Нашриёти “Авасто”

«Авасто», дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нашриёти хусусист, ки моҳи июли соли 1992 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз ҷониби шаҳрванд Ориёфар Толиб Сангинзода таъсис гардидааст. Мақоми марказии он аз соли 1994 (баъди дар Ва­­зо­ра­ти фарҳанги Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудани оин­но­маи А.) дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
     «Авасто» баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳу­рии То­ҷи­кистон вазифаи пуриқ­ти­дортарин нашриёти Иттиҳоди Шўравӣ «Политиздат»-ро иҷро мекунад ва дар инъи­ко­си мукаммал ва воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии То­ҷи­кис­тони соҳиб­ис­тиқ­лол собитқадам буда, аз пайи таблиғи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳу­рии Тоҷикистон мебошад. «Авасто» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ адабиёти сиёсӣ, ҳу­қу­қӣ, бадеӣ, таълимӣ ва илмӣ-оммавиро нашр мекунад.
     Номгўи як қатор китобҳои наш­­риё­ти «Авасто», ки ба инъикоси сиёсати давлат бахшида шудаанд: «Эмомалӣ Раҳмонов: Ман ба шумо сулҳ меоварам!»; «Эмомалӣ Раҳмонов: Ҷиноятро бояд решакан кунем»; «Эмомалӣ Раҳмонов – таъминкунандаи сулҳу ваҳдат ва дўстию рафоқати мар­думи Тоҷикистон» (бо забони тоҷикӣ); «Эмомалӣ Раҳмонов: Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ); «Внешняя политика Президента Рахмонова» («Сиёсати хориҷии Президент Раҳмонов»); «Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в двустороннем формате» («Муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»); «Таджи­кис­тан – надёжный партнёр в международных отношениях» («Тоҷикистон – шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ»); «Политика открытых две­рей» («Сиёсати дарҳои боз»); «Внешняя политика Таджикистана в условиях глобализа­ции» («Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити ҳамгироӣ»); «Таджикистан на пороге тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене» («Тоҷикистон дар остонаи ҳазорсолаҳо: Татбиқи амалии манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ»); «Внешняя политика Республики Таджикистан на совре­мен­ном этапе» («Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир») (бо забони русӣ); «Келишув сари йўл. Эмомали Раҳмон – инсон ва сиёсий арбоб» («Роҳи ваҳдат. Эмо­ма­лӣ Раҳмон – инсон ва арбоби сиёсӣ», бо забони ўзбекӣ).
     Номгўи як қатор китобҳои таълимӣ ва илмӣ-оммавии нашриёт «Авасто» «Дастур оид ба маъ­­рифати ҳуқуқии занон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ); «Дастури таълимии таҷрибаомўзии сайёҳӣ»; «Маҷмўи қонунҳои кон­сти­тут­сионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ»; «Академик Ниёзмуҳам­ма­дов Бобоҷон Ниё­зо­вич»; «Жанрҳои журналистикаи телевизион»; «Лаҳзаҳои зиндагӣ»; «Нишоне аз пайроҳаи умр»; «Ҳикмати авлиё»; «Офаришини охирин».

барчасп: