Дар Вазорати фарҳанг мизи мудаввар дар мавзӯи «Фарҳанг зидди таассуб ва ифротгароӣ» баргузор гардид

30 июли соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Xумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Фарҳанг зидди таассуб ва ифротгароӣ» баргузор гардид, ки дар он филми мустанади “Хиёнат” ва таъсири он дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ташкил гардида, он бо сухани ифтитоҳии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҳусни оғоз ёфт. Дар он олимону адибон, рӯзноманигорон, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки имрӯз бояд халқи тоҷик беш аз пеш ҳушёру зирак ва бо ҳам муттаҳид бошанд ва ватани азизи худро аз сидқи дил дӯст доранд, то хоини миллат имкони рахна задан ба сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум надошта бошанд.

Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Мурод Муродов дар мавзӯи Аносири ҳунарӣ ва воқеияти талхи таърихӣ дар филми “Хиёнат” маъруза намуд. “Филми мустанади “Хиёнат” бозгӯи воқеаҳои нангини пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба сари миллати тоҷик фурӯрехта мебошад. Ин воқеаҳо дар бораи ба таври иҷборӣ аз ҷониби қувваҳои беруна бо истифода аз ашхоси фиребхӯрда ба гирдоби ҷангу ҷидол ва куштору сӯхтор кашидани кишварамон нақл мекунад. Он ифодакунандаи таърихи на чандон дури тоҷикистониён мебошад. Филм воқеияти талхи таърихиро намо медиҳад, ҳадафҳои ғаразнок ва манфури асосгузорони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ошкор ва найранги муносибатҳои сиёсиву дипломатии баъзе кишварҳоро ифшо месозад”.

Абдуфаттоҳ Аминов номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи илмӣ-методии Пажӯҳишгоҳ дар мавзӯи “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад” баромад карда, андешаҳои худро оид ба филми “Хиёнат” иброз дошт. “Филми мазкур дар сатҳи баланди ҳунарӣ барои бедор кардани ашхоси дар ғафлат монда таҳия карда шуда, тамоми паҳлӯҳои хиёнаткориҳои наҳзатиёнро фаро гирифтааст. Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба зиммаи равшанфикрон ва зиёиён аст. Вазорати фарҳанг оид ба баргузории чорабинии мазкур тасмими саривақтӣ гирифтааст ва он бояд идома ёбад. Зеро то ҳол тарбияи фарзандон дар баъзе оилаҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст”, - таъкид намуд Аминов. 

Номзади илмҳои фалсафа, мудири редаксияи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон Усмоналӣ Камолов маърузаи худро таҳти унвони “Лухтакмаобони хоҷагони хориҷӣ (сарчашмаи ифротгароии мазҳабӣ)” ба самъи ҳозирин расонида, оид ба сарчашмаҳои ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии он ҳарф зад.

Сардори Раёсати байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Лутфулло Ниёзов дар мавзӯи “Хиёнаткориҳои “НАҲЗАТ” баромад намуда, иброз дошт, ки хиёнати наҳзатиён ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. “Хиёнаткориҳои наҳзат буд, ки иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд ва теша ба решаи фарҳанг зад. Дар филм нишон дода шудааст, ки наҳзатиён чӣ гуна фарҳангсолорони миллатро як-як бо усули зӯроварӣ ба қатл маҳкум намудаанд, то решаи фарҳанги ғании миллатро фалаҷ созанд”- изҳор дошт Лутфулло Ниёзов.

Сипас аҳли толор порчаҳоро аз филми мустанади “Хиёнат” тамошо намуданд ва байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар мубодилаи афкор ректорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот оид ба дар тамоми муассисаҳои таълимӣ намоиш додани филм, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию арҷгузори ба ниёгони пурифтихор, фарҳангикунонии наврасону ҷавонон ва андешидани дигар чораҳо пешниҳодҳои судманд ва барои тарбияи насли наврас муҳимро манзур намуданд.

Дар хотима Зулфия Давлатзода аз тамоми иштирокдорони мизи мудаввар хоҳиш ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои ҳассос худ ва аҳли оилаву ҷомеаро аз хатари сироятёбӣ ба бемории COVID-19 эмин нигоҳ доранд ва ба ҳамаи баромадкардагону иштирокчиён саломатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуд.

барчасп: