ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ НИГОҲИ НИЁГОН
Чоп шуд: 17/07/2019Маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадим на саҳрогарду кучманчӣ, балки шаҳрдору деҳнишин буда, аз одобу фарҳанги шаҳрдорию деҳдорӣ ва қавмдорию ҳамсоядорӣ хуб бархўрдор гаштааст. Албатта, дар касби маърифати фарҳанги шаҳрдорию қавмдорӣ, ба хусус фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ саҳми ниёгони андешамандонамон зиёд аст. Онҳо ин мавзўъро дар осори худ матраҳ карда, орову афкори худро ҷиҳати беҳбудии ҳаёт ва риояи қонунҳои зиндагии иҷтимоии одамон, аз ҷумла ҳамсоядорӣ баён доштаанд