МУХИН Михаил Митрофанович аз ҷумлаи рассомони бомаҳорати кишвар буд. Вай 8-уми декабри соли 1915 дар шаҳри Омски Федератсияи Русия ба дунё омадааст.
Рассоми халқии Тоҷикистон (1974), Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1957) буд.
Омўзишгоҳи рассоми шаҳри Самарқанд (1941) ва Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И.Репини шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро (1950) хатм кардааст.
Аз соли 1950 рассом, 1954 саррассоми Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Тўли қариб чор даҳсола зиёда аз дусад спектаклро ороиш додааст.
Аз имконоти санъати тасвирию театр таври лозим истифода бурда, кўшидааст то ороиши саҳна мундариҷаи ғоявию бадеии спектаклро қувват диҳад. Баҳрабардории хуби рангҳо ва сабти моҳи¬ронаи таносуби равшанию тирагӣ яке аз сифатҳои муҳими санъати рассомиашро ташкил медод. Омўзиши ҳамаҷонибаи матн ва таҷассуми рўҳияи замон боиси боварибахшу аз лиҳози бадеӣ мукаммал баромадани образҳои намоишномаҳо мегардид. Ин рассоми боистеъ¬дод бо амалаш барои дарки амиқи амалиёти саҳна ба тамошогар мадад мерасонд. Ў дар оро додани намоишномаҳои зиёди Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский ва Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳам фаъолона иштирок доштааст.
Бо ордени Байраки Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Соли 1994 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
(Дастхати М.Мухин)
Аз бойгонии ӯ расми ду асари машҳурашро мебинед, ки яке барои операи П.И.Чайковский “Мазеппа” офарида шудаву, дигарӣ барои фоҷеаи Еврипида “Медия” соли 1977.
Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соли 1956 операи Чайковскийро ба саҳна гузошта буд ва рассоми он Мухин буд.