Дар ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат нақши фарзандони бонангу номус ва содиқу ватандўсташ беназир мебошад. Гоҳҳо чунин сурат мегирад, ки рисолати бузурги давлатдорӣ ва ё тарғиби ғояҳои ватандориро чунин фарзандони ҷонфидо бар дўши худ гирифта, содиқона ба халқу кишвараш хидмат менамояд ва ҳастии хешро ба ҳастии халқаш пайванд месозад.
Миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон ҳамин гуна шахсияти барҷастаю қавииродаро пайдо кард, ки роҳбарии давлати навбунёдро бар дўши худ гирифт ва нотарсона, бо неруи таҳамтанона якҷо бо сохторҳои давлатию қудратӣ рукнҳои давлатдориро дар Ватани азизамон таъсис дод ва барои расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ азми ҷавонмардона намуда, фазои мусоиди рушдро барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ фароҳам овард. Вай ба хотири амалӣ гардидани мақсадҳои наҷибонаи хеш наҳаросида дар дохилу хориҷи кишвар борҳо бо мухолифин музокираҳои сиёсӣ баргузор намуда, бо гузаштан аз чандин монеаву мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ созишномаи сулҳро ба имзо расонид ва дар мамлакат сулҳу суботи сартосариро барқарор кард. Ин рўйдоди таърихӣ на танҳо мавқеи сиёсӣ ва иҷтимоии Эмомалӣ Раҳмонро дар миёни халқ баланд бардошт, балки таваҷҷуҳи созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии тараққихоҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар намуд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ роҳи васеъро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ боз намуд. Бо баракати сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ паси сар гардид, хавфи нобудӣ, ки миллати тоҷикро таҳдид мекард, аз миён рафт ва шаҳрвандони мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардиданд. Таърих бори дигар ба тамоми ҷаҳон собиту ошкор гардонид, ки миллати тоҷик анъанаи тамаддунофаринии худро фаромўш накардааст ва бо сарварии фарзанди фарзонааш – Эмомалӣ Раҳмон хоҳони вахдати комил ва осоишу осудагӣ миёни минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.
Ҳамин фазои мусоид ва суботи сартосарӣ асос шуд, ки Тоҷикистони азиз рушд намояд, пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро қавӣ гардонад ва барои давра ба давра баромадан аз мушкилоти ҷойдошта замина фароҳам оварад. Дар ин росто, муайян гардидани ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили таконбахши рушди соҳаҳои афзалиятнок дар мамлакат шуд.
Бо амалӣ гардидани ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ даҳҳо нақбҳо, шоҳроҳҳои бузург, пулҳои муҳташам ва дигар инфрасохтори соҳаи нақлиёт бунёд ёфт, ки муҷиби ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ гардид ва ҳамлу нақли молу маҳсулот ба минтақаҳои кишвар садҳо бор осон шуд.
Истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи тақдирсозе буд, ки боиси оғоз гардидан ва бунёд намудани даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург дар мамлакат шуд. Хушбахтона, бо азми Сарвари ватандўсту дастгирии халқи заҳматкаши тоҷик дар баробари сохтмони неругоҳҳои «Сангтуда» - як ва ду, агрегати аввали неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор гирифт, ки кишвари биҳиштосо ва рў ба тараққиро аз мушкилоти барқ раҳонид ва тамоми ҷумҳурӣ бо барқи арзону босифат таъмин гардид. Албатта, ин азму талошҳо ду даҳсоларо фаро гирифт ва дар ин давра садҳо иншооти хурду бузурги энергетикӣ, марказҳои бузурги барқтақсимкунӣ сохта ба истифода дода шуд ва ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Дар баробари ин мутахассисону муҳандисони соҳибтаҷрибаи миллӣ ба камол расида, имрўзҳо ба рушди соҳаи энергетика такони ҷиддӣ мебахшанд.
Таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ кори саҳлу осон набуда, онро Сарвари давлат ҳадафи сеюми стратегӣ эълон намуд. Бо азми Ҳукумат ва талошҳои ҷоннисоронаи раиси он – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди давлатӣ амалӣ шуда, майдони заминҳо дар кишвар ба маротиб васеъ гардиданд. Талу теппаҳо ба боғистон мубаддал гардида, ҳазорҳо гектар ангурбоғҳо, боғи меваҳои босифат пайдо шуда, заминҳои садҳо сол бекорхобида ба майдонҳои ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ табдил ёфтанд. Дар натиҷа дар ин самт пешравиҳои назаррас ба даст омада, мардум бо ғизои ватанӣ ва ризқу рўзии фаровон таъмин гардида, ҷойҳои кории мавсимӣ ва доимӣ ба маротиб бештар шуд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Сарвари хирадманд ва оқилу ботаҷриба дар Паёми соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироакарда пешниҳоди ватандўстонаи навбатиро матраҳ намуд, ки ба саноатикунонии босуръати мамлакат вобаста буда, ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон гардид. Ин ҳадафи тақдирсоз ба хотири амалӣ шудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» равона шуда, дар оянда имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ - агросаноатӣ табдил ёбад. Ин иқдом дар рушди Тоҷикистони азиз ва устувор гардидани неруи иқтисодии он таъсири мусбат расонида, мақоми онро дар минтақа баланд мебардорад ва мушкилоти шуғл ва муҳоҷиратро осон сохта, барои ҳазорҳо нафар ҷойҳои нави кори доимиро муҳайё месозад.
Тоҷикистони рў ба рушд бо ин ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои стратегии Роҳбари хирадмандаш имкони ҳал намудани садҳо масъалаҳои иҷтимоиро ба даст меорад ва ба пешрафти соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ин раванди созандаву бунёдкорона ба ҷаҳонбинии шаҳрвандон таъсир расонида, маърифати онҳоро дигаргун месозад ва омили таконбахш дар давлатсозии миллӣ мегардад. Ҳамзамон неруҳои солим ва созандаи ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид карда, ба тафаккури миллӣ ва ғояи ватандўстии мардум таъсир мерасонад ва боиси таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мегардад.
Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, хидматҳои шабонарўзии ў аз чашми мардум, аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дур намонда, ҳар корномаи ватандўстонаи ин шаҳсавори дунёи сиёсат дар осори шифоҳию хаттӣ васф мешавад ва ҳамаҷониба тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос меёбад. Дар воқеъ, мактаби давлатдории Пешвои миллат шомили ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, ки дар асарҳои гуногун зикру васф гаштаанд ва мураттаб гардидани онҳо дар шакли китобномаҳо зарурати таърихӣ пайдо намудааст. Аз ин рў, тасмим гирифта шуд, ки тамоми сарчашмаҳои хаттие, ки дар онҳо корномаи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ишора шудаанд, дар шакли китобнома ҷамъоварӣ шаванд. Бо ҳамин мақсад Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» маҷмўи китобномаро дар ҳашт ҷилд ба нақша гирифтааст, ки он давра ба давра чоп шуда, барои ҳар як фард ҳамчун махзани дониш ва роҳнамо хидмат хоҳад кард.
Ҳар ҷилди китобномаи мазкур аз ду қисмати маҷмўӣ иборат аст. Дар қисмати аввал феҳристи асарҳо ва паёмҳову суханрониҳои Пешвои миллат фароҳам оварда шудаанд, ки аз рўи тартиб ва гурўҳбандии соҳавӣ таҳия гардидаанд. Махсусан асарҳои муҳташами Пешвои миллат бо нишондоду тавзеҳи библиографӣ барои хонанда дар мутолиаву фаҳмишҳои аввалин кумаку мусоидат менамоянд. Масалан, асари шинохтаи Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» (ниг. ба ҷилди 3, с.5-8) бо нишон додани шаш боби фарогири он ба хонанда роҳнамоии амиқро дар самтҳои муайян ба вуҷуд меорад. Аҳаммият ва қимати ин китоб чун як асари мукаммали шинохти ҳувияти миллӣ барои садсолаҳо хидмат хоҳад кард. Донишҷўву муҳаққиқ, фарҳангшиносу адиб, коршиносу рўзноманигор ва ҳатто як хонандаи оддӣ танҳо бо нишондоди унвони бобҳо якбора аз чандин паҳлуҳо огаҳии аввалинро соҳиб мешавад. Ё ин ки қимату арзиши асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат барои ҳамаи мо маълум аст. Китоби мазкур дар асоси сарчашмаҳои осори илмиву таърихӣ ва маърўзаву суханрониҳои Пешвои миллат мураттаб гардидааст. Ин китоб бо зикри номи шахсиятҳои бузурги таърихи кишвар ва ҷаҳон ба монанди, Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Маздак, Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ба хонанда аз ҳар ҷиҳат лаззату бардошти маънавии амиқ мебахшад ва ҳатто аҳаммияти байналмилалӣ дорад. Дар қисматҳои алоҳида ва бо шакли мундариҷавӣ нишон додани мавзўоти боло дар ин китобнома хеле муфид аст ва гўё ҳар бинандаро ба мутолиа даъват менамоянд.
Паёмҳову суханрониҳои мудовими Пешвои миллатамон гувоҳи онанд, ки ин шахсияти бузург бо набзи миллату халқ ҳамнаво будан мехоҳанд. Дар сархати онҳо паёмҳои анъанавии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд, ки ҳамасола ироа мешаванд. Паёмҳои дигар ба муносибати идҳои Рамазону Қурбон, ба ифтихори Рўзи ҷавонон, Рўзи Модар, Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсия, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, фарорасии Соли нави мелодӣ, Рўзи забони давлатӣ ва амсоли он дар китобномаи мазкур бо нишондоди таъриху ҷои нашр баррасӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки ин китобнома чун як сабтномаи дақиқ дар бораи ҳар кадоме аз инҳо маълумоти кўтоҳи библиографӣ дода метавонад.
Суханрониҳо дар ифтитоҳи корхонаҳову муас-сисаҳои истеҳсолӣ, осорхонаву муассисаҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангиву варзишӣ, зимни сафарҳо мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони манотиқи гуногуни кишвар, маросими ифтитоҳи мактабҳои навбунёд, оғози татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, ба истифода дода шудани неругоҳҳои хурду бузург, конфронсу симпозиуму нишастҳои сатҳи байналмилалӣ, иду маросимҳои бузурги миллӣ ва даҳҳо минбарҳои дигар дар ин китобнома бо таъриху макони мушаххаси баргузорӣ нишон дода шудаанд. Албатта, нишондоди унвону номгузориҳо тамоми матлабро нишон дода натавонанд ҳам, аммо барои ҳар як хонандаи имрўзу оянда аввалин равзанаи шинохт ба мавзўъ ва масъалаи муайян ба вуҷуд меояд. Аҳаммияти хоси онҳо ҷило медиҳанд ва бо роҳнамоии ин китобнома дар ҷустуҷўву таҳқиқи онҳо мешаванд. Таҷаммўъ ва як навъ фарогирии ин суханрониҳову паёмҳо роҳнамои бебаҳое дар ёфтану дақиқ кардани хосиятҳои давраҳои муҳими таърихӣ мебошанд.
Қисмати дуввуми китобнома феҳристи асарҳову мақолаҳову тақризҳоро дар бораи фаъолияти Пешвои миллат фаро мегирад. Вақте ки танҳо унвони садҳо навиштаҳоро дар ин самт мебинем, бароямон хеле гуворову хушоянд мешавад, ки имрўз як миллат ба сиёсати Пешвои худ ҳамовоз гаштааст. Муаллифони навиштаҳо аз қишрҳои мухталифи ҷомеа буда, бо намояндагӣ аз соҳаҳои гуногун садои дили ҳазорон нафарро ифода карда метавонанд. Ин натиҷаи ҳамон ваҳдату сулҳу ҳамгироие мебошад, ки онро Эмомалӣ Раҳмон барои миллати худ ба вуҷуд овардааст. Дар ин феҳрист номи садҳо олимону мутахассисон, нависандагону шоирон, журналистону публитсистон, коршиносону сиёсатмадорон ва дигар қаламкашону шаҳрвандонро дидан мумкин аст, ки бо эҳсосу садоқатмандии амиқ дар бораи Пешвои худ чизе навиштаанд. Ин натиҷаву гувоҳи он аст, ки халқи тоҷик дар зери парчами сулҳу ҳамгироии Пешвои миллат гирди ҳам омадаанд. Ин навиштаҳо дар шакли нашри алоҳида ва дар саҳифаҳои матбуоту расонаҳои электронии ахбор ба табъ расидаанд, ки далели таҳкиму такомули давлатдории навини тоҷикон дар оғози ҳазорсолаи нав мебошад.
Феҳристнигорӣ як илми маҳдуду ихтисор ба назар расад ҳам, бо зикри ному сарлавҳаҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии омма нақши арзанда мебозад. Садҳо номгўи ин сарлавҳаҳову унвонҳо ба хонанда ҷаҳони маънӣ мебахшанд. Ҳар як феҳрист танҳо бо баёни унвон маҳдуд намешавад, балки дар натиҷаи мутолиа роҳҳои бештари ҷустуҷўҳоро мекушояд. Аз ин рў, аҳли илм ба ин соҳа бештар ниёз дорад ва тавассути он мушкилоти ҳаррўзаи илмию пажўҳишии худро осон мегардонад.
Дар илми феҳристнигорӣ китобномаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ниҳоят арзишманд буда, барои дўстдорони китоб маводи фаровон пешниҳод менамояд. Мураттаб гардидани он танҳо навгонӣ ва таҳаввули илми китобшиносӣ набуда, балки барои имрўзиёну ояндагон чун як роҳнамо дар шинохти Пешвои миллатамон мусоидат мекунад. Ин китобнома номгўи тамоми дастоварду комёбиҳои халқи тоҷикро бо роҳнамоии Пешвои миллат фарогир шудааст. Дар баробари ин, асари мазкур ифодагари набзи дили пурмуҳаббати миллат ба Пешвои худ мебошад.
Албатта, таҳияву нашри он заҳмати сангину тўлониро тақозо менамояд. Хушбахтона, бо заҳмату талоши яке аз феҳристнигорони шинохтаи кишварамон Шариф Комилзода ин кори хайр амалӣ шуда истодааст, ки шоистаи таҳсин аст. Ин китобнома дар мактаби китобномашиносии кишвар таъсири амиқ мерасонад. Қабл аз ин китобномаи дигари ин донишманди пуркор бо номи «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» ба нашр расида буд, ки барои тамоми донишмандону пажўҳиш-гарони соҳаи адабиётшиносӣ як дастури муҳиму роҳнамо ба ҳисоб мерафт. Акнун метавон гуфт, ки он китобнома комилтару васеътар гардид ва чун як хазина барои на танҳо адабиётшиносон, балки сиёсатшиносону файла-суфон, рўзноманигорону муҳаққиқон, фарҳангшиносону муаррихон ва умуман доираи васеи муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ хидмат хоҳад кард.
Шариф Комилзода ҳамчун як фарди ватандўст дар шинохти миллати тоҷик ва тарғиби шахсияти Пешвои миллат хидмати арзанда намуда, дар муаррифии симои Пешвои миллат ҳиссаи сазовор гузоштааст. Метавон умед баст, ки пажўҳишу заҳматҳои ин феҳристнигори тавонманд идома хоҳад ёфт ва дар оянда асарҳову таълифоти судмандаш майдони фарҳангии моро бойю ғанӣ хоҳад гардонид.
Абдуҷҷабор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон