Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмўъ, моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.
Тамаддуни инсоният собит менамояд, ки дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише ҳастанд, ки иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Оре, сухан аз ваҳдати миллӣ, шарафу озодии Тоҷикистони азиз меравад, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассос, дурустараш вазъияти басо душвории сарнавиштсозу сарнавиштсўз чун атои Худованд насиби тоҷикону тоҷикистониён гашт. Ва имрўз шукргузорем, ки мо ҳамчун миллати куҳанбунёд 24 сол боз аз меваи армони ин дарахти ваҳдат ком ширин мекунем.
Аз таърих огаҳӣ дорем, ки дар тўли қарнҳо даҳҳо давлатҳо бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдаташон халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавӣ гардиданд, вале миллати моро агарчӣ борхо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда бошад ҳам дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расидем.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон (27.06.1997) давлати мо ба марҳалаи нав-таҳкими сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос, ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз бахшид. Мавриди зикр аст, ки имрӯз сулҳи ба даст овардаи мо ва ҳамдилии тоҷикон мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда тавонистем.
Сулҳу ваҳдат, амнияти шаҳрвандӣ подоши накуест барои зиндагии бошарафи инсонӣ ва имрӯз ин подош тавассути хиради азалӣ, корнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.
Воқеан, фозилон ва мутафаккирони миллатҳои гуногун перомуни аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ақидаҳои судбахш ва фармудаҳои ибратомӯз иброз намудаанд. Зеро дар ҳар сарзамине, ки дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар он ҷо, амну амонӣ ва сулҳу субот пойдор шуда, роҳи пешрафту такомул ва некуаҳволии ҷамъият таъмин мегардад. Ин раванди таърихиро дар мисоли Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имсол бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23–юмин солгарди он ҷашн гирифта мешавад, бевосита мушоҳида карда метавонем. Сарчашмаи асосии ваҳдати миллӣ аз барпо гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 баргузор гардида буд, зимнан маншаъ гирифта, пойдевори он дар тӯли солҳои мавҷуда мустаҳкаму устувор гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳ, иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои ҷаҳонӣ гардидаасг. Танҳо бо роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мо истиқлоли кишварро ҳифз карда метавонем.
Ҳоло дар кишвар тамоми зерсохтори Ваҳдати миллӣ муҳайё буда, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат аз қабили аз бунбасти комуникатсионӣ баромадан ва ба давлати транзитӣ табдил ёфтани кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои Ваҳдати миллӣ мегарданд. Ин ҳадафҳо барои рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ, шиносоӣ бо расму оинҳои миллӣ, ташкили бозорҳои минтақавию марзӣ, бо ғизои хушсифат таъмин намудани мардуми кишвар ва истеҳсоли молҳои рақобатпазир мусоидат менамоянд.
Бинобар ин имрӯз бояд амиқан дарк кунем, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ гарави пирӯзиву сарфарозии имрӯзу фардои мо дар низоми давлату давлатдории миллӣ ва рушду такомули соҳаҳои мухталифи ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Гулҳаё Мадимарова