Сарчашмаи муътамади иттилоотиву таърихӣ доир ба фарҳанги ғайримоддӣ

Назар афкандан ба саҳфаҳои таърихи башар барои насли имрўз кофист, ки ба соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик имон биоварад. Ниёгони тамаддунофари мо бо осори бузургпояву гаронмояи хеш дар густариши тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Гузашта аз ин, миллати тоҷик дар дарозои таърих санъату ҳунар, расму маросим ва ҷашну анъанаҳоеро ба вуҷуд оварда ба шакл даровардааст, ки фалсафаи зиндагии шоистаро дар худ нуҳуфта медоранд. Мероси гаронбаҳои фарҳангие, ки аз ниёгони хеш ба ёдгор дорем, бидуни шак, боиси ифтихору сарафрозии мо ворисон дар замони муосир аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳанўз 21 марти соли 2001 ҳини суханронии хеш дар мулоқот бо зиёиёни кишвар чунин зикр карда буданд: «Фарҳанг, ба назари ман оинаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ акс меёбад. Ва ин мизони дақиқу беминнат сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зеҳнии ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърих инъикос карда, саҳми ҳар халқу миллатро дар рушди тамаддуни башарӣ муайян менамояд. Воқеан, дар арзишҳои моддиву маънавии эҷодшуда дараҷаи тафаккури сиёсиву иҷтимоӣ, дастовардҳои иқтисодӣ, илмиву фалсафӣ ва завқи зебоиписандии миллат инъикос мегардад. Фарҳанг пайвандгари наслҳо буда, ҳофизаи таърихии миллатро устувор медорад, фарзандони ўро ба сўйи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башарӣ ҳидоят менамояд».

Ба хотири ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангӣ ва муаррифии давлату миллати тоҷик ба ҷаҳониён, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, дар радифи дигар ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи баланд бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мешаванд, тибқи қатъномаи махсуси СММ (соли 2010) мақоми байналмилалӣ касб кардани ҷашни Наврўз, эҳёи ҷашнҳои бостонии Меҳргон ва Сада, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар кишвар башорат аз таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун, махсусан ба мероси фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик аст. Аз ин лиҳоз ҳифзу гиромидошти мероси пурғановати фарҳангӣ ва дигар арзишҳои миллӣ барои насли имрўзу фардо ҳам қарз асту ҳам фарз.

Бо дарки ин нукта, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ тасмим гирифтааст, шаклҳои гуногуни мероси фарҳангии миллати тоҷикро мавриди пажўҳиш қарор дода, натиҷаи онро дар шакли силсилакитобҳо ба чоп расонад. Бо чунин иқдоми наҷиб, метавон ҳам дар ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангии халқи тоҷик саҳм ва ҳам дар муаррифии он ба ҷаҳониён нақши гузошт.

   Чун дигар китобҳое, ки олимону пажўҳишгарони ПИТФИ ба нашр расонидаанд, китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» дорои қимати баланди иттилоотиву таърихист. Китоб аз ду сарсухан, як муқаддима ва ҳафт бахш: анъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷроӣ, ҷашну маросимҳои анъанавӣ, донишҳои суннатӣ ва таҷрибаҳои иҷтимоӣ, касбу ҳунарҳои анъанавӣ, хўрокҳои суннатӣ, варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона иборат аст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода дар сарсухани хеш перомуни фарҳанг ва нақши он дар муаррифии симои маънавии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, муттаҳидсозии неруҳои ақлонӣ, пайвастани таърихи гузаштаву муосир, эҳёву ҳифзи анъана, ҷашну маросим ва дигар суннатҳову арзишҳои миллӣ ҳарф зада, таъкид менамояд, ки ба хотири рушду густариши ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беш аз пеш зоҳир менамояд.

Бешубҳа, бо амри Пешвои миллат зълон шудани 20-уми март – Рўзи фарҳанг, 12-уми май – Рўзи мусиқии касбии суннатии «Шашмақом» ва 10-уми октябр Рўзи мусиқии фолклории «Фалак» нишони арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва ба д-ин васила саҳм гузоштан дар рушду густариши ҳамаҷонибаи он аст.

Шамсиддин Орумбекзода дар интиҳои калом дар бораи баргузории фестивалу озмунҳо, намоишҳои марбут ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (IСНСАР) ибрози назар намуда, чопи нахустшумораи силсилакитоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»-ро натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ медонад.

Директори генералии Маркази байналмилалии иттилоотӣ ва шабакавӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти назорати ЮНЕСКО Каон Ҳуҳ бошад, лоиҳаи «Интишори китоби мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва ҷомеа дар Тоҷикистон»-ро хамчун қисми дувуми лоиҳаи сесолаи «Баланд бардоштани огоҳӣ оид ба МФҒ дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, бар он аст, ки: «Ин китоб ҳамчун як сарчашмаи муҳим доир ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон зътироф шуда, аз он на танҳо пажўҳишгарону омўзгорони Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ҳар шахсе, ки ба хифзу интиқоли мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон таваҷҷуҳ дорад, баҳравар хоҳад шуд».

Дилшод Раҳимов, муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки ҳамзамон мураттиб ва яке аз муаллифони ин китоб аст, дар муқаддима таҳти унвони «Мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» бо чашмандозе ба таърихи омўзишу пажўҳиши мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи ин мероси гаронбаҳо дар шароити имрўзаи кишвар ва саҳми Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳифзу таблиғ ва таҳқиқи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ ибрози назар намуда, зикр мекунад, ки: «Китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» яке аз натиҷаҳои тахқиқоти пайдарпайи олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарханг ва иттилоот ва чанд тан аз муҳаққиқони муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар мебошад, ки дар асоси маводи бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии Пажўҳишгоҳ, адабиёти чопшуда ва маводи тозаи экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносии бадастомада таълиф шудааст».

Тавре дар оғоз зикр кардем, китоби мавриди назар аз ҳафт бахш иборат аст. Бахши якуми он «Анъанаҳои шифоҳӣ» унвон дорад ва мақолаҳои «Алла», «Афсона», «Латифа», «Чистон», «Тезгўяк», «Зарбулмасал», «Ҳамосаи қаҳрамонии «Гурғулӣ», «Рубоӣ», «Нақш ва нақшхонӣ» ва «Сурудҳои халқӣ»-ро фаро гирифтааст.Муаллифон дар мақолаҳои хеш талош варзидаанд, ки ҳар як анъанаи шифоҳиро мавриди баррасӣ қарор дода, нақш ва аҳамияти онҳоро дар зиндагии инсон нишон диҳанд.

«Алла» яке аз жанрҳои маъмули анъанаҳои шифоҳии халқи тоҷик аст, ки бо савту навои дилангезу гўшнавоз дар сари гахвораи кўдак аз ҷониби модар сароида мешавад. Суруди «Алла» бо садои ҷунбиши гаҳвора ҳамоҳанг аст, ки кўдак бо шунидани он меҳру муҳаббат ва навозишу отифати модарро дар ҷисму ҷони худ эҳсос карда, оромишу роҳат меёбад. Аз ин ҷост, ки аҳли қалам «Алла»-ро беҳтарину шевотарин суруди зиндагибахш қаламдод кардаанд. Равоншиносону пажўҳишгарон бар он андешаанд, ки «Алла» дар тарбияи равонии кўдак нақши муҳим мебозад.

Дар мақола зикр шудааст, ки суруди «Алла» аз матнҳои гуногуни манзум иборат буда, «дар таркиби он рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, ғазалгунаҳо низ ба назар мерасанд. Матни сурудҳои «Алла», одатан, аз ҷониби модарон эҷод шуда, баъзан аз тарафи модаркалон ва хоҳарон низ эҷод ва иҷро мегарданд. Матнхо бо мурури солҳо аз як шахс ба шахси дигар, аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, байни мардум паҳн мешаванд ва хусусияти фолклорӣ пайдо мекунанд». Дар фарҷоми мақола намунае аз матну оҳанги суруд оварда шудааст.

Мақолаи дигари бахши «Анъанаҳои шифоҳӣ «Афсона» унвон гирифтааст. Тавре  ҳамагон воқифем, афсона аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик маъмулу машҳур буд. Аҷдоди мо афсонаро мазҳари хаёлии расидан ба ормонҳои наҷиби хеш дармеёфт ва ба умеди рўзу рўзгори хушу фараҳбор дар лобалои афсонаҳои ширину рангин зиндагӣ мекард. Аз ин сабаб аст, ки афсона дар ягон давру замон мавқеи худро аз даст надодааст ва имрўз низ дар фолклори халқи тоҷик ҷойгохи хос дорад.

Дар мақола перомуни мазмуну мундариҷа ва навъу сохтори афсонаҳо сухан меравад. Муаллифон се гурўҳи афсонаҳо: тамсилӣ, сеҳромез ва маишӣ-реалиро номбар карда, ҳар кадоми онро бо овардани мисолҳои мушаххас шарҳу эзоҳ додаанд.

Дигар анъанаҳои шифоҳии ин бахш, ки дар оғоз зикрашон рафт, низ ба д-ин минвол дар мақолаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бахши дуюми китоб «Санъати иҷроӣ» унвон дорад ва аз се қисмат: Рақсҳои анъанавӣ, театри суннатӣ ва мусиқии мардумӣ иборат аст.

Дар қисмати аввал, ки «Рақсҳои анъанавӣ» ном дорад, 16 намуди рақси анъанавии тоҷикӣ дар мақолаҳои алоҳида тавсиф шудаанд. Дар мақолаҳо, асосан, дар бораи мазмуни рақсҳо, дар кадом рақс чӣ гуна сару либос ба бар кардан, дар хавои оҳангҳои гуногун чӣ гуна дасту по ва ё сар ҷунбонидан ва кадом рақсро дар кадом маврид иҷро кардан сухан меравад.

Мавриди зикр аст, ки аз 16 намуди рақси анъанавии зикршуда: арғушти масхарабозӣ, аспакбозӣ, рақс бо кўза, рақс бо ғижак, қошуқбозӣ, рақси остин, рақси рўймол, чўббозӣ, ҷум ҷаҳе, ҷум ҷакала ва калтакбозиро метавон ном гирифт, ки имрўз низ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз сўйи мардум дар ҷашну сурҳо, базмҳо ва дигар маҳфилу нишастҳо ва аз ҷониби ҳунармандони касбӣ дар саҳнаи театрҳо, инчунин дар саҳнаи базмгоҳҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳангоми таҷлил кардани ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ бо савту шеваҳои гуногун иҷро карда мешаванд.

Номгўи дигари рақсҳо ба мисли пойамал, найбозӣ, арғушти ошпазӣ, юрмонбозӣ ва кордбозиро дар ҷашну сурҳо мардуми деҳу маҳалҳои алоҳидаи Тоҷикистон иҷро мекунанду бас.

Дар қисмати дуюми «Санъати иҷроӣ», ки «Театри суннатӣ» унвон дорад, ба драммаи халқӣ, дорбозӣ ва бобопирак ошноии бештар пайдо мекунем. Дар ин қисмат бамаврид зикр шудааст, ки «Театрҳои халқӣ то миёнаҳои асри 20 маъмул буданд ва баъдан бо ривоҷ ёфтани театри замонавии касбӣ, ба вуҷуд омадани намудҳои дигари санъат (кино, сирк, театри лухтак) ва воситаҳои пахши асарҳои бадеию ҳунарӣ, аз телевизион ва радио, театри суннатии мардумӣ рў ба инқироз овард».

Қисмати сеюми ин бахш «Мусиқии мардумӣ» унвон дорад, ки дар он навъу намудҳои «Созҳои мусиқии миллӣ», силсилаи суруду рақсҳои «Мавригӣ», мусиқии суннатии «Шашмақом», мусиқии суннатии шифоҳии «Фалак» ва мусиқии адабии халқии «Маддоҳӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ин миён перомуни «Шашмаком» ва «Фалак» метавон маълумоти бештаре пайдо намуд.

«Шашмақом», тавре аз номаш бар меояд, «аз шаш мақом: Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва «Ироқ» иборат аст. Ҳар мақом ба тарзи силсилавӣ ва низоми муайян мураттаб шуда, аз наволҳои гўшнавоз ва суруду таронаҳои дилангез таркиб ёфта, дорои қоидаҳои махсуси лаҳнию зарбӣ ва шаклбандии ба худ хос мебошад. Матни онҳо беҳтарин дурдонаҳои назми адабиёти классикии ҳазорсолаи халқамонро дар бар гирифтаанд».

Муаллифон дар мақолаи «Шашмақом» оид ба хидмати бузурги ниёгони тамаддунофарамон, шурўъ аз Борбаду Рўдакӣ то Сойибу Сайидо ва дигарон дар ривоҷу равнақи суруду тарона ва савту навои ин шоҳасари безаволи мусиқии суннатии тоҷик ҳарф зада, зикр мекунанд, ки ба хотири ҳифз ва барои насли имрўзу фардо ба ёдгор гузоштани мусиқии «Шашмақом» устодони барҷастаи санъати мақомхонӣ: Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов бо ибтикори устод Айнӣ ва дастгирии бевоситаи академик Бобоҷон Ғафуров, ки он замон роҳбари ҳукумати Тоҷикистон буд, ин шоҳасари мусиқии суннатиро ба нота дароварда, дар 5 ҷилд ба чоп расониданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ «бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рўз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рўзи Шашмақом» таҷлил мегардад».

Мавриди ифтихору сарафрозист, ки «соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд».

«Шашмақом» шоҳасари безаволи мусиқии суннатӣ, ки аз ниёгони тамаддунофарамон ба ёдгор мондааст, дар гузашта, имрўз ва оянда муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик ба ҷаҳониён буду ҳаст ва хоҳ.

Дар қисмати чоруми бахши «Санъати иҷроӣ» сухан дар бораи мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик «Фалак» меравад. Дар мақола зикр шудааст, ки фалаксароӣ дар миёни мардуми тоҷик, бавежа мардуми кўҳистон, аз қадимулайём маъмул буд. Мардум розу ниёзи хешро тавассути сурудҳои фалакӣ ба худованд мерасониданд. Матни сурудҳои фалакӣ аз рубоиву дубайтиҳои халқӣ интихоб мешуд ва аксари сурудҳоро фалаксароён бидуни истифода аз созҳои мусиқӣ иҷро мекарданд. Бо гузашти айём «Фалак» равнақу ривоҷ ёфт ва дар фалаксароӣ созҳои мусиқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. «Аз рўйи анъана «Фалак»-ро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд». Оид ба бахшҳои «Фалак» (созию овозӣ), навъҳои он (даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кўҳистонӣ, инчунин хусусиятҳои хоси фалак, донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ метавон аз ин мақола маълумоти бештаре ба даст овард.

Тавре муаллифон зикр мекунанд ва мо ҳамагон низ огоҳем, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун «Рўзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад».

Дар бахши сеюми китоб, ки «Ҷашну маросимҳои анъанавӣ» унвон дорад, оид ба ҷашну маросимҳои мавсимӣ ва тақвимӣ: Гулгардонӣ, Наврўз, Суманакпазӣ, Ашаглон, Иди Рамазон, Иди Қурбон, Ҷашни Меҳргон ва маросимҳои маишиву хонаводагӣ: Ҷашни арўсӣ, Гулбазм, Равғанрезон, Саломномахонӣ, Гаҳворабандон, Хатнасур, Оши наҳор, Маросимҳои азодорӣ метавон огоҳии бештаре пайдо кард. Муаллифон талош варзидаанд, ки бо истифода аз маъхазҳои муътамади илмӣ ҷашну маросимҳои анъанавиро таҳлил намуда, шарҳу эзоҳ диҳанд.

Дар бораи тақвимҳои анъанавии мардумӣ, гаштак, мўйбофӣ, чойхона, ҳашар, либосҳои миллии тоҷикӣ ва тибби халқӣ аз бахши чоруми китоб, ки «Донишҳои суннатӣ ва таҷрибаҳои иҷтимоӣ» унвон дорад, метавон маълумоти кофӣ пайдо кард.

Бахши панҷуми китоб «Касбу ҳунарҳои анъанавӣ» унвон дорад.  Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 гувоҳи мавриди таваҷҷуҳи беши Ҳукумати Тоҷикистон қарор доштани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, ҳамзамон нишони арҷ гузоштан ба ҳунару ҳунарманд ва мероси фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик аст. Номгўйи касбу ҳунарҳои анъанавӣ, ки мероси гаронбаҳои фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, зиёданд ва хушбахтона, имрўзҳо - дар даврони соҳибистиқлол, рў ба афзоиш доранд. Дар бахши «Касбу ҳунарҳои анъанавӣ»-и китоби мавриди назар 34 намуди ҳунарҳои мардумӣ номбар шуда, мавриди инъикос қарор гирифтаанд. Касбу ҳунарҳои анъанавии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, чакан, оҳангарӣ, заргарӣ, кордсозӣ, кандакорӣ, кулолӣ, сандуқсозӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ ва ғайраро метавон номбар кард, ки на танҳо манбаи даромаду рўзгузаронии ҳунармандони халқӣ ва таъмини рўзгори моддии мардум бо маҳсулоти ҳунармандӣ ба ҳисоб мераванд, балки муаррифгари мероси фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик ба ҷаҳониён низ мебошанд.

Дар мақолаи «Адрас ва атласбофӣ» перомуни тору пуди атласу адрас, усули бофтан, шакл, ранг, ороиши ин матоъҳо бо нақшу нигор ва либосҳои, аз ин матоъҳо дўхташуда, маълумоти муфассал метавон дарёфт. Муаллифони мақола зикр мекунанд, ки «ҳоло дар корхонаҳои абрешимбофии шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 30 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тўёна», «Муҳаббат» ва ғайра номгузорӣ шудаанд». Дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ низ ба ин минвол дар мақолаҳои ин бахш таҳлилу тавсиф шудаанд..

Дар бахши шашуми китоб перомуни, хўрокҳои суннатӣ: нон ва анвои он, хўрокҳои хамирӣ, таомҳои шириву гуштӣ, оши палав, анвои шурбо, нўшокиҳо ва шириниҳои анъанавӣ сухан меравад. Дар бораи таркиб, тарзи тайёр кардан, навъ ва хусусиятҳои ба худ хоси хўрокҳои суннатии зикршуда аз ин бахш метавон маълумот муфассал гирифт.

Бахши ҳафтум ё охирини китоб, ки «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона» ном гирифтааст, дар бораи 21 намуди варзиш ва бозиҳо: гўштингирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, бодбаракбозӣ, чилликбозӣ, донакбозӣ, «ана боғ», «бедона парид», гачабозӣ, кадудуздак, палабарак, ҷамбул-ҷамбул, чормағзбозӣ, рустшавакон, сангчиликбозӣ, лўхтакбозӣ, нардбозӣ, буҷулбозӣ, тухмбозӣ ва бандкашӣ, ҳикоят мекунад.

Пас аз мутолиаи китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба хулосае метавон расид, ки он натиҷаи ковишҳои илмии олимони ПИТФИ аст, ки қатъи назар аз баъзе камбудиҳои техникиву лафзӣ ва якрангии мақолаҳо қимати баланди илмиву таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Дар он фарҳанги гайримоддии миллати тоҷик, аз даврони бостон то имрўз, инъикос гардидааст. Расму тасвирҳое, ки  дар китоб истифода шадаанд, ба он шукуҳу фар бахшида, қиматашро дучанд намудаанд.

 Умуман китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» як навъ сарчашмаи муътамади иттилооту маълумот доир ба мероси фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик аст, ки дар ҳифзу густариши фарҳанги ғайримоддӣ ва муаррифии он ба ҳамдиёрону ҷаҳониён аз аҳамият холӣ нест.    

 

Давлатов Ф.