Дар нимаи дувуми қарни 20-ум дар суннати фалаксароӣ як таҳаввулоти беандоза нодир рух дод. Ба олами фалаксароӣ бонуи хеле ҳунарманду хушовоз ва шахсияти тавоно - Гулчеҳра Содиқова ворид гардид. То ин замон на дар мақомхонӣ ва на дар ҳунари фалаксароӣ занон кӯшиш намекарданд. Бо амри тақдир, дар равиши пурэъҷози рушди мусиқии миллӣ дар мақомсароӣ Барно Исҳоқова ва дар фалакхонӣ Гулчеҳра Содиқова бо як олами нав, назокати дилангез ва нолаҳои ҷонсӯз арзи ҳастӣ намуданд. Воқеан, Гулчеҳра Содиқова баъдан дар тамоми олам ҳамчун олиҳаи мусиқии суннатии Шарқ шинохта шуд ва ҳунарнамоии ӯро дар Фаронсаву Олмон, Швейтсарияву Норвегия ҳафтаҳо мардуми мусиқидӯст гӯш андохтанд. Бояд зикр намуд, ки маҳз сафарҳои Гулчеҳраву Давлатманд, Одина Ҳошим, Соҳиба Давлатшоева ва дигар ҳунармандони тоҷик дар охири солҳои 90-ум ба оламиён симои аслии фарҳанги мусиқии тоҷикиро ошкор намуданд ва мутахассисони олам ба суннатҳои мусиқии мо таваҷҷуҳи хеле бештаре зоҳир намуданд.
Эҳё ва комилан дастраси мардум намудани мероси ғании фарҳангамон яке аз вазифаҳои хеле муҳими давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Тайи солҳои истиқлол барои ба ин мақсадҳои некӯ ноил гардидан аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, санадҳои зиёде ба тасвиб расиданд ва дар натиҷаи он, хушбахтона, рушди мусиқии классикии халқи тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мазмун ва мундариҷаи тоза пайдо намуд.
Масалан, имрӯз аҳли зиё, мухлисони сершумори мусиқии суннатии тоҷик ба маъниҳои бадеӣ ва таровати эстетикии Шашмақому Фалаксароӣ ба куллӣ таҷдиди назар намуданд. Маълум гардид, ки дар дараҷаи устодона сароидани муғаннӣ ва гӯш андохта баҳра бурдани шунаванда, кори чандон осон набудааст, зеро мусиқии классикӣ баҳри лаҳву лаъб не, балки барои обод намудани ҷаҳони ботинӣ, ақлу заковат ва фитрати инсонӣ равона шудааст. Касе дар олам нагуфтааст, ки ӯ аз шунидани симфонияҳои Бетховен ё Чайковский "хеле роҳат кардааст", баръакс, бо ин гуна асарҳои бузургҳаҷм ва дорои мазмуни амиқи фалсафӣ "ҳамсуҳбат" гардидан шояд азият ва машаққати руҳиву равонӣ дошта бошад.
Фалаксароӣ, ки яке аз суннатҳои хеле қадимии фарҳанги мусиқии мо ба шумор меравад, яқин аз силсилаи Дувоздаҳмақом ва умуман, аз системаҳои мухталифи мақомсароӣ қадимтар аст. Барои исботи ин ақида кофист, ки ба матни навоҳои фалак, услуби иҷрои он ва ҳамовозии созҳои мусиқӣ таваҷҷуҳ намоем. Ин лаҳза аниқ мешавад, ки силсилаи фалакҳо комилан бо матнҳои байту рубоӣ ва таронаҳои мардумӣ (баъдан ҳамчунин рубоиҳои классикӣ ва пораҳо аз ғазалиёт) суруда мешаванд. Ғайр аз ин, фалаксароӣ чӣ дар Хатлону чӣ дар Рашту Бадахшон, асосан зери садои созҳои маъмултарини мусиқии халқӣ - дутор (думбра) ё худ рубоби маҳаллӣ (на оне ки имрӯзҳо менавозанд, яъне рубоби қашғарӣ), дар баъзе ҳолатҳо, умуман, бидуни ҳамовозии сози мусиқӣ иҷро мегардад.
Хусусияти дигари фалаксароӣ, ки аз қадимӣ буданаш гувоҳӣ медиҳад, ин зарурат надоштани ҳузури шунаванда аснои иҷрои фалак ба шумор меравад, яъне фалаксароӣ ҳамчун шакли маъмули фаолияти бадеӣ-эстетикӣ ҳатмӣ будани ҳузури шунавандаро талаб намекунад. Аниқтар гӯем, фалаксаро аснои ифодаи нидои дили худ бештар ба фалак, ба само муроҷиат мекунад ва фаҳмост, ки чунин руҷуъ маҳрамона аст. Айнан мисоли он, ки масалан "Муноҷот" - ҳои бузургони адабиёт (махсусан Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон) дар аксари маврид хусусияти маҳрамона доранд. Ин хислати нодир фалаксароиро ҳарчи бештар ба системаи эҷодиёти бадеии халқ наздиктар мекунад. Пас, савол ба миён меояд, ки таърихи рушд ва ташаккули намунаҳои зиёди фалаксароиро чӣ гуна метавон тасаввур намуд, кай ва дар кадом манотиқ суннати фалаксароӣ ташаккул ёфтааст?
Мусиқии классикии тоҷикӣ таърихи беш аз ҳазорсола дорад ва комилан маълум аст, ки тайи ин муддат дар ниҳоди фарҳанги мардуми мо садҳо падидаҳои нодир, ки таҷассумкунандаи завқи бадеӣ ва эҳсосоти зебоипарастӣ ба шумор мераванд, ташаккул ёфтаанд. Маълум аст, ки ҳам силсилаи бузурги Дувоздаҳмақом ва ҳам масалан, достонҳои Гурғӯлӣ маҳсули суннатҳои шифоҳии эҷодиёти халқ мебошанд ва то ба замони мо маҳз тавассути садои сарояндагону навои мутрибони чирадаст омада расидаанд.
Агар мо ба таърихи инкишофи жанрҳои мухталифи мусиқии классикиамон назар афганем, баръало аён мегардад, ки намунаҳои бузургҳаҷми он ба мисоли силсилаи мақомҳо, тайи садсолаҳо дар пайвандӣ бо шаклу услуби таронаҳои нисбатан кӯчаки мардумӣ ривоҷ ёфтаанд. Яке аз маъмултарин ва машҳуртарин жанрҳои бадеии мардуми тоҷик - ин, албатта, жанри рубоӣ, аниқтараш рубоихонӣ мебошад. Академик Раҷаб Амонов, муҳаққиқи маъруфи фолклори тоҷик, барҳақ рубоиро ҳамчун яке аз падидаҳои марказии лирикаи халқии тоҷикӣ муайян намудааст. Дарвоқеъ, ёдовар мешавем, ки яке аз аввалин рубоиҳои мардумии тоҷикӣ ("Аз Хутталон омадия…") тибқи шаҳодати муаррихон ва адабиётшиносон бадоҳатан, аснои шармандавор шикаст хӯрдан ва бозгаштани лашкаркаши араб Асад ибни Абдуллоҳ аз Хатлон суруда шудааст. Ин факти нодир ва аҷоиби таърихӣ далел шуда метавонад, ки мо онро чун сароғози таърихи рубоисароии тоҷикӣ баррасӣ намоем.
Шайх Абусаиди Абулхайр яке аз аввалинҳо шуда анъанаи рубоисароиро дар маҷлисҳои хоси аҳли тасаввуф ҷорӣ намуд. Рубоӣ ва тарона, чуноне ки маълум аст, баъдан вориди суннатҳои назми классикӣ низ гардиданд. Ҷолиби қайд аст, ки рубоӣ, чи дар назм ва чи дар мусиқӣ, ҳатман бо навоҳои мардумӣ пайвандӣ дорад, зеро гарчанде матни рубоӣ бадоҳатан интихоб шавад ҳам, оҳанги иҷрои он такроршаванда (дар мақомҳо "тарҷеъ" мегӯянд) аст.
Аммо, вақте зарурати дар як вақт сурудани якчанд рубоӣ дар вазнҳои мухталиф пайдо мешавад, сароянда ҳатман ду-се оҳанги дигар низ интихоб менамояд, аниқтараш мақоми мусиқиро ба таҳрир дароварда онро ба вазнҳои гуногуни рубоиҳо мувофиқ мегардонад. Ана дар ҳамин ҳолат, дар репертуари сарояндагони халқӣ аввалин падидаҳои силсилабандии рубоиҳо пайдо мешаванд. Жанри Фалак аслан аз ҳамин суннатҳо ва ҳамин услуби композитсионӣ сарчашма мегирад.
Бояд дарҳол зикр намуд, ки замоне фалаксароӣ аз кӯҳистони дурдасти тоҷикнишин то ба Самарқанду Бухоро низ дастрас шуда будааст ва мо дар ин хусус аз рисолаҳои маъруфи ба санъати мусиқӣ бахшидаи уламои қадим намунаҳо пайдо намудем. Яке аз сарчашмаҳои хеле муътамади илм ва амалияи мусиқии суннатии тоҷик - ин рисолаи маъруфи Абдулқодири Мароғаӣ "Мақосид-ул-алҳон" мебошад, ки муаллиф онро асосан дар Самарқанд таълиф намудааст. Ана ҳамин сарчашма дарак медиҳад, ки ҳанӯз дар қарни 14, дар Самарқанд ва атрофи он муғанниён нубаҳои (асарҳои силсилавии бисёрқисма) сершумореро тасниф менамуданд, ки ҳар кадоми онҳо аз чаҳор бахш - Қавл, Ғазал, Тарона ва Фурудошт (Уфар) иборат будаанд. Агар мо сохтори композитсионии фалакҳои муосирро таҳлил намоем, аён мешавад, ки онҳо айнан тибқи ҳамин гуна услуб - бо истифодаи байту таронаҳои мардумӣ сохта шуда, ҳатман бо оҳанги рақсии Уфар (ҳамон "Фурудошт") хотима меёбанд.
Пас маълум мешавад, ки ин анъана хеле қадимӣ буда то ба замони мо дар шаклу анвои гуногун ва бо шеваҳои мухталифи хоси ин ё он ҳавзаҳои фарҳангӣ омада расидаанд.
Саволи дигаре, ки доим таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисонро ҷалб мекунад, ин шарҳи маънӣ ва мантиқи истилоҳи фалак вобаста ба жанри мусиқӣ мебошад. Имрӯз доир ба ин мафҳум шарҳу тафсирҳои зиёд навишта шудаанд, махсусан фалаксарои номӣ Давлатманд Холов кӯшиш намудааст, ки чандин ҷанбаҳои ин истилоҳро шарҳ диҳад. Аммо бояд эътироф намуд, ки аз қадимулайём мафҳуми фалак, кӯшишҳои ҳазорсолаи дарки олами ҳастӣ, тақдир ва таърифи ҳаёти инсон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи аҳли хиради тоҷик қарор дошт.
Тасвирҳои мухталифро оид ба он, ки гӯиё дар фалак (яъне дар само!) доимо мусиқӣ садо медиҳад ва ҳаракати аҷсоми осмонӣ тибқи низоми муайяни зарбу оҳангҳо сурат мегирад, дар бисёр сарчашмаҳо дучор омадан мумкин аст. Аввалин шахсе, ки ин масъаларо аз нигоҳи илми замони худ баррасӣ намудааст, Пифагор мебошад. Ӯ дар таълимоташ ишора ба он дорад, ки ҷирмҳои осмонӣ аснои ҳаракат аз худ садоҳои махсус истихроҷ менамоянд ва ин садоҳо миёни ҳамдигар таносуберо соҳибанд, ки он айнан баробари таносуби геометрии миёни сайёраҳо мебошад.
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи мусиқии хеш ин ақидаи Пифагорро ботил дониста қайд намудааст, ки "ин гуна қиёсро танҳо касоне меоранд, ки хусусияти як илмро аз илми дигар фарқ карда наметавонанд! " (ниг. "Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ", саҳ. 4).
Тасвири дигари бадеиро оид ба ҳамин маънӣ дар ғазалиёти Ҳофиз дучор мешавем:
Шоҳо, фалак аз базми ту дар рақсу самоъ аст,
Дасти тараб аз домани ин замзама магсил.
Ё худ:
Нозанине, ки ба рӯяш маи гулгун нӯшем,
Арғунунсози фалак раҳзани аҳли ҳунар аст.
Ва, албатта, нидои хеле бошуҷоати Ҳофиз:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Дар ҷойи дигар:
Мутриби ман, раҳе бизан, ки ба чарх
Муштарӣ Зуҳраваш шавад раққос.
Огоҳӣ медиҳад:
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин,
Зи лаъби Зуҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш.
Таваҷҷуҳ ба сӯи фалак намудан, аз фалак чизеро ҷустан, ба фалак муроҷиат намудан, дуо кардан, илтиҷо кардан, ҳасрат кардан, нола кардан, шикоят намудан аз фалак - ин гуна ишораҳоро дар назми классикӣ садҳо маротиба дучор омадан мумкин аст. Вале муҳимаш барои мо он аст, ки мазмуни тасвири фалак ё худ нидо ба фалак маҳз дар эҷодиёти мардумии халқи тоҷик мақоми хеле арзанда дорад. Фалаксароӣ дар мусиқии мардумии тоҷикӣ ду ҷанбаи асосӣ дорад - яке ҷониби фалсафӣ-эстетикии он (таҳқиқи олами ноаён, тасвири осмони бекарон ва ғайра), дигаре, ҷанбаи композитсионӣ (силсилабандӣ, оғози асар бо пораи "шаҳд" - бидуни вазн, тадриҷан пайдо шудаи низоми махсуси зарбӣ ва ниҳоят дар қисми охирин суруда шудани бахши шӯх ва рақсии Уфар).
Калиди рамзкушои маъниҳои жанри фалаксароӣ ба ақидаи мо, ана ҳамин, истилоҳи Уфар аст, зеро маҳз уфарсароӣ аз қадим яке аз суннатҳои маъруфи мусиқии мардумӣ ва баъдан ин услуб вориди мақомҳову фалакхониҳо гардид.
Устод Рӯдакиро дар сарчашмаҳои муътамад ҳамчун "уфорӣ" низ номбар кардаанд, ба хотири он, ки ин бузургвори маънӣ ва адаби тоҷик худ "возеҳи тарона ва уфар будаанд" (аз "Матлаъ-ул-улум").
Маълум мешавад, ки ҳанӯз дар қарни даҳум дар назми халқии тоҷикӣ жанри уфар маъмул будааст, ки аввалин шуда онро Рӯдакӣ ба риштаи назми классикӣ (ба шакли тарона) ворид намудааст. Пас, оё метавон гуфт, ки фалаксароӣ дар ҳамон замон маъмул будааст? Бечунучаро, зеро рубоисароӣ ҳамеша зери риояи услуби силсилабандӣ қарор мегирифт, охир бо иҷрои танҳо як рубоӣ на шунаванда ва на гӯянда қонеъ намегардид!
Дар мазмуни фарҳанги мусиқии халқҳои олам падидаеро ба мисоли фалакхонии тоҷикӣ дучор намешавем. Албатта, бояд иқрор гардид, ки жанрҳои мусиқии мазҳабии калисоҳои масеҳӣ комилан фарогири афкору ақидаҳои динӣ буда, дар худ қабл аз ҳама маъниҳои руҷуъ ба Осмону Худовандро доранд. Вале ба ҳамагон маълум аст, ки муаллифи ин асарҳо дастпарварони мактабҳои махсуси мусиқии динӣ - композиторони касбӣ буданд. Дар мусиқии классикии тоҷикӣ ана, ҳамин нақши мактабҳои композиторӣ ва эҷоди садҳо асарҳои комили мусиқиро халқ дар дӯши худ дорад.
Вақте мо иқрор мешавем, ки дарвоқеъ системаи Дувоздаҳмақом яке аз намунаҳои таҷассуми бадеӣ-эстетикии назарияи маъруфи илми Шарқ оид ба кашфи 12 бурҷи осмон ба шумор меравад, пас бояд эътироф намуд, ки дар мусиқии классикӣ ин намуд осори бузург маҳз дар заминаи рушди дурударози жанрҳои нисбатан кӯчак ба мисоли таронахонӣ, фалаксароӣ, замзамахонӣ, қасидахонӣ ва дигар жанрҳои қадимаи маъмули мусиқии миллии мо ташаккул ёфтаанд. Аз ин лиҳоз фалаксароиро бечунучаро метавон ба системаи мусиқии классикӣ нисбат дод.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аксари кулли осори бебаҳои хешро маҳз зери садои мусиқӣ ва зарбу ритмикаи рақс офаридааст. Ӯ аслан фалакро, аниқтараш чарх задани фалакро тимсоли бузурги ҳаракати бонизоми табиат ва вуҷуди инсон мепиндошт, шояд ҳамин буд, ки арз кардааст:
Мо зи фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз ҳамон ҷо равем, манзили мо кибриёст.
Фалакро ҳамчун Ватани аслӣ тасвир кардан, бо фалак гуфтугӯ кардан, оид ба тақдири инсон андеша рондан, орзуву ниятҳо пешниҳод кардан - ҳамин аст мазмуни асосии рубоиёти бешуморе, ки сарояндагони фалак онҳоро моҳирона иҷро менамоянд.
Дар нимаи дувуми қарни 20-ум дар суннати фалаксароӣ як таҳаввулоти беандоза нодир рух дод. Ба олами фалаксароӣ бонуи хеле ҳунарманду хушовоз ва шахсияти тавоно - Гулчеҳра Содиқова ворид гардид. То ин замон на дар мақомхонӣ ва на дар ҳунари фалаксароӣ занон кӯшиш намекарданд. Бо амри тақдир, дар равиши пурэъҷози рушди мусиқии миллӣ дар мақомсароӣ Барно Исҳоқова ва дар фалакхонӣ Гулчеҳра Содиқова бо як олами нав, назокати дилангез ва нолаҳои ҷонсӯз арзи ҳастӣ намуданд. Воқеан, Гулчеҳра Содиқова баъдан дар тамоми олам ҳамчун олиҳаи мусиқии суннатии Шарқ шинохта шуд ва ҳунарнамоии ӯро дар Фаронсаву Олмон, Швейтсарияву Норвегия ҳафтаҳо мардуми мусиқидӯст гӯш андохтанд. Бояд зикр намуд, ки маҳз сафарҳои Гулчеҳраву Давлатманд, Одина Ҳошим, Соҳиба Давлатшоева ва дигар ҳунармандони тоҷик дар охири солҳои 90-ум ба оламиён симои аслии фарҳанги мусиқии тоҷикиро ошкор намуданд ва мутахассисони олам ба суннатҳои мусиқии мо таваҷҷуҳи хеле бештаре зоҳир намуданд.
Як муамморо бояд таҳлил намуд, ин ҳам бошад вазъи имрӯзаи фаъолияти жанр ва истифодаи он аз ҷониби мардум мебошад. Гоҳ-гоҳе мешунавем, ки фалаксароӣ гӯиё хоси як минтақаи муайяни Тоҷикистон бошаду Шашмақом моли минтақаи дигар. Ин ақида мутлақо хато мебошад ва аслан гирем, идомаи мантиқӣ ва ақлонии ҷудоиандозиҳои садсолаҳо ба шумор меравад. Таваҷҷуҳ намоед, мардуми минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин тайи қариб сесад соли ҳукмронии манғитиёну хонигариҳои Қӯқанд (асрҳои 16-19) мутлақо аз ҳамдигар ҷудо буданд, тайи ин муддат дар шеваи гуфтор ва оҳанги навоҳои мардумӣ низ хусусиятҳои таҳҷоӣ зиёдтар шуданд, гарчанде ки хушбахтона, маҳз забони модариамон доим пайвандгари дилҳо буд. Имрӯз мутахассисон муқаррар намуданд, ки миёни фалаксароии услуби водии Хатлон, Рашт, Бадахшон, инчунин миёни ҳамаи онҳо ва услуби байтхониҳои Кӯҳистони Мастчоҳ умумиятҳо дар сабку усул, такрори зиёди байтҳову рубоиҳо, ҳамчунин тарзи садоандозӣ (суруд андохтан) баръало ҳис карда мешавад. Пас метавон зикр намуд, ки гуногунрангии фалакҳои имрӯзаи тоҷикӣ ин маҳсули вазъи хоси рушди иҷтимоӣ-таърихии ин жанри нодири мусиқӣ ба шумор меравад.
Фалак мусиқии баланд аст, бо авҷи баланд, бо овози баланд ва нолаҳои махсус сароида мешавад. Вақте фалаксарои асилро гӯш меандозем, лаҳзае чанд тасаввур мекунем, ки "мо зи фалак будаем, ёри малак будаем" ва ҳамин андеша шунавандаро аз пастравиҳо наҷот медиҳад, зеро ҳидояти баландии фалак, дастнорас будани он, муаммои беохири он дар дили шунаванда қаробатро бо ин баландӣ бедор мекунад. Пас, чунин мебарояд, ки маънии "Фалак"-ро бояд аз фалак биҷӯем.
Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор
Бознашр аз “Ҷумҳурият”