Саҳми бонувон дар пешбурди ҳунарҳои мардумӣ

Рўзи 6–уми марти соли ҷорӣ дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи кормандони муассиса  ҳамоши илмӣ бахшида ба Рўзи модарон баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оғоз карда, оид ба саҳми бонувон дар пешбурди ҳунарҳои мардумӣ дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози назар намуд.

Дар ин замина қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардани соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҷалби бонувонро ба ин соҳа бештар бештар намуд. Таҳқиқоте, ки мутахассисони пажўҳишгоҳ дар ин самт анҷом додаанд, бори дигар далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ, тибқи барнома оид ба мавзўи “Саҳми бонувон дар эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ” мудири бахши фарҳанги моддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Лайло Носирова баромад карда, бо далелҳои эътимодбахш саҳми занонро дар эҳёву рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ таъкид намуд.   

Перомуни мавзўи “Нақши бонувон дар рушди таомҳои анъанавӣ” ходими калони илмии пажўҳишгоҳ Шоира Бердиева суханронӣ карда, намудҳои маълуми таомҳои миллӣ дар минтақаҳои кишвар ва тарзи омода кардани онҳоро мавриди арзёбӣ қарор дод.

Ходими калони илмии ММФТ Гулзира Каримова доир ба мавзўи “Дастгирии бонувони ҳунарманд дар ҳоишяи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маърўза намуда, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намудани бонувони ҳунармандро бо мисолҳои мушаххас баён кард.    

Дар қисми музокирот директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комизода, муовини директор оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Абубакр Зубайдӣ, муовини директор оид ба корҳои методӣ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Фарзон Давлатов, ходими илмӣ Саъдӣ Мирзоев баромад карда, саҳми занон, алалхусус бонувони пажўҳишгоҳро дар таҳқиқ ва муаррифии занони ҳунарманд қайд карда, дар ин замина ононро ба фарорасии Рўзи модар табрик ва дар корҳои илмию тадқиқотиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобу мусаввараҳо бахшида ба саҳми бонувон дар эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.  

 

 

Ҷамшед Ғафуров,

ходими калони илмии ПИТФИ

барчасп: