Дирӯз дар чойхонаи “Машрабия”-и меҳмонхонаи “Сирена Душанбе” бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, рассомон, меҳмонон аз Сафоратҳо ва созмонҳои хориҷии муқими Душанбе, хабарнигорони васоити ахбори дихиливу берунӣ намоиши наққошиҳои рассоми шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров ифтитоҳ шуд. Қарор аст ин намошгоҳ то 15-уми августи соли равон боқӣ бимонад ва дари он ба рӯйи ҳамаи алоқамандони фарҳанги волову дӯстдорони асарҳои наққошӣ боз аст.
Дунёи Зокир Собиров дунёест иборат аз рангҳову хатҳо, наққошиҳое, ки дар он ҳар ранг мафҳуми худро дорад ва барои дарки он боястӣ тафаккур кунӣ. Асарҳои ӯ як дунёи тафаккури басо зебост, ки ҳар касе дида ба офаридаҳои вай медӯзад, барои худ чизе пайдо мекунад. Дар ҳолест, ки наққошиҳои Зокир Собиров дар ду равияи хоси ӯ: Нурворизм ва Танворизм офарида шудаанд ва ин равия барои ҷаҳониён низ нав аст.
Наққошиҳои Зокир Собиров тасвири зебогиҳои ҳаёт, образҳои воқеъӣ ва бадеӣ, чеҳраҳои саршиноси милливу байналмилалӣ ва фарогири мавзуҳои ҳассоси таъриху фарҳанг ва тасвири лавҳаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад, ки дар қолаби танзими нур ва шакл додан ба матоъ тасвир шудаанд.
Осори Зокир Собиров дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ борҳо рӯнамоӣ шудаа ва сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо шудааст. Аз ҷумла, чанд сол пештар рассоми шинохта дар озмуни санъати тасвирӣ дар шаҳри Ню - Йорки ИМА дар равияи ПРАЛЛЕЛИЗМ (нурворизм) ширкат кард ва яке аз асарҳои вай бо номи “Бародари ман” соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” гашта буд.
Ду сол пеш Зокир Собиров ба дарёфти унвони фахрии Академики Академияи Рассомони Русия мушарраф шуд.
Равияи Нурворизм (параллелизм) - равияи нав дар наққошист. Дар шарҳи ин равия Зокир Собиров мегӯяд: “Нурворизм - ба маънои доштани хатҳои параллелӣ нест, балки он ба маънои аз фазо ва нурҳо иборат будан аст. Дунёи мо, ману Шумо ҳама аз фазо иборат аст. Ин нуқтаи назари ман ва нуқтаи назари нав дар фалсафаи ҷаҳонист. Ғайр аз ин, ман дар санъати тасвирӣ қолабшиканӣ кардам. Саҳнаҳои қафоро дар пеш ва пешро баръакс дар қафо тасвир кардам. Ҳарчанд қолабҳо шикаста шуданд, вале муҳит ва моҳияти он нигоҳ дошта шуд. Аз ин маълум мешавад, ки дар фазо ҳама чиз мувофиқ шуданаш мумкин аст. То ба ҳол касе на дар Тоҷикистон, на дар Осиёи Миёна ва ҳатто на дар ҷаҳон ин равияро намедонад. Ин ҷараёнро ман ба тоҷикӣ «нурворизм» ном ниҳодам. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ягон муаллиф дар танҳоӣ равияеро пешниҳод накардааст”.
Зокир Собиров мегӯяд ҳамин равияро тақвият хоҳад дод ва умедвор аст дар наздиктарин фурсат пайравони зиёде пайдо хоҳанд шуд, ки онро бо роҳу шеваҳои худ густариш медиҳад.