Туро дар барги гул мепарваридам (Ёде аз мутриб ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Қиматшоҳ Шоискандаров)

30-сол пеш оҳангсози ҷавоне дар синни 37-солагӣ ногаҳон вафот кард. Ба ибораи шоир худ Қимат буду боз ҳам қиматтар гардид. Дар тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ марсия ва сӯгвориҳои шоирони шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафиева, Ҳадиса Қурбоно-ва, Мавҷуда Ҳакимова, Ҳайрат Шанбезода, Султон Шоҳзода, Ширин Бунёд ва дигарон чоп шуданд. Махсусан, чакидаҳои хотири ошуфтаи Гулрухсор Сафиева «Дӯсти қимати ман» ва силсилаи шеърҳои Ҳадиса Қурбонова таҳти унвони «Агар донам зи дунё реҳлататро…» хеле таъсирбахш буданд. Ин чӣ ҷавоне,чӣ эҷодкоре буд, ки беҳтарин шоирҳои тоҷик дар ғамаш бо ҳасрат дарди дил карданд?

Ин ҷавонмарг оҳангсози барҷаста ва нотакрори тоҷик Қиматшоҳи Шоискандаров буд.

Дар рӯйи мизи кориям рӯзномаву ҳуҷҷатҳо ва танҳо як сурати бо мурури солҳо молишхӯр-да, ки аз умри кӯтаҳи яке аз дурахшонтарин оҳангсози муосир Қиматшоҳ Шоискандаров нақл мекунанд, парешон хобидаанд. Ҳамаашонро омӯхтам. Бо ягона расмаш низ ғойибона гуфтугӯ доштам, аммо барои чанд сатр навиштан ҳанӯз қаламам оҷизӣ мекунад. Гӯйё чизе намерасад. Чанд сигорро пайи ҳам кашидам, хона аз дуди сигор пур шуд, аммо илҳоми навиштанам намеомад. Ба саҳни ҳавлӣ баромадам, то каме ҳавои тоза гирам. Ҳамин дам аз радио оҳанги шинос ба гӯш расид. «Сезарб»-и Қиматшоҳ Шоискандаров.

Чанд муддате гӯшу ҳушам ба ин оҳанги мағруб банд буд, гӯё ин оҳанг тамоми ҳаёти эҷодии Қиматшоҳ Шоискандаровро дар назарам ҷилвагар намуд. Ҳама чиз дар наздам ва дар назарам буд, гӯё танҳо ҳамин оҳанг намерасид. Оҳанги мағрубу дилкаш ва дилписанди «Сезарб».

Дар гузаштаи на он қадар дур дар водии Шохдара Шоискандар ном мутрибе мезист, ки дар овозхонӣ ва дар навохтани рубоб, сетор, қумрӣ, ғижак ва дигар асбобҳои мусиқӣ маҳорати беандоза доштааст. Овозаи ин мутриб то ба Бадахшони Афғонистон мерасад.

Боре ҳокими Бадахшон, ки санъати мусиқӣ ва овозхониро меписандид, Шоискандари мут-рибро ба деҳаи Зебоки Афғонистон даъват мекунад. Мутриби шуғнонӣ дар базми суруду мусиқии ҳоким ҳамаро қоил намуда, сазовори мукофотҳои қиматбаҳо ва асбоби мусиқӣ-танбӯр мегардад.

Баъди гузаштани Шоискандар касби падарро писараш Мирзо давом медиҳад. Мирзои ҷа-вон дар баробари навохтани дигар асбобҳо танбӯрро низ ёд мегирад. Он айём ягон тӯю маъракаи хурсандӣ бе иштироки Мирзои овозхон ва мутриб намегузашт. Рӯзе Мирзо дар тӯйи маҳаллаи наздикашон маҳфили хурсандиро гарм мекард, ки кӯдакони шӯху беқарор наздаш омада шодиёна пурсиданд:

- Амаки Мирзо, шодиёна диҳад, соҳиби писар шудед!

Аввалин суханҳое, ки аз забони падар баромаданд, чунин буд:

- Фарзанди қимати ман, хуш омадӣ!...

Ҳамин тавр, фарзанди навзодро Қиматшоҳ ном ниҳоданд. Ин воқеаи фараҳбахш ба моҳи феврали соли 1941, ба арафаи оғози нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Маскав рост омад.

Амаки Мирзо минбаъд агар ба кадом маҳфили суруду мусиқӣ мерафт, Қиматшоҳи хурд-солро низ ҳамроҳаш мебурд. Қиматшоҳ ва ҳунарнамоии падар ифтихор дошт ва кӯшиш ме-кард, ки ақаллан навохтани рубоби бадахшониро ёд гирад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вай дар 6-солагиаш алаккай дар бештари асбобҳои халқӣ менавохт. Шодии падарро интиҳо набуд. Хурсанд буд, ки асбобҳои бобоӣ бесоҳиб намемонанд. Давомдиҳандаи сулолаи овозхонӣ ва мутрибӣ ба воя расида истодааст.

Қиматшоҳ дар синфи 8-ум мехонд, ки падараш вафот кард ва ягона васияти падар ин буд, ки асбобҳои мусиқии аҷдодиро бесоҳиб намонад. Ин асбобҳои табаррукӣ бояд минбаъд низ ба халқ хизмат кунанд. Ҳамин тавр ин асбобҳо ҳанӯз ҳам дар хизмати халқ ҳастанд.

Баъди хатми мактаби миёна Қиматшоҳро роҳбари маҳфили худфаъолиятии мактаб таъин намуданд. Зеро вай дар ноҳия чун навозанда ва сарояндаи боистеъдод ном бароварда буд. Чандин ҷавонон аз маҳфили Қиматшоҳ Шоҳискандаров, ки ҳанӯз ӯро танҳо дар доираи ноҳияаш мешинохтанд, аз вай сабақаҳои нахустини мусиқӣ мегирифтанд. Андак баъдтар вайро барои иҷрои хизмати Модар-Ватан даъват намуданд. Қиматшоҳ се сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат намуда, чун ҷавони баркамол ба зодгоҳаш баргашт. Вале меҳри мусиқӣ ӯро ором намегузошт. Раҳимбой Ҷақабоев маҳорати баланди эҷодкорӣ ва навозандагии вайро пай бурда, кӯмакаш мекард. Дар эҷоди нахустин оҳангҳо чун устод мас-лиҳатҳо медод. Ин буд, ки аз хусуси Қиматшоҳи ҷавон то ба шаҳри Хоруғ овозаҳо расиданд.

Соли 1965 ӯро барои кори минбаъда ба Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ даъват намуданд. Қиматшоҳ акнун имкон пайдо намуд, ки тамоми маҳорат ва истеъдодашро нишон диҳад. Дар театр аз ёрмандӣ ва маслиҳатҳои устодони санъат Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Маҳмадназар Ҳотамов, Маҳмадёр Хуҷамёров ва дигарон баҳравар гардида, дар муддати кӯтоҳ худро ба мухлисони созу мусиқӣ муаррифӣ намуд: Оҳангсози ҷавон Қиматшоҳ Шоискандаров!

Бо вуҷуди мутриби баҳамто буданаш ин ҷавони музофотӣ камҷуръат ва шармгин буд. Яке аз нахустин оҳанги эҷодкардааш – «Бе ёр натвонам нишаст» омода шуд, аммо ҳанӯз ҷуръат намекард, ки гӯяд:

- Ин суруд хоси овози Майсара (он айём овозхони ҷавон буд) аст.

Дар консерти оншаба се суруди нави Қиматшоҳ Шоискандаров - «Бе ёр натвонам нишаст», «Мӯ ба мӯ» ва «Тӯёна» дар иҷрои Майсара Дилдорова садо доданд, ки писанди иштирокчиёни консерт гардид.

Акнун Қиматшоҳ Шоисканадаровро чун оҳангсози боистеъдод мешинохтанд ва дар та-моми чорабиниҳои фарҳангӣ чӣ дар Кӯҳистони Бадахшон ва чӣ ҷумҳурӣ вай ҳайати дастаи мутрибони театрро роҳбарӣ мекард. Номераҳои нави консертиро таҳия месохт ва дар байни фурсат ёфта, ашъори шоирони муосирро мутолиа карда, интихобан ба беҳтаринҳо оҳанг мебаст.

Соли 1970 дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин, Озмуни ҷумҳуриявии «Эҷодкорон ва сарояндагони ҷавон» барпо гарид. Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба ин озмун сарояндаи ҷавон ва хушадо Майсара Дилдороваро тавсия намуд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ нахустин бор оҳанги оҳангсози ҷавон Қиматшоҳ Шоискандаров «Эй ситораҳо» (бар шеъри Ҳадиса) дар иҷрои Майсараи ҷавон садо дода, аз тарафи ҳакамон сазовори ҷойи аввал гардид. Ин комёбии нахустин Қиматшоҳро хеле рӯҳбаланд намуд ва ӯ минбаъд сурудҳои «Моҳи Шуғнонам» (шеъри М.Ҳайдаршоҳ) «Боғбони гул» (шеъри П.Сулаймонӣ), «Чаро рафтӣ?» (шеъри Гулрухсор), «Чароғҳо» (шеъри Ҳ.Мавҷуда), «Ҷилваҳои Дарвоз» (М.Ҳайдаршоҳ), «Нолаи булбул» (Ш.Бунёд), «Сӯзи ишқ» (шеъри Мавҷуда), «Ёр дар бар буд» (шеъри Қ.Ҳадиса), «Суруди дӯстӣ» (шеъри А.Бобоҷон) ва ғайраҳоро эҷод намуд, ки дар тӯли солҳо аз садои форами Майсара Дилдорова ба парвоз баромада, дар дили мухли-сони созу суруд маъво гирифтанд.

Қиматшоҳ аз ҳама зиёдтар бар ашъори шоираҳои маъруфи мо Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор Сафиева ва Ҳадиса Қурбонова оҳангҳо эҷод кардааст. Инҳо: «Сӯзи ишқ» ва «Ча-роғҳо»-и Мавҷуда, «Эй ситораҳо» ва «Ёр дар бар буд»-и Ҳодиса, «Чаро рафтӣ», «Эй гул», «Хушрӯз модарам» ва «Дунё ғанимат аст»-и Гулрухсор мебошад. То ҳанӯз тариқи радио ва телевизион садо медиҳанд. Кас аз шунидани ин сурудҳо ҳаломат бурда, ба эҷодкорони онҳо офаринҳо мехонанд. Бахусус, ба оҳангсоз Қиматшоҳ Шоискандаров.

Акнун дар ҳар маҳфил ва ҷамъомадҳои фарҳангӣ, чӣ дар вилоят ва чӣ дар ҷумҳурӣ номи Қиматшоҳ Шоискандаров вирди забони аҳли фарҳанг буд. Бештари мутахассисон ва му-сиқишиносон дар ҳайрат будаанд, ки ин оҳангсоз истеъдоди модарзодӣ дошта, бе хатми ягон мактаб ва донишкадаи мусиқӣ, бе истифодаи нотаҳо оҳангҳои марғуб ва дилангез эҷод мекунад.

Вақте ки суруди нав – «Бе ёр натвонам нишаст» бори нахуст аз овози форами Майсара Дилдорова садо дод, санъатшиносон шубҳа карда, «ин оҳанги афғонӣ аст» гӯиё ба оҳангсо-зи ҷавон Шоискандаров бо нобоварӣ нигоҳ мекарданд. Ин шубҳаро фарҳангшиноси маъруф Меҳрубон Назаров, ки солҳои зиёд дар Афғонистон кор карда буд, аз байн бардошт…

- Қиматшо, фахр кун, ки оҳангҳоятро ба оҳангҳои афғонӣ баробар ва монанд мекунанд. Пас ту ба мақсаду муродат расидаӣ, - изҳор намуд М.Назаров.

Дар асл ҳам Қиматшоҳ Шоискандаров дар ягон мактаби мусиқӣ таҳсил накардааст. Таби-ати дилфиреби Бадахшон ва водии зебои Шохдара вайро рӯҳу илҳом бахшида, барои эҷоди оҳангҳои нав ва дилнишин ҳидоят менамояд. Ҳангоме ки санъаткорони Театри мазҳакаи му-сиқии шаҳри Хоруғ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба сафари эҷодӣ мебаромаданд, пеш аз оғози консерти навбатӣ мухлисони созу наво мепурсиданд:

 

- Оё роҳбари дастаи мусиқии театр Шоискандаров дар консерт ҳузур дорад? Кадом оҳангҳои навашро Майсара Дилдорова ва Сафарбегим Тошхӯҷаева иҷро мекунанд?

 

Роҳбари гурӯҳи эҷодӣ бошад бо хушнудӣ ҷавоб медод:

 

- Оре, Қиматшоҳ ин навбат ҳам бо суруду таронаҳои наваш меҳмони шумост ва Майсараву Сафарбегим онҳоро бо овози форамашон ба самъи шумо хоҳанд расонд.

Қиматшоҳ ҳар як дақиқаи ҳаёташро беҳуда сарф намекард. Ҷояш театр буду касе, ки ба суроғаш меомад, дар театр ӯро меёфт. Шоир Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ нақл мекунад, ки бо ин ҳунарманди беназир солҳои сол ҳамкории эҷодӣ дошт.

 

- Кадом вақте ки ӯро суроғ мекардам, дар саҳна ё ягон утоқ ва ё таҳхонаи театр меёфтам, ки тори қафқозии дар дасту оҳанги наве эҷод мекард. Қиматшоҳ Шоискандаров оҳангсози худодод буд. Ӯро Парвардигор маҳз барои оҳангу навозандагӣ офарид. Қиматшоҳ ҷони театри шаҳри Хоруғ буд. Афсӯс, ки умри чунин истеъдодҳо кӯтоҳ аст. Чун шарора дурахшиду хомӯш гашт, бо афсӯс мегӯяд устод Ҳайдаршоҳ.

Устод Ҳайдаршоҳ худро хушбахт меҳисобад, ки бо ин ромишгари мумтоз ҳамкорӣ дошт ва аз ин шиносоӣ шеърҳояш «Моҳи Шуғнонам», «Гул бар сари рӯйи ту», «Ҷилваҳои Дарвоз», «Духтари зебо гузашт» оҳангҳои марғуб гирифта, бо овози форами Майсара Дилдорова ва Султонмаҳмуд Абдумамадов солиёни зиёд ба мухлисони шеъру суруд рӯҳу мадори тоза бахшидаанд.

 

- Агар ба Қиматшоҳ матни шеър ё суруд маъқул мешуд, дарҳол торро гирифта, ҳамон замон аз пайи эҷоди оҳангаш мешуд. Хоҳ дар хона хоҳ дар сафар ва ё хоҳ бевақтии шаб бошад ҳам, садои тори қафқозияш баланд буд. Оҳанги суруди «Ҷилваҳои Дарвоз»-ро ҳанго-ми сафари ҳунарӣ дар роҳи Қӯрғонтеппа – Куйбишев эҷод кард ва ман онро дар консерти навбатӣ иҷро кардам, - мегӯяд Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Майсара Дилдорова.

Ҷашни 50-солагии таъсисёбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пеш буд. Қиматшоҳ то ин ҷашни фархунда боз як силсила оҳангҳои нав эҷод намуд. Инҳо: «Боз биё» (шеъри Т.Пӯлодӣ), «Дунё ғанимат аст» ва «Эй гул» (шеърҳои Гулрухсор) ва суруди ҷашнӣ бахшида ба 50-солагии Бадахшон – «Табрик» (шеъри Н. Ҳамроҳ) ҳамаашон бо овози фора-ми Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева садо доданд ва имрӯзҳо низ ҳар замон тариқи радио шунавонида мешаванд.

 

Қиматшоҳ Шоискандаров диапазони овозҳои сарояндагонро ба инобат гирифта, вобаста ба он оҳанг эҷод мекард. Албатта, бештари сурудҳояшро Майсара Дилдорова иҷро мекард, аммо дигар овозхонҳо ҳам бо оҳангҳои нотакрораш борҳо овоз хондаанд. Масалан, ӯ барои артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Сафарбегим Тошхӯҷаева махсус оҳангҳоро бар матни: «Хушрӯз модарам» ва «Эй гул», «Дунё ғанимат аст» (шеърҳо аз Гулрухсор), «Боз биё» (шеъри Т. Пӯлодӣ), «Табрик» (шеъри Н.Ҳамроҳ), «Дӯстонро гум макун» (шеъри М. Турсунзода) ва ғайраро офарид, ки танҳо хоси овози Сафарбегим буданд. Вале ин маънои онро надорад, ки аз оҳангҳояш танҳо ду сароянда – Майсара Дилдорова ва Сафарбегим Тошхӯҷаева сурудҳо хондаанду халос. Баръакс, талабгорони оҳангҳои нави Шоискандаров хеле зиёд буданд, вале ӯ вобаста ба овози ин ё он сароянда оҳанг эҷод мекард ё оҳанги навро хоси фалонӣ сароянда гуфта, пешниҳод менамуд. Масалан, аз оҳангҳояш Султонмаҳмуд Абдумамадов – «Духтари зебо гузашт» (шеъри М.Ҳайдаршоҳ), «Суруди ҷавонӣ» (шеъри М.Қаноат)-ро Улфатмоҳ Мамадамбарова, «Душанбе» (шеъри Ғ.Сафарзода) Шер Пӯлодов, «Дӯст медорам туро» шеъри (шеъри Гулрухсор) Нуқра Раҳматова, «Дунёи ҷавонӣ» (шеъри М.Қаноат) Убайд Соҳибназаров ва дигарҳо бо маҳорати баланд ва хеле форам иҷро карданд.

 

Умуман, оҳангҳои Қиматшоҳ Шоискандаров ба овози бештари сарояндагон мувофиқ буд, аммо аз серталабияш ӯ сарояндагонро интихоб мекард, на сарояндагон оҳангҳои ӯро.

Дар ҷашни нимасраи Бадахшон хеле сертараддуд буд ва бисёр мехост, ки ин ҷашн дар сатҳи баланд доир гардад. Ва шояд оҳанги машҳураш – «Сезарб» маҳсули ҳамон солҳо бошад. Зеро ин оҳанг аз се қисмат иборат буда, оғозаш даъватӣ, мутантан ва ниҳоят қисма-ти саввумаш тарабангезу рақсист.

Қиматшоҳ Шоискандаров танҳо ба эҷоди суруду таронаҳо қаноат накарда, дар театр бо таҳиягарони шинохта Қадамшоҳ Халилов, Мирзо Мамадазизов, Маъруфшоҳ Мазҳабшоев ва дигарон ҳамкорӣ карда, ба спектаклҳои «Ақида», «Тӯй», «Шермардҳо», «Шарори дилро бубахш», «Фарҳод дар Норак», «Ҷон модаракам», «Се хушдор», консерт-спектаклҳои «Тавофути роҳ», «Зиндаи ҷовид», «Ленин, Партия, Октябр» ва ғайраро оҳангҳои муносиб ва фо-рам эҷод намудааст.

 

Соли 1975 ҳангоми ҷашнгирии 50-солагии ВМКБ барои хизматҳои беандоза дар инкишофи санъати мусиқии касбии тоҷик оҳангсоз-мелодисти Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ Қиматшоҳ Шоискандаров бо унвони Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷики-стон қадр гардид.1 Қиматшоҳ аз ин қадрдонии Ҳукумати РСС Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба мухлисони созу наво суруду оҳангҳои нав пешкаш менамуд.

 

Аввалҳои зимистони соли 1978 дар Бадахшон барфи сахте борид. Ва, ин барфи ногаҳонӣ таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ кашид. Бештари сокинони вилоят ҳанӯз ҳезум ва ангишт нагирифта буданд. Ходимони театр пеш аз оғози хунукиҳои зимистон бо ангишт таъмин шуданд. Қиматшоҳ аз серкорӣ фурсат намеёфт, ки халтаҳои ангиштро ба қишлоқи Бидиз, ба хонааш барад. Охир ҳафт нафар фарзандонаш бо ҳамсари меҳрубонаш Арамбегим доимо интизори ӯянд. Вай бошад аз серкорӣ дер-дер ба зодгоҳаш мерафт. Ин ҳафта дар тараддуди хонаравӣ буд, аммо мошин намеёфт, ки халтаҳои ангиштро низ ҳамроҳаш барад, то Наргису Сайёраи кӯчак дар зимистон хунук нахӯранд.

 

- Ин навбат ҳам мошини зормонда ёфт нашуд, - аз дил гузаронд вай. Хайр ҳафтаи оянда ҳатман мошин ёфта меравам.

 

Дар хона писаронаш Булбулшоҳ, Сармаст, Сафо, Мутрибшо бо чашми чор падарашонро интизор буданд. Афсӯс, ки падар ин дафъа марги худро савғо овард.

Қиматшоҳ Шоискандаров 1-уми феврали соли 1978 дар синни 37 солагӣ ногаҳон вафот намуд. Ҷасадашро ба зодгоҳаш Бидизи ноҳияи Шуғнон (ҳоло Роштқалъа) назди фарзандони ҳанӯз наврасу кӯчаки ӯ оварданд. Андак баъдтар мошини боркаш халтаҳои ангиштро дар назди хонааш фуровард…

 

Тори қафқозии Қиматшоҳ, ки танҳо 12 - сол садо дод, зиёда аз 200 оҳанги марғуб эҷод намуд, хомӯш монд. Хабари марги нобаҳангоми вай дар як лаҳза дар ҷумҳурӣ паҳн гардид. Шоира Ҳадиса, ки бо Қиматшоҳ Шоискандаров ҳамкорӣ дошт, дар рӯзи фавташ навишта буд:

 

Агар донам зи дунё реҳлататро,

Туро дар барги гул мепарваридам.

Чӣ дарде буд мечидам ба мижгон,

Ба ҷон ҷони азизат мехаридам…

 

Қиматшоҳ Шоискандаров дар умри кӯтоҳи хеш тавонист бо оҳангҳои баландаш ба хази-наи тиллоии мусиқии тоҷик роҳ ёфта, номашро ҷовидон гардонад. Чунин истеъдодҳо-нобиғаҳои ҳунар умри дароз намебинанд. Ба фармудаи Муҳаммад Иқбол:

 

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Валекин гул чун ҷавон гардад, бимирад.

 

Ҳамдиёронаш барои пос доштани хотирааш мактаби мусиқии ноҳияи Роштқалъаро ба номи Қиматшоҳ Шоискандаров гузоштанд. Сулолаи санъатварии Шоискандаровҳо бошад то имрӯз давом дорад. Писари калониаш Булбулшо мудири клуб ва директори мактаби му-сиқии ноҳия, Мутрибшо овозхони маъруфи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаров, Ширингулу Наргис низ дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия кор мекунанд ва ҳарду овози форам доранду дар ҷашну маҳфилҳо аз оҳангҳои эҷодкардаи падар месароянд. Писари Булбулшо – Қиматшо, ки номи бобояшро мерос гирифтааст, имсол мактаби миёнаро хатм намуд. Вай низ мисли бобояш дар ҷодаи санъат гомҳои нахустин мегузорад. Набераи дигараш Нозанин дар мактаби миёна таҳсил мекунад ва ниҳоят овози форам дорад.

30 сол боз Қиматшоҳ бо мо нест, вале суруду таронаҳои дилангезаш қариб, ки ҳар рӯз ба мо рӯҳу ғизои маънавӣ мебахшад. Имрӯз зарур аст, ки оҳангҳои нотакрори Қиматшоҳ Шоис-кандаровро гирд оварда, ба нота дарорем, то наслҳои минбаъда низ аз шунидани онҳо ҳало-ват баранд. Зеро бо мурури солҳо ҳам оҳанг ва ҳам муаллифи оҳанг фаромӯш гардида, дар консертҳо чун оҳанги халқӣ муаррифӣ мешаванд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон таҳиягар, ҳофиз ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Мирзоватан Миров дар яке аз мақолаҳояш навишта буд:

«… Ба ақидаи банда, бояд нисбат ба суруду мусиқии эҷодкардаи санъаткороне, ки аз байни халқ баромадаанд, бепарво набошем. Оҳангсози мардумӣ зиндаёд Қиматшоҳ Шоис-кандаровро ба хотир биёрем. Чӣ оҳангҳои дилошӯбе офаридаанд он кас. Вале, афсӯс, то ҳол оҳангҳои ӯ гирд оварда нашудаанд ва боиси таҳқиқ қарор нагирифтаанд…»

Шоир шинохта Абдулло Қодирии Мумтоз бо ин оҳангсози ҷавонмарг шиносоӣ ва дӯстӣ дошт. Ва, шеъри «Боқист»-ро ба ёди Қиматшоҳ Шоискандаров бахшидааст:

 

Фасли гул рафта агар, сайри гулистон боқист,

Ёди аз ноз чаман рафтани ҷонон боқист.

Субҳи ишрат дамад аз хандаи гулҳои чаман,

Баҳра бардор, ки бӯйи гулу райҳон боқист!

Мутрибон, замзамаи савти нав оғоз кунед,

Ки ба оҳанги Шумо ҷилваи хубон боқист!

Пой фарсуд маро ранҷи раҳи васли рухаш,

Ки ҳанӯзам зи висолаш ба дил армон боқист.

Булбул андар ғами гул навҳакунон рӯзе гуфт:

«Ошиқонро нафасе суҳбати ёрон боқист».

Дар паси пардаи ҷон чист, надонам, Мумтоз,

Нақши абрӯи яке лӯъбати хандон боқист.

 

Яке аз шогирдони бовафо ва давомдиҳандаи роҳи нотамоми Қ.Шоискандаров оҳангсози Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ Мавлодод Бахтиёров ба суруди «Боқист» оҳанги таъсирбахш эҷод намуд, ки онро Майсара Дилдорова бо ғаму аламҳои зиёд месарояд. Ҳар гоҳе ки ин сурудро аз овози Майсара шунавем, беихтиёр симои Қиматшоҳ пеши назар ҷилва-гар мешавад. Дар асл «ҳанӯзам зи висолаш ба дил армон боқист» ва боқӣ мемонад.

Тиллои НЕКҚАДАМ

(Рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»,

5 декабри соли 2013, № 49 (1708)

 

барчасп: