Силсилаи ёдгориҳои роҳи абрешим барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО омода мешаванд

Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла  номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори сайёра ба масъалаи ҳифзи мероси фарҳанги моддию ғайримоддӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, кишварҳо талош бар он доранд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро дар Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ сабт намоянд. Дар ин самт созмони ЮНЕСКО, ташкилотҳои категорияи дуюми он, институтҳои байналмилалии илмӣ ва дафтарҳои минтақавии ЮНЕСКО бо баргузор кардани семинару тренингҳо ва ҷаласаҳои ҳамкорӣ ба мутахассисон машваратҳо медиҳанд ва донишу малакаи онҳоро тақвият мебахшанд.

Дар санаи 26-28 июни соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Семинари суб-минтақавӣ оид ба коркарди стратегия ва идораи ёдгориҳои Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Зевар Давлатзода-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари гурўҳ), Абдуллоев Абдулло-котиби сеюми Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазораи корҳои хориҷии ҶТ, Раҳимов Набиҷон-мудири кафедраи бостоншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Дилшод Раҳимӣ – муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот намояндагӣ мекарданд.

Дар семинар ҳайатҳо аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ширкат варзида, инчунин Роланд Лин –мутахассиси барномасоз аз Маркази мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, Казуя Ямаучи – профессори Институти илмӣ-тадқиқотии арзишҳои фарҳангии Донишгоҳи Тейкёи Ҷопон, Тим Уилямс –  профессори коллеҷи назди Донишгоҳи Лондон, Ҷӣ Хе – профессори Институти дизайни рақамии Донишгоҳи Тянсзиняи Чин, Тим Винтер - устоди Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Созмондиҳандаи семинар Бюрои минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато буда, ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳияи стратегия ва идораи ёдгориҳои Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар бахшҳои семинар вазъи омодасозии ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла  номинатсияи “Роҳи абрешим: гузаргоҳи минтақавии Фарғона-Сирдарё», ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон пешниҳод хоҳад шуд ва номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷакент – Самарқанд – Пойканд”, ки марбут ба ёдгориҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошад, мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Бояд таъкид кард, ки ба номинатсияи гузаргоҳи Фарғона-Сирдарё 6 ёдгории воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон: Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобои шаҳри Хуҷанд, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара ва мадрасаи Абдулатиф Султони шаҳри Истаравшан шомил мебошанд.

Номинатсияи “Гузаргоҳи Зарафшон: Панҷекат – Самарқанд – Пойканд” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки бостонии Панҷакентро дар бар мегирад. Иҷрои лоиҳаи ин номинатсияро Институти байналмиллалии таҳқиқотҳои Осиёи Марказӣ – ИБТОМ (МИЦАИ) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Тоҷикистону Ўзбекистон ба уҳда дошта, қарор аст, дар соли 2022 онро ба дафтари ЮНЕСКО ҷиҳати сабт пешниҳод намояд.

Бояд қайд намуд, ки то ба имрўз аз ёдгориҳои фарҳангӣ ва табиии кишвар шаҳри бостонии Саразм (с. 2010) ва «Боғи Миллӣ» (Кўҳҳои Помир, с. 2013) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО ворид шудаанд.

 

Дилшод Раҳимӣ