«МЕНЕҶМЕНТИ ФАЪОЛИЯТҲОИ КИТОБДОРӢ ВА ИТТИЛОЪРАСОНӢ»

Ин чӣ китобест ва чаро бояд аз он истифода кард?  Посухи ин суол дар чанд ҷумлаи муқаддимаи он омада. Аз ҷумла муаллифон Сафар Сулаймонӣ ва Ҷелмат Шерматов менависанд: “Хусусият  ва  вижагиҳои  муносибатҳои  бозорӣ, мутахассисон ва дастандаркорони мудириятро бори  дигар  водор  месозад, ки  ба масъалаи мудирият таваҷҷўҳи бештаре дошта бошанд.
     Масъалаҳои
менеҷмент  дар  соҳаи  аз ҳама  мушкил – фаъолияти  китобдорию иттилоърасонӣ  чӣ  гуна  ҳаллу  фасл  мешавад, яке аз дигар масъалаҳои илмӣ ва корбурдӣ мебошад. Ба  замми  ин  таҷрибаи  менеҷментӣ  дар  фаъолияти  ин соҳаи муҳим камтар  мушоҳида мешавад.  Ҳамаи  ин омилҳо водор месозанд, ки  китобро дар бораи  менеҷменти  фаъолиятҳои китобдорӣ ва иттилоърасонӣ  бо  таваҷҷўҳ  ба хусусиятҳои  миллӣ, мазҳабӣ, иқтисодӣ , равоншиносӣ ва иҷтимоии  кишвар  таълиф  намоем.
     Маврид ба ёдоварист, ки муаллифони китоби мазкур солҳои тўлонӣ ин фанро дар факултаи китобдорӣ ва иттилоърасонии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода тадрис намуда, мақола, барнома ва маводи зиёди таълимиро чоп карданд, ки барои таҳияи ин китоб кўмак намуданд.
     Китоби мазкур бори аввал тибқи назария ва андешаҳои навини манеҷмент таълиф гардидааст. Масъалаҳои бунёди назарии менеҷменти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ, раҳбарӣ ва тасмимгирӣ дар кори китобхона, барномарезӣ, бозорёбӣ дар фаъолиятҳои китобдорӣ ва иттилоърасонӣ, мудирияти фановарӣ, мудирият ва барномарезии тасҳилот(имконот), назорати фаъолиятҳои китобдорӣ ва иттилоърасонӣ ва мудирияти молӣ аз дидгоҳҳои нав матраҳ гардидааст.
     Хонанда аз ин китоб ба бунёди назарияи менеҷменти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ, назарияи вижагиҳои роҳбарӣ, рафтори роҳбар, аҳамияти мутолеоти роҳбар, шабакаи мудирият, дидгоҳҳо дар бораи роҳбарӣ, таъсири фарҳанги миллӣ ба роҳбарӣ, менеҷменти китобдорӣ, раванди мудирияти китобхонаҳо, умури интихоби кормандон, роҳбарӣ ва тасмимгирӣ, барномарезӣ, омӯзиши бозор, сиёсати нарх ва низоми маркетинг, сиёсати фурӯш ва реклом, равобити иқтисодӣ, мудирияти фановаорӣ, хазинаҳои барномарезӣ ва назорати онҳо, назорати хазинаҳо, мудирият ва барномарезии таҳсилот, умури хадамотӣ ва покизагӣ, барномарезӣ барои ҳодисаҳои ногувор, назорати фаъолиятҳои китобдорӣ, кайфияти системаи  назорати асарбахш, авомили муҳим дар назорат,масоили ахлоқии назорат, мудирияти молӣ, будҷа ва навъи воситаи назорат, таҳияи будҷа, ҷалби кўмакҳои молӣ ва чандин масоили дигар  ошно мешавад.

Дарёфти Китоб: «МЕНЕҶМЕНТИ ФАЪОЛИЯТҲОИ КИТОБДОРӢ ВА  ИТТИЛОЪРАСОНӢ»

барчасп: