Илми китобдории тоҷик талафоти бузург дод. 3 июни соли равон қалби беолоиш ва пур аз меҳру муҳаббати донишманди риштаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ ва педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики байналмилалии иттилоотсозии СММ, собиқ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Сафар Сулаймонӣ аз тапиш боз монд.
Сафар Сулаймонӣ дар тўли умри кўтоҳ вале бобаракати хеш дар рушду нумуи илмҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва фарҳангшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Бо қалами ў беш аз 650 китобу рисола ва мақолаҳои пурарзиш тааллуқ доранд. Китобҳои таълифнамудаи Сафар Сулаймонӣ «Аз таърихи китобдории тоҷик», «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ», «Китобхонашиносии умумӣ», «Китобхонашиносӣ», «Таърих, тамоюл ва рушди китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва иттилоотрасонӣ», «Китобхонаҳои электронӣ», «Фарҳанги китобдорӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Педагогикаи фарҳанг», «Педагогикаи фароғат», «Тамаддун» (дар 4 китоб бо ҳаммуаллифии Т. Атахонов) ва дигар асарҳои ў қиммати баланди илмиву услубӣ дошта, аз ҷониби донишҷуёну омўзгорон ва муҳаққиқону мутахассисони соҳа мавриди истифода қарор мегиранд.
Сафар Сулаймонӣ соли 1984 доир ба мавзўъи «Хадамоти китобдорӣ ба аҳолии ноҳияҳои баландкўҳи Иттиҳоди Шўравӣ: масоили созмондиҳӣ дар мисоли ҶШС Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва тавассути ин таҳқиқот олим тавонист, ки ба бештари масоили назарӣ ва амалии илми китобдории тоҷик равшанӣ андозад.
Солҳои 1986-1995 давраи пурбортарини фаъолияти илмию пажўҳишии Сафар Сулаймонӣ мебошад. Дар ин солҳо таваҷҷуҳи ўро бештар омўзишу таҳқиқи масоили китобдории ҷаҳони сеюми кишварҳои Шарқ ба худ ҷалб кард ва ҷойгоҳи муҳимро дар пажўҳишҳои ў масоили назарӣ ва амалии китобдории Афғонистон ва Ирон ишғол намуд. Соли 1987 аввалин монографияи ў «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» ба табъ расид. Соли 1989 монографияи дигари Сафар Сулаймонӣ зери унвони «Китобдории ҷаҳони савуми Шарқ» ба табъ расид. Рисолаи навбатии ў «Дирўз ва имрўзи китобдории Ирон» яке аз аввалин таҳқиқи доманадор дар ҷодаи китобдории мамолики хориҷа ҳисоб ёфта, бори нахуст дар он масоили умуминазарӣ ва методологии улуми китобдорӣ дар тамаддуни иронӣ ва Ирони муосир таҳқиқ шудааст. Рисолаи номбурда ва чанде таҳқиқоти дигари олим барои асоснок кардани масоили назариву методологии таърихи китобдории Ирон заминаи устувор гузошта, ба ў имконият доданд, ки 12 сентябри соли 1995 дар Шўрои илмии Академияи давлатии фарҳанги Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рисолаи докториро дар мавзўи: «Дирўз ва имрўзи китобдорони Ирон» дифоъ намояд.
Сафар Сулаймонӣ солҳои 1999-2005 ба ҳайси директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ифои вазифа намуда, дар рушди фаъолияти пажўҳишгоҳ саҳми назаррас гузоштааст. Бо ибтикори ў бори нахуст маҷаллаҳои «Анис» ва «Паёмномаи фарҳанг» интишор ёфтанд ва теъдоди зиёди маводи илмиву таълимӣ ба табъ расиданд.
Саҳми профессор Сафар Сулаймонӣ дар тарбияи кадрҳои китобдорӣ, фарҳангшиносӣ ва педагогика низ назаррас мебошад. Гурўҳе аз шогирдони шодравон рисолаҳои номзадии худро дифоъ карда, соҳиби унвонҳо ва дараҷаҳои илмии номзад, доктори илм, дотсент ва профессор мебошанд.
Ёди ин марди накўном ва донишманду хирадманд, ҳамеша дар қалби ҳамкорону шогирдон ва ҳаводорони илму фарҳанг боқӣ хоҳад монд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накўном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Шариф Комилзода,
директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон