Садаро чи гуна ҷашн гирем?

Ниёгони тоҷикон аз даврони қадим дар чор фасли сол чор ҷашни махсуси табиатро қайд мекарданд, ки ҳар яке аз онҳо бо унсурҳои моддии табиат пайванд буданд. Наврўз дар баҳор таҷлил шуда, марбут ба замин ва хок мебошад. Дар тобистон аҷдодони мо Тиргонро ҷашн мегирифтанд, ки он ба об алоқаманд буд. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ – иди ҳосилот буда, ба осмону ҳаво ва хуршед рабт дорад. Дар меҳвари ҷашни чорум – Сада оташ қарор гирифтааст.

Сада дар қатори ин ҷашнҳо аз даврони қадим яке аз идҳои бошукўҳу шаҳомати мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Сада ҳамасола дар рўзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рўшноӣ ва гармӣ мебошад. Мардум бо афрўхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.

Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки калимаи «Сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз будани замони расидани Наврўзро ифода мекунад. Аммо ин як шарҳи омиёна буда, асоси илмӣ надорад.

Агар истилоҳи “Сада” аз шумораи сад гирифта шуда бошад, он фосилаи замонии байни Меҳргону Садаро дар бар гирифтааст. Яъне Сада тақрибан пас аз сад рўзи ҷашни Меҳргон барпо мешавад (бо сабаби ноқис будани тақвимҳои қадимӣ 5-10 рўз тағйир ба вуҷуд омадааст).

Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи «Сада» аз калимаи  «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.  Албатта таҳқиқотҳо ва ҷустуҷўҳои этимологӣ давом доранд ва хулосаҳои ниҳоӣ ҳанўз маълум нашудаанд.

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рўҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рўзгори мо омада расидааст.

Инак дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҷашнҳо ва арзишҳои дигари фарҳангии мо дубора эҳё шуда, рў ба рушду нумўъ доранд. Сада низ дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рўзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рўзҳои  муайяни таҷлил доранд.

Соли гузашта дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сада бо тантана ҷашн гирифта шуд. Ҳунармандону санъаткорон, намояндагони ҷамоати деҳот ва шаҳру ноҳияҳо барои тамошогарон намоиши барномаҳои рангин пешниҳод намуданд. Аммо аз маҳсулоти ба намоиш гузоштаи онҳо маълум буд, ки ҳанўз ҳам дар бораи ҷашни Сада маълумоти дуруст надоранд. Боз ҳамон табақи сабза, дастархони ҳафт син, маҳсулоти гулдўзиву табақи чўбин ва он ашёе, ки мо дар дигар ҷашнҳо батакрор мушоҳида мекунем, ба мардум пешкаш шуданд.  Ин ҷо камбудии онҳо нест, чунки таҳқиқотҳо дар ин самт хеле каманд. Мардуми одӣ он тараф истад, олимон оид ба ҷашни Сада иттилооти кофӣ надоранд.

Дар солҳои охир роҷеъ ба ин ҷашн ҳарчанд баъзе мақолаҳо дар матбуоту маҷмўаҳо ба табъ мерасанд, аммо аксаран такрор ва рўбардори ҳамдигаранд. Дар бораи ҷанбаҳои таърихӣ, адабии ва фалсафии он суханҳои зиёд гуфта шуданд,  аммо ҷанбаи мардумшиносии он ҳанўз омўхта нашудааст.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба шеваи баргузории ҷашни Сада,  дар ин мақола мехоҳем, чанд нуктаро зикр намуда, баъзе пешниҳодҳоро дарҷ созем.

Имрўзҳо дар ҷашни Сада афрўхтани гулханҳои бузург аз чанд ҷиҳат мувофиқ нест. Ҳам сўзишвории зиёд сарф мешавад, ҳам хатари сўхтор вуҷуд дорад ва ҳам боғу кўчаҳо пурдуд мешаванд. Бигзор гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрўхта шаванд.

Чун Сада ҷашни нуру рўшноӣ аст, мо бояд дар солҳои оянда масъалаҳои таблиғи нуру рўшноӣ, обод кардани неругоҳҳои барқӣ, сохтани неругоҳҳои офтобӣ,  таъмини аҳолӣ бо барқ, таъминот бо ангишту нафт ва монанди инҳоро ба назар гирем.

Тавре ки ҳамагон медонанд, аз ҷониби  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Бахшида ба ин бузургдошт дар идгоҳ созмон додани намоиши ҳунарҳои анъанавӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ ҳатмӣ аст.

Масъулон ва ташкилкунандагон бояд кўшиш бар он намоянд, ки маҳсулоти наву босифат ба маърази тамошо  гузошта шавад. Дар намоишгоҳ на танҳо маҳсулот гузошта шаванд, балки дукону дастгоҳ ва олоти меҳнати баъзе касбу ҳунарҳо низ гузошта шуда, ҳунармандон ба тамошобинон, махсусан, ба насли ҷавон равиши истеҳсоли ягон маснуотро намоиш диҳанд. Ташкил кардани мастер-класс (намоиши таҷриба ва равиши кор) барои ба наврасону ҷавонон ва меҳмонону сайёҳон мумкин аст. Саъй кардан лозим аст, ки ҳунарҳои нодир эҳё шаванд, намоишҳо ҷалбкунанда ва ғайриодӣ бошанд.

Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шохчабурӣ ва ба тартиб овардани дарахтону буттаҳо ва гулҳо машғул мешуданд. Ин суннати неки ниёгонро бояд идома дод.

Намоишгоҳи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан, буттаҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг, техника ва олоти марбут ба боғдорӣ, тухмиҳо, нуриҳои минералӣ ва доруҳои химиявии махсуси соҳаи боғдорӣ, дастурҳои тавсиявӣ ва маълумотномаҳоро бояд созмон дод.

Барои ороиши ин гўша гулҳоро дар зарфу тубакҳо овардан мумкин аст. Ба шохҳои ниҳоли дарахтони мевадиҳанда овехтани намунаи меваи онҳо диққати тамошобинонро ҷалб месозад. Агар меваҳо дар ин фасл дастрас набошанд, расми рангаи онҳоро гузоштан мумкин аст.

Дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад. Дастархон бояд начандон бузург бошад ва дар он танҳо маҳсулоти хўроквории анъанавӣ гузошта шаванд. 

Ба таомҳои зимистонии маъмул оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб, равғанҷўш, бат ва ғайра дохил мешаванд, аммо беҳтар он аст, таомҳои суннатии ҳар як шаҳру ноҳия гузошта шаванд. Меваҳои хушк дар навоҳии кишвар гуногун мебошанд, ҳар шаҳру ноҳия хушкмеваҳои минтақаи худро ба маърази тамошо гузорад. Тарзи пешкашу пешниҳод бояд ҷалбкунанда ва дилрабо бошад.

Ба қатори шириниҳои суннатӣ: набот, қандалот, парварда, хурўсқанд, ҳалво, ширинӣ, асал, нишалло ва амсоли инҳо шомиланд. Махсусан намоиши навъҳои ҳалвоҳоро, ки дар байни ҳамон шаҳру ноҳия маъмул мебошанд, ташкил кардан лозим аст.

Ба намоиш гузоштани таому шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллӣ боиси ҷалби меҳмонон ва сайёҳон гашта, таблиғи заҳмати боғдорон, пазандагон ва ҳунармандон низ мебошад.

Ба барномаҳои фарҳангӣ намоишҳои театрӣ, суруду мусиқӣ, ҳаҷву ширинкориҳо, озмуну викторинаҳо ва  дохил мешаванд.

Лавҳаи театрикунонидашудаи «Кашфи оташ» дар оғози чорабинӣ мардумро ба сайри таърихии ҷашни Сада мебарад. Шоҳи пешдодӣ Ҳушанг ҳамроҳи наздиконаш ба шикор меравад ва дар кўҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг сангеро бардошта, морро мезанад, аммо ин санг ба санги дигар бархўрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ гирифта, месўзанд. Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрўзӣ шод шуда, ин рўйдодро ҷашн мегиранд.

Озмуну викторинаҳо бояд ба мавзўи ҷашни Сада бахшида шаванд. Дар базм иштироки ҳаҷвнигорон, шоирон, санъаткорони маъруфи шаҳру ноҳия ва меҳмонон ҳатмист. Маҳфили мушоара бо хондани байту ғазалпораҳо дар васфи Сада барномаро рангин хоҳад кард. Дар шаҳрҳо шоми рўзи ҷашн мушакпаронӣ намудан мумкин аст.

Ҳар як ҷашн ба худ хос фарҳанги баргузорӣ, одобу русум ва машғулоту саргармиҳо дорад. Дар ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон навъҳои гуногуни варзиши суннатӣ созмон дода мешаванд. Махсусан гўштингирӣ қариб дар ҳама намудҳои чорабинӣ ва идҳо ташкил мегардад. Барои ҳамин дар ҷашни Сада ба намудҳои дигари варзиши миллӣ рўй овардан лозим аст, то ки дар оянда онҳо низ эҳё гашта, рушд ёбанд. Дар поён чанде аз онҳоро мухтасар тасвир менамоем ва созмон додани ин навъҳоро тавсия медиҳем.

Найзаандозӣ – яке аз намудҳои варзиши миллии тоҷикон ба шумор меравад. Найзаро дар гузашта ҳам пиёда ва ҳам савора ба кор мебурданд. Найзаро инчунин савори асп, дар рўйи он хаму рост шуда, лаъбу ҳунарҳо намуда, ҳаво медоданд. Баъзе ҷавонмардон санъати баланди найзаандозӣ дошта, аспро босуръат давонида найзаро ба тухме, ки дар рўйи замин истодааст, халонида, онро боло мебардоштаанд.

Найзаандозӣ дар майдонҳои васеъ баргузор мешуд. Паҳлавонон найзаро аз масофаҳои гуногун ба сўи нишона партоб мекарданд.

Чавгонбозӣ навъҳои пиёда ва савора дорад. Мувофиқи имкон яке аз намудҳои чавгонбозиро бояд ташкил намуд. Барои чавгонбозӣ тўбчаҳои махсус (гўй) ва чўбдаста (чавгон) лозим аст.

Камонварӣ, яке аз навъҳои варзишии машҳури миллӣ мебошад, ки таърихи дурударозе дорад. Асбоби асосии ин навъи варзиши суннатӣ камон мебошад, ки онро аз чўби сахт ва зеҳ месозанд.  Дар байни мардум намудҳои гуногуни озмунҳои халқӣ оид ба навъҳои варзиш, аз ҷумла, камонварӣ, сурат мегирифтанд. Чунончи, зарбузӣ як намуди тирандозӣ буда, паҳлавонон сари зону нишаста, ба сўйи нишона тир меандохтанд.  Навъи дигари мусобиқаи камонварӣ сараспа ном дошт. Тирандозҳо дар болои асп нишаста, дар дави асп ба сўйи нишона аз камон тир холӣ мекарданд. Камонвариро дар майдонҳои васеъ баргузор намуда,  аз масофаҳои гуногун ба сўи нишона партоб кардан мумкин аст.

 Дорбозӣ. Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашну хусандиҳо ва сайрҳои оммавӣ, намоишҳои сирки халқиро барпо менамуданд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт. Дастаи дорбозон, одатан, аз 2-3 дорбоз, 2 масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблу нақора иборат буда, барномаҳои рангин доштанд. Ба репертуари дорбозӣ инчунин ширинкорию масхарабозӣ, шуъбадабозӣ, жонглёрӣ дохил мешуданд.

Аз бозиҳои зеҳнии рўимизӣ созмон додани бозиҳои анъанавии шоҳмот (шатранҷ) ва нардбозӣ мувофиқ ба мақсад мебошад.

Инчунин мувофиқи талаби варзишгарон, тамошобинон ва махсусан ҷавонон дигар намудҳои мусобиқаҳои анъанавӣ: човандозӣ, гўштин ва ғайраро низ ташкил кардан мумкин аст.

Дилшод Раҳимӣ,
Муовини директори

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот
Номзади илми филология

барчасп: