Дар иртибот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ҳамчунин «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» рўзҳои 6-10-уми июли соли 2019 бо ташаббуси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар урдугоҳи кўҳнавардии Артуч конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конфронсро ректори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Қудратзода Муаззамхон Ансорӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия муввафақиятҳо хост. Инчунин, академик Акбар Турсон, муовини директори Иттиҳоди Аврупо Михаил Василевич Феодров, директори Маркази дастхатҳои Институти шарқшиносии шаҳри Тошканд Файз Маҳмуд ва дигар меҳмонон аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тирмизи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуданд.
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотро мудири шуъбаи илмӣ-методӣ, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов намояндагӣ кард. Қобили зикр аст, ки Абдуфаттоҳ Аминов рўзи дуввуми Анҷуман дар бахши солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (2019-2021) дар мавзўи «Истифодаи воситаҳои инноватсионӣ дар касбу ҳунарҳои мардона» гузориш дод.
Лозим ба ёдоварист, ки анҷуман аз рўи бахшҳои зерин баргузор мегардад:
- Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон.
- Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» ва муаммоҳои экологии кишвар, минтақа ва ҷаҳон.
- Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир: ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳон.
- Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир.
- Саразми бостонӣ ва масоили мубрами бостоншиносии Осиёи Миёна.
- Фарҳанг ва исломи ирфонӣ бар зидди тундгароии динӣ ва терроризм.
- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (2019-2021).
- Намоиш-озмуни ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои ҷавонон дар соҳаи илм, санъат, фарҳанг дар доираи Озмуни байналмилалии «Роҳи бузурги абрешим».
Дар ҷараёни анҷуман ташриф ба шаҳраки Саразм, Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, мақбараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, хона-музейи Лоиқ Шералӣ ва Осорхонаи шаҳри Панҷакент пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар барномаи конфронс дарси маҳорат, озмуни таомҳои миллӣ, лагери тобистонаи бостоншиносони ҷавон, озмуни «Оши палав» ва шоми дўстӣ, саёҳат ба кўли Чуқурак ва кўли Калон пешбинӣ шудааст.
Зафар Холмуродов
мудири бахши фарҳанги ғайримодии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон.