Назаре ба фолклори Исфара

Худшиносу худсипосу худнамоям кардааст,

Ифсара кўҳи баланду санъати волои ту.

Шаҳри Исфара барҳақ гўшаи афсонавии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳар касе ки боре аз табиати зебо, пазироии гарми сокинонаш баҳраманд мешавад, бо руҳу табъи болида боз орзуи дидани ин сарзамин мекунад. Фарзандонаш бошанд ҳамеша азму талош меварзанд, ки диёрашон боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тули ҳазорсолаҳост, ки аз табиати афсунгари ин водии ҳамешабаҳор мардум ба ваҷд меомаданду ҳар мусофир орзуи дидани онро мекард.

Шаҳри Исфара дар қисмати ҷануби водии Фарғона-нигини  Осиёи Марказӣ, дар нишебиҳои шимолии қаторкўҳҳои Туркистон, дар марзи се давлат- Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҷой дорад. Дар Исфара баробари зироатчигӣ, боғдорию, чорводорӣ, истифодаи канданиҳои фоиданок, бинокорӣ, ҳунармандӣ хеле ривоҷ ёфта, дар радифи табиати зебояш ин мулкро машҳури ҷаҳон кардаанд. Аз қадимулайём Исфара чун макони шаҳдбору шаҳдангез шўҳрат дошт. Аз ин ҷиҳат боғдорӣ соҳаи пешбари кишоварзии ноҳия буда, мардуми Исфара ба боғу боғпарварӣ меҳру му3ҳаббатит беандорза доранд. Ҳикмати “Аз нек боғ” чун амали беҳтарин оини хайру некк аз аср юа аср, аз наслд ба наслмегузарад. Ин суннати аҷдоди ба таври ҳамешаги дар Исфара ривоҷу равнақ меёбпад. “Гузаштагон шинониданд, мо хўрдем, мо мешинонем, то ояндагон бихўоранд” ҷавҳари амали боғдоронри Исфара аст.

Ҳунармандони мумтози имрўзаи Исфара анъанаҳои пешаи аҷдодиро идома медиҳанд. Даҳҳо иморати бо усули меъмории хоса биноёфта дар Исфара, манотиқи дигари ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар маҳсули дастони меъморон, дуредгарон, наккорон, наққошну кандакорон, рассомону гаҷкорои мардуми Исфара аст, ки ҳар бинандаромафтун месозад ва ба ҳай рат мегузорад. Солҳои тўлонӣ мероси пурмоя ва гаронқадри ниёгони бозаковат “Шашмақом” дар шаҳри Исфара эътибори хоса дорад. Ҳавзаи ҳунарии Исфара ба шарофати ҳуцнари волои ромишгари мумтоз, вориси сазовори устодони шўҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Мирзоқурбон Солиев ба пайдо шудани сабки тозае ноил гардид, ки бо сабки Исфара маъруф аст.

Дар боғҳои хуррами Ҷаннатфишони Исфара

Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара,

Ширинтар аз шаҳду шакар, бахшад ба кас ҷони дигар,

Шаҳди навои дилкаши хунёгарони Исфара.

    Дар баробари иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг миёни мардуми Исфара намунаҳои гуногуни фолклорӣ низ арзи вуҷуд доранд. Дар мавриди “Лангари Моғиён”, ки мавзуи афсонавиро мемонад, ривоятҳои ҷолиб ва марғуб кам нестанд. “Ривоят мекунанд, ки Искандар боре баъди фатҳи ҷаҳон зимни баровардани кўфтагии роҳ дар ин макони афсонавӣ орзу дошт, ки давлати пириро ҳамин ҷо гузаронад”.

Намунаҳои эҷодиёти шифоҳии халқӣ дар давоми садсолаҳо бар асари рухдодҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ суфта гардида, ба шакли муайян даромадаанд. Дар матнҳои фолклорӣ тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, хислату рафтор ва урфу одатҳои мардум равшан инъикос мегарданд, зеро онҳо афаридаи эҳсоси хурсандиву комронӣ ё худ ғуссаву ноумедиҳои инсон мебошад. Дар ганҷинаи адонашавандаи эҷодиёти халқ дурдонаҳои бебаҳо бисёранд.  Фолклори халқӣ давоми ҳазорсолаҳо бар асари рухдодҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ, анҷоми маъракаву маросимҳои мухталиф суфта гардида, ба сатҳи ташаккули комил расидааст. Дар ҳар таронаву рақси халқӣ тарзи тафаккур ва зист, хислату табиат ва урфу одатҳои мардум равшан инъикос мегардад, зеро онҳо офаридаи эҳсоси хурсандиву комронӣ ё худ ғуссаву ноумедиҳои инсон мебошад.

Дар туйҳои арўсии мардуми Исфара садсолаҳо инҷониб сароидани нақш чун анънаи иҷрояш ҳатмӣ дониста мешавад. Одатан нақшро ҳангоми ба дарвозаи арўс наздик омадани домод месароянд. Мақсад аз сароидани он хабардорсозии соҳибхона аз ташрифи домод ва муҳофизати ў аз инсу ҷинс ва чашмони бад буда, ҳамаги чанд дақиқа пеш аз анҷоми русуми никоҳи мусулмонӣ иҷро карда мешавад. Раванди нақшхонӣ асосан бо сароидани як нафар сурат гирифта, дигарон дар вақти хондани нақарот ба ў ҳамовоз мешаванд. На ҳар кас нақш сароида метавонад, зеро дар он авҷҳои баланду паст мавҷуд аст. Барои ҳамин ҳам нақшсароиро танҳо онҳое, ки аз мактаби шашмақомсароӣ гузаштаанд, сароида метавонанд. Ҳангоми нақшхонӣ санъаткорон либоси махсуси сафед, ки гиребон бо шерозаи гулдўзишуда ороиш ёфтааст ва ҷомаи зардўзӣ мепўшанд.

      Нақш аз се қисми бо нақарот ҷудошаванда иборат буда, ҳамоҳангсозии овозҳо аз маҳрати сарнақшхон ва иҷрокунандагон вобаста аст. Чуноне Усмонҷон Юсуфов (с.т. 1949, сокини ҷ.д. Навгилем) мегўяд:

-нақшхониро дар давраҳои пеш одамони калонсол мо он давра хеле кўдак будем, вақте ба никоҳҳо мерафтанд, дар давраи пеш никоҳ аз 25 нафар иборат буд, дар як хона. Вақте калонсолон месароиданд мо наздик мешудем ва он чизе ки онҳо мегуфтанд, яъне месароиданд мон низ месароидем ва ҳамин қисм омўхтем. Нақшхонӣ асосан аз 3 қисми паиҳам ва ба ҳамдигар мухолиф иборат аст: Нақши калон, нақши миёна ва Нақши  хурд.

      Чунончи, матнҳои зерин дар раванди нақшхонӣ суруда мешаванд:

Омад омадат гардам,

Қадду қоматат гардам,

Ту ба ин қаду рухсорат,

Шоҳи анҷуман бошӣ,

Аввал зи Худо гўему дуюм зи Расул,

Як номи Муҳаммад ба олам машҳур,

Аз бесабрӣ касе ба ҷойе нарасид,

Аз сабр ба ҷо расиду аз ёди сабур.

Ё Қодири Зулҷалолу Султони Карим.

Дармондам ба кори хешу дар дастам дил,

Ман рафтам ба чоҳи зинда сар мемонам,

Аз рухи равони Хоҷа дур дури Басир.

Ёрат манам, манам, манам,

Дилхастаи зорат манам

Аз ма чаро ранҷидаӣ?

Моро қаландар кардаӣ.

     Намунаи дигари эҷодиёти даҳони  халқ, ки дар Исфара бештар инкишоф ёфтааст, ин ашўла (тарона) мебошад.

Ашўла суруди лирикии фолклори буда, аз чор мисраи ҳафт ё ҳашти ҷойи иборат аст. Ашўлаҳо низ бе истифодаи асбобҳои мусиқӣ сари катҳои чойхонаву ҳангоми маъракаҳои нишот ҳам бо оҳанги шифоӣ, ҳам ба оҳанги шўхи рақсӣ сароида мешаванд. Онҳо мавзуъҳои гуногуни ҳайти иҷтимои, маиши ва оилавии мардумро дар бар мегирад.

Чуноне Д. Раҳимӣ дар китоби хеш “Фолклори тоҷик” ишора кардааст: “Як навъи дигари назми халқи тоҷик, ки аз чор мисраи кўтоҳи 7-8 ҳиҷои таркиб ёфтааст, бо номи ашўла дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва ноҳияҳои тоҷикнишини Фарғонаву Тошканд маъруф мебошанд. Ин навъи лирикиро муҳаққиқон бо истилоҳи “ашўла”, “тарона”, “майдадубайтӣ” ва “чорбайтӣ” дар маҷмўаҳо ва пажўҳишҳои илмии худ номбар карданнд”.

 

Боғбон тезтар биё, ба сайри боғат меравам,

Гулата намеканам аз дур тамошо мекунам.

Боғбон эй гул будам, ҳаргиз накандам якта гул,

Гул ба дасти нокасон ман шудиям хазони гул .

Бояд қайд кард, ки ин варианти дигари дубайтӣ дар китоби “Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода” бо андаке тағйир оварда шудааст ва маълум мегардад, ки он дар водии Ҳисор ҳам маъмул будааст.

     Чунончӣ;

Боғбон, дарро кушо, ман сайри боғат омадам,

Аз гулат намеканам, аз дур тамошо омадам,

Сайри боғат рафтам, наъли кафшат ёфтам,

Аз барои наъли кафшат дилма сандуқ сохтам.

Ҳангоми адои анъана ва маросимҳои суннати низ дар Исфара маҳсули эҷодиёти халқ фаровон истифода мешавад. Сурудҳои вақти зироаткорӣ ё худ ҳосилғундорӣ иҷрошаванда аксаран аз рубоиёту қитъаҳо иборат буда, умеду орзуҳои мардуми деҳқонро бозгўи мекунанд. Дар онҳо маъниҳои илтиҷо ба Худованд, васфи ҳусну ҷамоли маъшуқа, андарзу пандҳо ба ҷавонон ва ситоиши меҳнати ҳалол афзалияти бештар доранд.

Шамолак мезанад, бо барги гандум,

Мусофир гаштаам дар шаҳри мардум,

Мусофирӣ маро дилгир кардаст.

Фалак дар гарданам занҷир кардаст.

Эй модари ҷон лаб-лаби дарё шави ки,

Монандаки моҳи нав пайдо шави ки.

Монандаки моҳи нав бубинам рухат,

Шамолаки рўйи кўҳистон биёрад бўят.

Гаҳворабандон маросими оилавӣ мебошад, ки ба муносибати бори аввал ба гаҳвораи нав бастани тифли навзод барпо мешавад. Ягон кампири табаррук, ё зани хушбахте, ки соҳиби фарзандони солиму солеҳ бошад, бо дуо ва нияти нек гаҳвораро омода месозад. Чун гаҳвора омода шуд, пиразани табарруку рўзгордида тифлро ба даст гирифта, ду маротиба ба гаҳвора нодуруст, сарашро дар ҷойи пойҳо ва пойро дар таксарӣ мегузорад. Дар ҳар дафъа кампир аз ҳозирин мепурсад: “Очаш гардад ҳаминба, қошу чишми сиёшба, тахту бахташ гаҳвора, очу дадош ба ин бача овора”. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ғўзапаяба хоб кунонам-ми? Занҳо ҳамовоз шуда чунин мегўянд: “Не гандумпаяба”.

Гандум барин ба ризқ шавад.

Ана баччи худам алаё.

Қошу чишми сиёшба,

Меҳмон шавим хонашба...

Дар маросими гаҳворабандон бошад, суруди маъмули халқии “Алла” хонда мешавад. Алларо модарон аксаран вақти гаҳвораҷунбони бадоҳат эҷод мекунанд, зеро алла матни махсус надорад. Муҳимаш он аст, ки дар суруди мазкур орзуву ормонҳои беҳтарин нисбат ба саодати минбаъдаи кўдак ифода ёбад. Модарон гоҳҳо аз тариқи аллагўйи дарди дили худро низ холӣ мекунанд.

Барнои модар, раънои модар,

Дар олами дил, тобанда ахтар.

Аллаё, аллаё, алла.

Гар по гузорӣ, дандон барорӣ,

Аз нав шавад тўй, бо ин баҳона,

Аллаё, аллаё, алла.

Бо номи некат, бо кори некат,

Гарди илоҳо, фахри замона,

Аллаё, аллаё, алла.

Барони модар, раънои модар,

Дар олами ҷон, тобанда ахтар,

Аллаё, аллаё, алла.

 

Дар Исфара аз овони тифлӣ дар қалби мардум меҳру муҳаббат ва шавқу рағбат нисбат ба фарҳанг, санъат ҷой дода шудааст. Санъати рақс ҳам дар инҷо вобаста ба шароити таърихиву мавқеи ҷуғрофӣ инкишоф ёфтааст. Ба он маънӣ яъне сужетноки хос мебошад. Сужетҳо бо ҳаёти мардум, тарзи зисту зиндагонӣ ва машғулиятҳои онҳо робитаи қавӣ дорад. Дар Исфара аз хурд то бузург на барои тамошобинон, балки барои ифодаи нуфуҳуфтаҳои дили худ мерақсанд. Аз ин ҷост, ки яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи рақси онҳо ин бадеҳатан тавлид ёфтани он аст. Иҷрокунанда мувофиқ ба зарбу усул ва навои мусиқӣ, суръати даркорӣ ва василаҳои бадеиро дарҳол пайдо мекунад.

Рақсҳои занҳои Исфара басо нарм, хиромон ва ҳамвор буда, ҳангоми тағйири ҳолат ва усули зарб ҳаракати дасту пой номуназзамиву дағалӣ пайдо намекунад. Занҳо кўшиш мекунанд дар рақси онҳо зебогиву нафосат, ишфаву ноз, шарму ҳаё, назокат ва ифтихору озодипарастӣ ба хуби таҷассум гарданд.

Ба гуфтаи устоди рақс Зўҳро Исомаддинова (с.т 19.06.1962 сокини ш. Исфара, маълумот олӣ): “Солҳои ҳафтодуми асри гузашта модарам бо доира суруд мехонданд ва занҳову духтарон бо тарзу усули шаҳри Исфара рақс мекарданд. Рақсҳои занона дар Исфара аз дигар ноҳияҳо фарқият доранд, мисол дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Мастчоҳ остини куртаашон дароз мебошанд, вале аз шаҳри Исфара остинашон кўтоҳтар ва ҳаракатҳои дасту панҷаҳо дида мешаванд. Занҳо, ки ин табиати бисёр нозук доранд, монанди гул, барои ҳамин рақси занҳо зеботару мулоимтар мебошад. Мо як суруд ва ё мусиқиро интихоб мекунем, ва ба мазмуни суруд ё мусиқӣ мувофиқ ҳаракат мекунем. Ҳаракти пойҳо, рафту омад ба назар гирифта мешавад. “Дар суруде омадааст, ки: “Рафтанакота бинед...” дар ҳамон вақт ҳаркати пойҳоро нишон медиҳем ва гулзор, табиат, абрўю чаш ва он чизе ки дар мусиқӣ, шеър сароида мешавад мо бо тасаввуроти хеш дар рақси худ бо чашм абрўй, рухсора даст пой китф нишон медиҳем. Вақте ҳамон раққоса чаққон, чолок яъне мазмунро дарк карда тавонад, вай алакай худ аз худ эҷод мекунад...”.

Агар дар рақсҳи мардонаи Аврупову Қафқоз ҳаракати пойҳо мавқеи бештар дошта бошанд, дар рақсҳои мардонаи Исфара чун дар тамоми Шарқ ҳаракти дастҳо, бадан,  сару китфҳо аҳамияти афзалтар доранд. Дар рақсҳои мардонаи ин маҳал дастҳо басо боқувват, серғайрат ва оташмиҷозанд. Дар ин радиф пайкар низ чун яке аз востиаҳои асосии  тасвиру образнокии рақс шинохта мешавад. Рақсҳои мардона бештар бо ҳаракати қавӣ, чархзаниҳои босуръат ва таваққуфҳои ногаҳони иҷро карда мешаванд. Дар онҳо аксаран шуҷоату далери, азми мусобиқа, ғурури марди ва гоҳо ҳазлу шухиҳои латиф низ ба чашм мерасанд. Дар рақси мардонаи Исфара баъзе ҷузъиётҳои пантам има ҳам мушоҳида мегардад. Чунин рақсҳо одатан дар тўю маросимҳои дигари нишот бо нишони шўхиву бозӣ иҷро карда мешаванд.     

     

Ходими пешбари илмии ПИТФИ

 Аттоев Шодрўз

барчасп: