Аз 24 то 28 августи соли 2020 тавассути Интернет семинар-тренинги минтақавии маҷозӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирѓғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар – Дилшод Раҳимӣ, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Абдуфаттоҳ Аминов, муовини директори ПИТФИ, Зафар Холмуродов, мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддии ПИТФИ ва Назокат Қличева, ходими пешбари шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ дар тренинги мазкур иштирок доштанд.
Бюрои минтақавии ЮНЕСКО воқеъ дар Алмаато ва созмони CRIHAP (Маркази таълимии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, таҳти назорати ЮНЕСКО) созмондиҳандагони ин тренинги онлайн мебошанд. Тренерҳо Тамара Дерич аз Хорватия ва Айжаркин Кожобекова аз Қирғизистон дар муддати 4 рўз ба коршиносон машғулиятҳо доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ гузарониданд. Инчунин намоянда дар тренинг-семинар аз шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО хонум Доюнг Ли ва аз созмони CRIHAP Б. Лиянг, Юҷинг Же, Њ. Танг иштирок доштанд. Дар рўзи ифтитоҳии тренинг муовини вазири фарҳанги Албания хонум Мери Камбе ширкат намуда, ҳозиринро табрик намуд. Аз ҷумла, ў қайд намуд, ки фарҳанг қосиди сулҳ аст ва мо бояд ҳар чӣ бештар риштаҳои дўстиро тавассути ҳамкориҳои фарҳангӣ маҳкамтар намоем.
Дар давоми чор рӯз тренерҳо ба коршиносони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи роҳҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, таҳияи номинатсияҳои муштарак ва миллӣ барои пешниҳод ба рӯйхатҳои ЮНЕСКО, тарзи таълифи лоиҳа барои дарёфти кўмаки байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди омӯзишу инвентаризатсияи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ машғулиятҳо гузарониданд.
Лозим ба қайд кардан аст, ки қаблан чунин тренингҳо дар шакли ҳузурӣ дар шаҳрҳои Бишкек, Алмаато ва Тошканд баргузор шуда буданд. Аммо имсол бинобар паҳншавии вабои COVID-19 тренинги чорум дар шакли онлайн баргузор шуд.