Тавре аз номаш пайдост, ин осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аст ва пурра ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудааст.
Осорхона дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90 солагии бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ёфтааст.
Мақари ҷойгиршавии он шаҳри Ғафуров, воқеъ дар вилояти Суғд аст.
Аввалин лоиҳаи бунёди он ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Соли 1986 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод тасмим гирифт, ки осорхонаи академик Ғафуров сохта шавад. Соли 1989 он бо номи «Хона - музеи академик
Бобоҷон Ғафуров» бо кор оғоз намуд.
Аксу суратҳо ва маводҳои зарурӣ аз ҷониби профессорҲабибулло Холҷӯраев, ки сарвари гуруҳи корӣ буд ва А. Азимов, Г. Мусобеков гирд оварда шуда буданд.
Баъдан муддате идомаи сохтмони он боздошт шуд ва то соли 1996 касе ба он чизе илова накард. Ва ниҳоят бунёди он соли 1998 ба анҷом расид.
Консепсияи бунёди осорхона аз ҷониби академик Нӯъмон Неъматов, профессорон Ҳабибулло Холҷӯраев, С.А. Абдуллоев, дотсентон Ӯ. Ҷӯраев ва А. Қодиров эъҷод шуда буд.
Экспонатҳо, суратҳо, маводҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар се толор ҷойгир шудаанд:
Толори 1 – Толори асоси дар бораи таърихи навишта шудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст.
Толори 2 - Аз ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров ҳикоят мекунад.
Толори 3 – Ба Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илми таърих ва шарқшиносӣ бахшида шудааст.
Бобоҷон Ғафуров ҚаҳрамониТоҷикистон,арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, докториилми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон(1951), узви пайвастаиАИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходимихизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967) аст.