абдумўъмин Шарифӣ, Моҳпайкар Ёрова, Қамариддин Мирзоев, Зарина Бадалова, Суҳроб  Ҷанҷолов, Аҳлиддин  Ҳасанов  ва  Ватандор Шеров бо ҳунари волои худ нақш офарида, ба мазмуни  намоиш боз ҳам ранги дигар зам намуданд.

Қайд  кардан  зарур  аст, ки бори аввал ин намоишнома моҳи июли соли 2008 пешкаши мухлисони театр гардида буд ва театри давлатии Ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо ин намоиш дар  чандин  ҷашнвораҳои  байналмиллалӣ  ширкат варзида, ба гирифтани  як қатор диплому ҷоизаҳо мушарраф гардидааст. Алалхусус,  бахшида ба 80-солагии  нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов ин намоиш дар Фестивали байналмиллалии «АРТ-ОРДО-2008» дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба саҳна гузошта шуда, соҳиби панҷ ҷоизаи зарин гаштааст:

«Барои таҷассуми баланди бадеияти саҳна»;

«Беҳтарин коргардон»;

«Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона»;

«Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардонаи дараҷаи дуюм»;

«Беҳтарин ороиши мусиқӣ»;

Ҳамчунин ин намоиш иштирокчии ифтихории Ҷашнвораи Байналмиллалии «ФАҶР-2010» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. 

Асар воқеаҳои солҳои 50-уми қарни ХХ-ро  дар бар мегирад. Чингиз Айтматов андешаҳояшро роҷеъ ба муносибати  инсонҳо ба воқеаҳо, достону қиссаҳо, мавқеи  кас  дар раванди ҳаводиси рўйдода ва бардошту бархўрдҳо баён кардааст…Чӣ даҳшатест  вақте инсонро ба ҳолате мерасонанд, ки модари худро нашинохта, ўро ба қатл мерасонад. Манқурт кист…? Чӣ гуна инсонҳо манқурт мешаванд…? Оё мо манқурт  нестем…? Посухи ин суолҳоро дар ин намоиш хоҳед дид.

Ин намоиш асари драмавӣ ва фоҷиавӣ буда, дар он беадолатӣ, зулму куштор ва  манқурт кардани инсонро нишон медиҳад, гиряҳои талху, фироқи модаре, ки фарзандашро гумроҳ кардаанд, ишқи духтари 18- солае, ки ба пирамард ошиқ асту ишқашро дар охир баён мекунад, нависандае ки бо навиштани ёддоштҳои замонааш ба тўҳмати беасос гирифтор мешавад, таҷассум гардидаанд, ки ҳар бинандаро бедору ҳушёр месозад, то чӣ будани адолат, инсоф, ишқ, муҳаббат, садоқат ва дўстдориро дарк намояд.

Мақсади таҳиягар афкори бинандаро равона сохтан ба адолат, баёнҳои амиқ нисбати муносибати байни одамони синну сол ва андешаҳои гуногун дар атрофи фикри солим мебошад. Инчунин ҳадафи коргардон  арҷгузорӣ  ба урфу одатҳои суннатӣ, расидан ба умқи  асолати худӣ,  мероси  пурғановати  ниёгон ва  билохира  ба  қадри  ҳар  инсон расидан  ва  эҳтироми ўро ба ҷо овардан аст.

Шодрўз Аттоев,
ходими калони
илмии ПИТФИ

барчасп: