Аввалин пайғоми сулҳ
Чоп шуд: 25/06/2019«Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти мамлакатамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ин матлаб иқтибос аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Гуфтанд, мегӯем ва хоҳанд гуфт, ки нақши Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон барҷаста аст ва он дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарин сабт шуда, пас аз садсолаҳо низ ин хизмати Сарвари давлат эътирофу қадршиносӣ меёбад