Сарчашмаи муътамади иттилоотиву таърихӣ доир ба фарҳанги ғайримоддӣ
Чоп шуд: 10/07/2019(Тақриз ба китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» / Мураттиб Д. Раҳимов: Муҳаррир Ш. Комилзода.–Душанбе: Эр-граф, 2017 .–280 с.)
Назар афкандан ба саҳфаҳои таърихи башар барои насли имрўз кофист, ки ба соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик имон биоварад. Ниёгони тамаддунофари мо бо осори бузургпояву гаронмояи хеш дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик дар дарозои таърих санъату ҳунар, расму маросим ва ҷашну анъанаҳоеро ба вуҷуд оварда ба шакл даровардааст, ки фалсафаи зиндагии шоистаро дар худ нуҳуфта медоранд. Мероси гаронбаҳои фарҳангие, ки аз ниёгони хеш ба ёдгор дорем, бидуни шак, боиси ифтихору сарафрозии мо ворисон дар замони муосир аст.