Армуғон ба ҷашни Сада: Китоби нави пажӯҳишгари тоҷик

Чанде пештар китоби нави олими тоҷик, номзади илмҳои филология, фолклоршинос, Дилшод Раҳимӣ таҳти унвони «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» (муҳаррир Ш. Комилзода) аз чоп баромад. Китоби мазкур бо теъдоди 300 нусха дар ҳаҷми 304 саҳифа аз ҷониби  нашриёти «Аржанг» нашр гардидааст. Китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» баҳри шинохти ҷашнҳои қадимаи мардуми орёитабор ганҷинаи бебаҳо ба шумор рафта, нашри онро дар арафаи ҷашни Сада метавон ҳамчун армуғон арзёбӣ намуд.

Китоб аз пешгуфтор, се рисола, ки ба масобаи бобҳо мебошанд ва рўйхати адабиёт иборат мебошад. Муаллиф дар пешгуфтор оид ба аҳамияти омўзишу таҳқиқ ва эҳёи ҷашнҳои аҷдодӣ муфассал андешаҳояшро баён намуда, зарурати нашри китобро дақиқ шарҳ додааст.

Дилшод Раҳимӣ дар такя бо дастуру ҳидоятҳо ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ иброз менамояд, ки  дар шинохти таърихи миллат нақши ҷашну маросимҳо бениҳоят калон буда, омўзиш, таҳқиқ ва эҳёи онҳо хеле муҳим ва саривақтист.

Рисолаи якуми китоб  «Наврўз ва суннатҳои он» номгузорӣ шуда, яке аз бахшҳои асосии он ба шумор меравад. Дар ин бахш оид ба таърихи пайдоиш, ҷанбаҳои асотирӣ, замони фарорасии Наврўз тибқи гоҳшумориҳои мардумӣ, маросимҳои гуногуни наврўзӣ, сайрҳои идона, бозиҳо ва мусобиқаҳои наврўзӣ, бозтоби Наврўз дар фолклори тоҷик ва дигар ҷанбаҳои ҷашни Наврўз маълумоти адабию мардумшиносӣ дода шудааст.

Бояд гуфт, ки муаллиф ҳангоми навиштани ин ё он бахши ҷашни Наврўз аз сарчашмаҳои муътамади хаттӣ, нақлу ривоятҳои мардумӣ, ашъори классикон васеъ истифода намудааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама муаллиф дар аксари бахшҳо хулосаҳои махсуси худро пешниҳод намудааст. Махсусан, дар мавриди «Ҳафт син» ё дасторхони наврўзӣ муаллиф андеша ва далелҳои бикреро дарҷ намудааст, ки хело ҷолибанд. Чунин хулоса ва пешниҳодҳои илмӣ дар дигар бахшҳо низ ба назар мерасанд, ки муҳаққиқони дигарро барои омўзишу таҳқиқи ҷиддии ҷашнҳои аҷдодӣ водор менамояд.

Рисолаи дуюми китоб «Меҳргони заррин» унвон гирифтааст. Д.Раҳимӣ таърихи пайдоиш ва вижагиҳои хоси ҷашни дигари қадимаи мардуми тоҷик – Меҳргонро дар фаслҳои гуногун таҳлилу баррасӣ намудааст. Ин рисола аз қисматҳои даромад, маълумот дар бораи Меҳр ё Митро, маълумотҳои таърихии ҷашни Меҳргон, замони баргузорӣ, ҷашни Меҳргон, инъикоси ҷашни Меҳргон дар ашъори  бузургон, Меҳргон ва мусиқӣ ва амсоли инҳо иборат мебошад. Дар қисмати сарсухан муаллиф бо такя ба суханрониҳои Пешвои миллат эҳёи ҷашни Меҳргонро дар замони ҷаҳонишавӣ рисолати боарзиши таърихӣ шумурда, иброз менамояд, ки барои муайян намудани тафовути ҷашни Меҳргон аз Наврўз ва дигар ҷашнҳо шакли қадима ва рамзҳои асосии онҳо аз ҷониби олимону коршиносон бояд таҳқиқ гардида, пешкаши мардум шаванд.

Рисолаи сеюм «Ҷашнҳои дигари ниёгони тоҷикон» номгузорӣ шуда, аз бахшҳои ҷашни Сада, Шаби Ялдо, ҷашни Ҳут идомаи ҷашни Сада, ҷашни Исфандормазгон, ҷашни Тиргон ва ойини Обрезгон иборат мебошад. Чун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феълан бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи ҷашнҳои қадимаи ниёгон, аз ҷумла ҷашни Сада идома дорад, маълумотҳои таърихии ҳамин бахши кор барои дастандаркорон мусоидат хоҳад намуд. Муаллиф дар ин бахши китоб дар бораи пайдоиш, шеваи баргузории ҷашни Сада дар замони қадим, инчунин оид ба мазмуну муҳтавои вожаи «Сада» бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти дақиқ додааст. Дар бахшҳои дигар муҳаққиқ оид ба ҷашнҳои азёдрафтаи ниёгон Исфандормазгон ва Тиргон низ ба қадри имкон маълумот ироа намудааст, ки барои дар оянда омўзиш ва таҳқиқ намудани  ҷашнҳои номбурда низ заминаи хубе хоҳад буд.

Дилшод Раҳимӣ барои ба анҷом расонидани ин китоб беш аз 200 адабиёти илмӣ ва сарчашмаи мўътамади таърихиро истифода намудааст, ки дар поёни китоб рўйхати онҳо бо тартиби муайян дарҷ гардидааст. Ў дар оғоз қайд менамояд, ки  китоб ба таҳкими ҳуввияти миллӣ мусоидат намуда, ба муҳаққиқони илмҳои гуманитарӣ, донишҷўёну омўзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, рўзноманигорн ва ҳамчунин ба дўстдорони фарҳанги мардум тавсия мешавад.

Дар маҷмўъ, китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» воқеан, баҳри омўзиши ҷашнҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгон дастоварди тозаи илмӣ буда, нашр гардидани он дар арафаи ҷашни Сада барои муҳаққиқон ва алоқаманди фарҳанги мардум армуғони ҷашнӣ ба шумор меравад. Дар охир ба муаллифи китоб Дилшод Раҳимӣ дар тадқиқотҳои нави илмӣ дастоварду комёбиҳо орзу менамоем.

Абдулфаттоҳ Аминов
мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

барчасп: