Ҳозирини муҳтарам!
Ҳамватанони азиз!
Тибқи анъанаи нек мо ҳар сол бо шумо – намояндагони аҳли зиёи кишвар дар остонаи Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам, ки имрӯз чун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, мулоқот меороем.
Ин ҷашни бостонии ниёгони мо рамзи абадияти зиндагӣ, эҳёи табиат ва покии инсон буда, барои мо – тоҷикон басо муқаддас ва гиромӣ мебошад. Зеро фарҳангу оинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои наврӯзӣ ва сарнавишти миллати мо пайванди ногусастанӣ дошта, дар дилу дидаҳои мардуми мо ҷой гирифтаанд.
Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.
Намунаи барҷастаи чунин арзишҳо Наврӯзи Аҷам аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардааст.
Шоистаи зикр аст, ки Наврӯз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.
Имсол Наврӯзи хуҷаста ба Ватани азизи мо бо пайку муждаи зебои баҳорон ҳамчун рамзи дастовардҳои бештари тоҷикон муҳити ҳамбастагиву ҳаммаромӣ ва эҷодкориву созандагиро фароҳам овардааст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат фарорасии Наврӯзи фаррухпай, оғози соли нави аҷдодӣ, эҳёи табиат, пирӯзии нур бар зулмотро ба ҳамаи ҳамватанони азиз, тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва шумо -ҳозирини арҷманд самимона ва бо наҷибтарин нияту орзуҳо табрик мегӯям.
Солҳои сипаришудаи даврони истиқлол дар баробари талошҳои пайваста ба хотири рушди мунтазами иқтисодиёт ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамчунин давраи рушди илму фарҳанг ва маънавиёт буданд. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои пешрафти фаъолияти эҷодии зиёиён, рушди муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиву таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои самарабахш меандешад.
Мақсад аз ҳар иқдоми Ҳукумат муҳайё кардани шароити мусоид барои зиёиёни кишвар – аҳли адаб, илму маориф ва фарҳанг дар бобати таҳқиқу эҷодкорӣ ва кашфиёту ихтирооти техникиву технологии муосир мебошад.
Дар давоми ду даҳсолаи гузашта, бо вуҷуди мушкилоти гуногун инкишофи илму фарҳанг, маориф ва умуман маънавиёт аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо буданд. Дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расиданд ва такомули маънавиёти ҷомеа минбаъд низ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор хоҳад дошт.
Мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар имсол ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ – ифтитоҳи бинои тозабунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон рост омад. Воқеан, ин яке аз падидаҳои бузурги фарҳангии солҳои охир ва саҳифаи тоза дар ҳифзи хотираи таърихии халқ, тарбияи завқи зебоишиносӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, дар робита ба ифтитоҳи ин кохи муҳташами таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик, қабл аз ҳама, шумо – аҳли зиёи кишвар, бинокорону муҳандисон, меъморону мусаввирон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди ин бинои воқеан зебову замонавӣ саҳм гузоштаанд, табрик мегӯям ва изҳори сипос менамоям.
Дӯстони гиромӣ!
Азбаски мулоқоти имсолаи мо бо ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ рост омад, зарур медонам, ки оид ба нақши осорхона ҳамчун оинаи таърихи халқамон чанд сухан баён намоям.
Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии инсоният мебошад. Махсусан халқҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст.
Осорхонаи миллии мо тибқи меъёрҳои муосир бино гардида, бо маҷмааи бошукӯҳ ва назаррабои Қасри миллат, Парчам ва Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ омезиш ёфта, ҳусни пойтахт ва ин майдони бузургро боз ҳам зеботар мегардонад.
Осорхона аз лиҳози меъморӣ намунаи барҷастаи пайванди асрҳо, омезиши услубҳои классикӣ ва муосир буда, бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи муҳандисиву бинокорӣ бунёд гардидааст ва иқдоми усулан тозае дар санъати меъмории кишвари мо ба шумор меравад.
Дар толорҳои он ёдгориҳо аз даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосир ба намоиш гузошта шудаанд. Бовар дорам, ки Осорхонаи нави миллӣ ба анъанаҳои арзишманди Осорхонаи ба номи Камолиддин Беҳзод равнақи тоза бахшида, дар амри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва ифтихори миллии мардуми мо нақши муҳиме хоҳад бозид.
Ба ҳама маълум аст, ки дар бисёр осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон намунаҳоеро аз ёдгориҳои таърихи куҳани тоҷикон пайдо кардан мумкин аст.
Масалан, дар Осорхонаи Британияи Кабир қариб 180 адад осори гаронбаҳои таърихи ниёгони мо маҳфузанд, ки бо номи «Хазинаи Амударё» шуҳрат доранд.
Бостоншиносон ин ёдгориҳоро тоҷи заррини санъати нафиса ҳисобидаанд. Онҳо ба фарҳанги олии Бохтари даврони Кушониён тааллуқ доранд ва аз ҳазорсолаҳои дур ба мо паём меоваранд.
Бо ҷаҳду талоши Ҳукумати Тоҷикистон нусхаи чанд ёдгории «Хазинаи Амударё» аз ҷониби Осорхонаи Британияи Кабир ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид ва мо мақсад дорем дар оянда нусхаҳои қисми боқимондаи ин ёдгории гаронбаҳоро ба даст оварем, то мардуми мо бо ганҷинаи осори ниёгонамон аз наздик шинос шаванд.
Осорхона аз зербино ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар бисту ду толор, аз ҷумла ду толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.
Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи куҳани халқи тоҷик аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Дар толори мудаввари ошёнаи аввал яке аз ёдгориҳои машҳуру камназири Тоҷикистон - муҷассамаи Буддо ба намоиш гузошта шудааст, ки аҳли илми ҷаҳон ба ин ёдгории таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Чунин ёдгориҳои пурарзиш, ки ба маърази диққати тамошобинон гузошта мешаванд, дар осорхона кам нестанд. Масалан, ҳанӯз соли 1925 донишманди маъруф Михаил Андреев аз деҳаи Искодари Фалғар дар ҷаҳон бузургтарин меҳроби чӯбинро пайдо намуд ва он баъдтар ба осорхона оварда шуд. Меҳроби мазкур намунаи олии санъати кандакории болои чӯб дар аҳди Сомониён мебошад.
Дӯстони азиз!
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи дигари муҳим ҷалб намоям. Бунёд кардан ва ба истифода супоридани осорхонаҳо, аз ҷумла кохи муҳташами таърихи куҳани халқи тоҷик омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаро тақозо менамояд. Акнун кори муҳим дар пеш аст, яъне омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ вазифаи мутахассисони варзидаи таърихшинос, бостоншинос ва забондон мебошад. Ҳарчанд ки дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода шӯъбаи осорхонашиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бо тарбияи кадрҳо барои осорхонаҳо машғул аст, вале он талаботро қонеъ карда наметавонад.
Аз ин рӯ, зарурат ба миён омадааст, ки теъдоди қабули донишҷӯён ба ин шӯъба зиёд карда, барои онҳо шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шавад.
Ҳамчунин зарур аст, ки ба масъалаи автоматикунонии корҳои илмиву хазинавӣ, бақайдгириву нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва дигар ашёи осорхонаҳо таваҷҷуҳи махсус дода шавад. Мутаассифона, то ҳол феҳристи мукаммали осори фарҳангии кишвар таҳия нашудааст, ки дар натиҷа баъзе нигораҳои таърихӣ аз назорати мутахассисон дур монда, харобу нобуд мегарданд ё ба таври қочоқ аз ҳудуди мамлакат берун бурда мешаванд.
Дар баробари ин зарур аст, ки ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони соҳаҳои осорхонашиносӣ, бостоншиносиву мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, катибашиносиву матншиносӣ, тармимгарони ёдгориҳои таърихӣ, инчунин такмили ихтисоси кормандон, таъмин намудани осорхонаҳо бо техникаву технологияҳои муосир, ҷустуҷӯ ва аз мардум харидорӣ кардани осори арзишманди таърихӣ аҳамияти махсус дода шавад.
Илова бар ин, масъулини соҳа вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишварамон якҷо бо олимони Академияи илмҳо қомуси ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро таҳия ва нашр намоянд.
Осорхона - оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад.
Маҷрои пурталотуми таърих ҳамеша гузаштаро бо имрӯз ва имрӯзро бо оянда мепайвандад, ҳалқаи васли наслҳо, асрҳо, халқҳо ва давлатҳоро мустаҳкам менамояд ва роҳро ба сӯи оянда равшан месозад.
Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон натанҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.
Чунонки Искандар Тахти Ҷамшедро ба оташ кашиду валангор кард, зеро мехост тахту наврӯзгоҳи пурифтихори ниёгони моро аз байн барад. Дар ин раванд ҳамчунин китоби муқаддаси «Авасто» нобуд карда шуд.
Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб дар ин бора бо сӯзи дил навиштааст, ки мардуми форсизабон «аз гаронмоягони рӯзгор будаанд ва ба рӯзгори фармонравоии хеш донишҳои судманд андӯхтаанд. Ганҷинаи хусравони Порсро аз ҳар илм дафтаре буд ва ҳар дафтар аз гаронмоягӣ ганҷи гавҳаре. Чун давлат аз онҳо рӯй бартофт ва Искандар ба он даст ёфт, китобхонаи хусравонӣ ба тороҷ рафт ва он чӣ барҷо монда буд, бо фармони халифа афрӯзандаи гулхани гармобаҳои Бағдод шуд».
Ҳадаф аз ин харобкориҳо ҳамоно шикастани пайвандҳои таърихӣ ва пояи маънавии халқи мо буд.
Вале ҷавҳару сиришти таъриху адабу фарҳанги мо ва хотираи таърихии он шикастнопазир боқӣ монд ва мавҷудияти мардуми ориёинажодро ҳифз кард.
Хушбахтона, имрӯз таърихи бостонии мо дар нигоҳи аҳли хиради ҷаҳон чун хуршеди тобон таҷаллӣ медиҳад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил гардидани ёдгории камназири Саразм бо таърихи шашҳазорсолааш далели равшани ин матлаб аст.
Ба шарофати таърихи пурғановати миллат ҳоло мо ба таърихбозӣ, таърихсозӣ ва таърихрабоӣ заррае эҳтиёҷ надорем.
Зеро дар тӯли асру замонҳо донишмандону муҳаққиқон ва аҳли адаби мо шоҳкориҳои зиёде офаридаанд, ки дар байни онҳо «Таърихи Наршахӣ», «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Алҷабр»-и Маҳмуди Хоразмӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ашъори ҷаззоби Мирзо Турсунзода мақоми хосаву нотакроре доранд, ки дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд.
Наслҳои наве, ки ба арсаи ҳаёт меоянд, аз муборизаву ҷоннисориҳои қаҳрамонони миллии мо, чун Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абӯмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар ифтихор хоҳанд кард ва аз онҳо сабақи бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ хоҳанд омӯхт.
Ҳар як халқи соҳибтамаддун ба решаҳои таърихӣ ва давраҳои сарнавиштсози гузаштаи худ бо камоли эҳтиром арҷ мегузорад. Чунин як давраи тақдирсоз дар ҳаёти халқи тоҷик ба саҳнаи сиёсат ва давлатдорӣ омадани Сомониён мебошад.
Дар робита ба ин, ёдовар шудани суханони донишманди машҳури аврупоӣ Вилл Дюрант айни муддаост:
«Давлати Сомониён тамаддуни исломро ба авҷи аъло расонид. Аврупо аз кишварҳои исломӣ ва бештар аз давлати Сомониён рушди ҳаёт, ахлоқ, адабиёт, тиб ва фалсафа, тарзи омода сохтани ғизо, доруву даво, низоми хонаводагӣ, адабу фарҳанг ва саноату тиҷоратро омӯхтааст.
Донишмандони аҳди Сомонӣ дар бахши риёзиёт, нуҷуму кимиё ва улуми табиӣ пешрав буданд ва онҳоро ба дараҷаи баланди рушд расонидаанд. Онҳо таълимоти Арастуро дастраси Аврупо намуданд. Андешаҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ибни Рушд, ки зодаи Машриқзаминанд, бо нури хирад Аврупоро мунаввар кардаанд».
Донишманди маъруф Саид Нафисӣ, ки дар омӯзиши таърихи адабиёти давраи сомонӣ хизматҳои бузург дорад, ба чунин хулоса омадааст:
«Силсилаи маъруфи Сомониён, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр салтанат кардаанд, давраи шукӯҳу азамати ин сарзаминҳоро оғоз бахшидаанд. То кунун мисли ин силсилаи хирадпарвар ҳеҷ хонаводае ба шаҳриёрӣ нарасидааст, ки монанди Оли Сомон сиёсати махсуси нажодиву миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, китобҳое лозим аст то фарзандони моро аз мақоми баланди ин родмардон, ки зиндакунандагони сарзамину таърихи моянд, огоҳ созанд».
Соҳибқирони шоирони Аҷам - устод Рӯдакӣ истиқлолияти фарҳангии Сомониёнро пойдор намуд, Ҳаким Фирдавсӣ Аҷамро ба порсӣ зинда карда, решаҳои таърихи беш аз сеҳазорсолаи онро бо суннатҳои давлатдории миллии Сомониён пайванди абадӣ бахшид, онҳоро қавитар ва нерӯмандтар гардонид, асрҳо ва замонаҳоро ба ҳам васл намуд ва ҷанбаҳои таърихӣ ва фарҳангиву маънавии Сомониёнро устувор кард.
Воқеан, мо ҳар қадар бештар таърихи давлати Сомониёнро бишносем, худро хубтару возеҳтар хоҳем шинохт.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як зиёии ватандӯст ба воситаи асарҳои илмӣ, адабӣ ва публисистӣ дониши халқи худро ғанӣ гардонидан, ҳисси ифтихори миллии ӯро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолати миллии мардуми кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз кардан аст.
Ҳарчанд ки мо, дар ин масъала ҳанӯз ба ҳадафи олии худ нарасидаем, вале дастовардҳои бузурге дорем, ки онҳоро истиқлолияти давлатиамон ба армуғон овардааст. Мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кардани Наврӯз аз ҷумлаи ҳамин гуна комёбиҳои фарҳангии мост.
Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз маҳз дар аҳди Сомониён аз сари нав мақоми баланд пайдо кард ва ба он ҳама шукӯҳу шаҳомате, ки дар аҳди Куруши Кабиру Доро ва Хусрави Парвиз дошт, дубора соҳиб гардид.
Имрӯз агар ашъори наврӯзии шоирони тоҷику форсро дар саросари ҷаҳон гирд оварем, дар олам бузургтарин китобе хоҳад шуд ва шоҳиди он хоҳад гашт, ки Наврӯз дар ҷавҳари маънавиёт ва андешаву тафаккури халқи мо чӣ гуна амиқ реша давонидааст.
Таъриху тамаддуни мо ҷузъе аз таъриху тамаддуни умумибашарист ва худи мо ҷузъи башарият ҳастем. Ва табиист, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ халқе ва ҳеҷ тамаддуне дар танҳоӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Имрӯз ҳам Шарқ ва ҳам Ғарб беш аз ҳар замони дигар ба робитаҳои мутақобилан судманд ниёз доранд. Чунки тамаддуни Шарқу Ғарб ду боли тавонои як пайкаранд ва маънавиёти якдигарро ғановатманд мегардонанд.
Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳанӯз дар асри дувоздаҳ метавон як навъ оғози муколамаи Шарқу Ғарб дар таърихи афкори иҷтимоиву сиёсӣ шуморид.
Ин мутафаккир ва суханвари бузург бо андешаҳои таҳаммулгароёнаи худ марзҳои ҷуғрофӣ, дину мазҳаб, забон ва ирқу нажодро аз миён бардошта, чун симурғи баландпарвоз ҷаҳони бекаронро зери болҳои тавонои худ қарор дода буд ва худро мутааллиқ ба тамоми инсоният медонист.
Дар ҳақиқат, фарҳангу маънавиёт қувваи тавоное мебошад, ки метавонад қитъаву, кишварҳо ва ҳалқҳову дилҳоро ба ҳам пайванд диҳад.
Ҳозирини муҳтарам!
Олитарин офаридаҳои моддиву маънавии башарият маҳсули хираду заковати инсонӣ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир дар ҳама давру замонҳо ба масъалаи густариш ва рушди сармояи ақлонӣ ва моликияти зеҳнии инсон диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Бо дарназардошти ин ҳақиқати мусаллам зиёиёни кишвари моро зарур аст, ки ҳамчун нерӯи тавонои иҷтимоӣ тафаккури созандаи ҷомеаро тақвият бахшида, бо фаъолияти созандаи худ пешоҳанги миллат ва ибратбахши ҷомеа бошанд.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад. Дар ин раванд шумо - зиёиён ва равшанфикрон бояд нерӯи раҳнамо ва ҳидоятгари ҷомеа бошед. Зеро таҳаввулот ва равандҳое, ки даҳсолаҳои охир дар кишварҳои гуногун идома доранд, собит месозанд, ки тарбияи шахсияти донишманду огоҳ ва худшиносу ватандӯст амри ногузир аст. Ин масъалаи бағоят ҷиддӣ хусусан дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории мо ниҳоят рӯзмарра мебошад. Мо бояд ин масъаларо амиқан дарк намоем ва бо тамоми ҷиддият дар ҳалли он саҳмгузор бошем.
Бояд гуфт, ки ҳар як марҳалаи рушди давлатдорӣ хусусиятҳои хос дорад ва ба эътибор гирифтани онҳо омили асосии таъмини рушди минбаъдаи кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пайваста талқин намудани ғояҳои ваҳдату ягонагии миллӣ ҳамчун омили пойдорӣ ва таҳкими давлатдории навини мо бояд ҷавҳари фаъолияти зиёиёнро ташкил диҳад.
Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ марҳалаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди нерӯи ақлонӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илму технология босуръат рушд мекунад, инкишофи нерӯи ақлонӣ гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти ҳар як мамлакат ва гузашта аз ин, амнияти милливу давлатии он мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳавасманд гардонидани рушди нерӯи инсон ва халлоқияти зеҳнии ӯ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо ба шумор меравад.
Дар давоми солҳои истиқлолият аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии нерӯи зеҳнӣ ва фаъолияти ақлониву эҷодӣ, инчунин ҳифзи моликияти зеҳнӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Санади муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 40-уми он омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».
Бешак, рушди ҳар як ҷомеа ба ташаббус ва фаъолияти зиёиён, ки зубдаи зеҳнии ҷомеа ҳастанд, вобастагии зиёд дорад.
Зеро дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии инсоният, бунёд ва ташаккули низоми ҷамъиятӣ дар ҳама давраҳои таърихӣ, пеш аз ҳама, маҳсули андешаву хиради зиёиён ва истеъдоду маҳорати онҳо мебошад.
Ба андешаи ман, дар шароити муосири инкишофи ҷомеа рисолати муҳимтарин ва кори ҷонии зиёиён таҷдиди фикру андешаи умумимиллист. Чунки замона дигар шуда, ҷаҳони атрофи мо дар ҳоли таҳаввул ва рушд қарор дорад. Бо дарназардошти ин омили фарогир аз аҳли илму адаб ва фарҳанг бори дигар даъват ба амал меорам, ки дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи навоварона дар ҳамкорӣ бо давлату Ҳукумат бештар фаъол бошанд. Зеро фақат насли наве, ки дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи мустақил дошта, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва қарзи ватандӯстии худро дар назди халқу Ватан эҳсос менамояд, метавонад ба қувваи пешбарандаи истеҳсолот ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёбад.
Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли ҷавон аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мо бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем.
Дар чунин шароит яъне дар ҳоле, ки раванди ҷаҳонишавӣ, ҳамчун зуҳуроти ногузири иҷтимоӣ фарогири ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мегардад, масъалаи мақому манзалат ва мавқеи зиёӣ моҳият ва мазмуни тоза касб менамояд.
Бӯҳрони маънавие, ки имрӯз Ғарбу Шарқро фаро гирифтааст, қатъи назар аз дастовардҳои зиёд дар илму техника ва рушди босуръат дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ, дар назди инсоният масъалаҳои таҳаммулгароӣ, ҳамзистиву ҳамкории кишварҳо ва пайравони фарҳангу ойинҳои гуногунро ба миён гузоштааст. Барои рафъи кинаву адовати нажодӣ ва диниву мазҳабӣ нақши зиёиён бағоят муҳим мебошад. Ҳаёт собит месозад, ки дар ҷаҳони муосир бе ҳамзистӣ зиндагии орому босубот амри маҳол аст.
Зиёиёни мо, ки парчамбардори андешаҳои олии башардӯстонаи аҷдоди бузурги хеш мебошанд, бояд ин маъниро беш аз пеш дарк намоянд ва онро ҳамеша бо пиндору гуфтору кирдори худ дар ҷомеа талқин созанд.
Бузургони гузаштаи мо дар ин амри хайр хизмати арзандаро анҷом дода буданд ва мо ҳамчун ворисони онҳо бояд идомадиҳандаи корҳои инсонпарваронаи онҳо бошем.
Маҳз хизмати абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ, бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ дошта тавонист. Хизмати бузурги фарзонагони миллатамон буд, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем.
Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи тӯлонии паймудаи тоҷиконро бо ҳама шебу фарозҳо дар худ инъикос кардааст. Аз таърих, адабиёт ва фалсафаи ирфонии ғании мо ҳувайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.
Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳуввияти ҳар як миллат мебошад. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як зиёӣ бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.
Ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама, зиёиёни кишвари азизамон мебошад.
Аз ин рӯ, зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши илму маърифат қарор дошта бошанд. Зиёиёни мо бояд ифтихор намоянд, ки замона ба дӯши онҳо вазифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст.
Тазаккур бояд дод, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои гузаштагон, дарёфти умумият байни арзишҳои милливу умумибашарӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, ки тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки равшанфикр бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад ҳамчун тимсоли ибрат ба наслҳои ҷавон таъсири нек расонад.
Ҳамчунин зиёиёни эҷодкори моро зарур аст, ки масъалаҳои нав ва мубрами ҳаёт, офаридани чеҳраҳои одамони даврони истиқлолро дар илм, адабиёт ва театру кино ҷасурона ба миён гузоранд.
Вазифаи аввалиндараҷаи шумо-зиёиёни гиромӣ, аз он иборат аст, ки бо кору пайкори худ истиқлоли давлатии моро ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллат ва неъмати гаронбаҳо ҳифз намоед, онро ҳамвора таҳким бахшед, ҷаҳони маънавии халқамонро ғанитар ва рангинтар гардонед.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ташаккул ва вусъат бахшидани тафаккури нави сиёсиву маънавӣ бояд мавзӯи муҳимтарин шуморида шавад, ки маҳаки он ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату худшиносии миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад.
Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад.
Наврӯзи Тоҷикистон - Наврӯзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.
Орзумандам, ки Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ ба таҳкими сулҳу субот ва бахту саодати халқҳо дар саросари сайёраи Замин мусоидат намояд.
Бигзор, сарбаландиву шодкомӣ, бахту саодат ва рӯзгори хушу хуррам ба тамоми мардуми Тоҷикистон насиб гардад!
Бигзор, Тоҷикистони хуршедсимои мо аз файзу баракати истиқлолият ва Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ҳамеша сарсабзу хуррам, ободу осуда ва озоду сарбаланд бошад!
То оламу одам боқист, Наврӯзу Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон бод!
Ташаккур!
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар
20.03.2013 13:26, шаҳри Душанбе