Истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Мизи мудавваре, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода доир гардид, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуъи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ” суханронӣ намуд.

Шариф Комилзода як омили рушди фарҳанги миллиро Истиқлол номид. Вай гуфт, ки аз нахустин рӯзҳо ва ҳатто замоне, ки дар мамлакат ҷанги дохилӣ идома дошт, фарҳанг ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти кишвар ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Сироҷиддин Икромӣ-Директори КВД таъминот ва савдои “Китоб” аз рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.

Маърӯзаи басо пурмуҳтавои адиби шинохта Муҳтарами Ҳотам “Интишори осори бадеӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” ном дошт.

Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар доираи мавзуъҳои мавриди баррсаӣ қароргирифта табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҳошияи ин Мизи мудаввар ҳамчунин намоиши китобҳои тозанашр бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд.

барчасп: