Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.

Вожаи "меҳр" дар асотири Эрони бостон дар шакли Митра аст, ки эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ мебошад. Номи ин ҷашн дар сарчашмаҳои бостонӣ низ ба гунаи Митракона зикр шудааст. Ҷашни Меҳргон аз замонҳои хеле қадим, аз давроне ки қавмҳои ориёӣ ойин меҳрпарастӣ доштанд, боқӣ мондааст.

Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ қиссаву ривоятҳои гуногун зикр шудаанд. Дар яке аз қадимтарин манбаъҳо – «Бундаҳишн» омадааст, ки дар ин рӯз Машӣ ва Машёна – нахустин зану марди рӯйи замин дар аз тухмаи Гайумарт зода шудаанд.

Аммо дар бештари манобеъ шоҳ Фаридунро бунёдгузори ҷашни Меҳргон медонанд. Назар ба ривояти Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим», «... андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он чи аз паси Наврӯз бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш».

 Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» роҷеъ ба ҷашну ойинҳои эрониёти бостон маълумотҳои ҷолиб оварда, бо меҳру муҳаббат ба таъриху суннатҳои ниёкони худ аз онҳо ёд мекунад. Ӯ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар бо рӯзи Меҳргон медонад ва шурӯъи таҷлили ин ҷашнро низ ба ӯ нисбат медиҳад.

 

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як роҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!

 

Асадии Тӯсӣ низ ҳамин мазмунро ба гунаи дигар ба силки назм кашида, Фаридунро поягузори ҷашни Меҳргон хондааст.

 

Фаридуни фаррух ба гурзи набард

Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хӯша меҳр,

Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.  

 

Роҷеъ ба таҷлили ҷашни Меҳргон дар даврони шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва сулолаҳои подшоҳони баъдӣ дар баъзе сарчашмаҳо тасвирҳо ва ишороте ҷолиб мазкуранд. Аз он ҷумла, муаррихи юнонӣ – Ктезиус менависад, ки подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд, бо аҳли дарбор ва бузургон боданӯшию хурсандӣ мекарданд ва ҳатто мерақсиданд.

Дар навиштаҳои таърихнигорони эронӣ ва араб низ дар бораи ҷашни Меҳргон маълумоти зиёде зикр шудаанд. Аз он ҷумла, дар рӯзи ин ҷашн мӯбадон мӯбад лаълиеро, ки дар он лимуву шакар, гули нилуфар, себу хӯшаи ангури сафед ва ҳафт дона муруд гузошта шуда буд, дуоеро зери лаб хонда, назди подшоҳ меоварад.

Дар замони давлатдории Сомониён бузургдошти ҷашнҳои эронӣ ба монанди Наврӯз, Сада ва Меҳргон дар авҷ буд. Аз шоирони ин аҳд, устод Рӯдакию Дақиқӣ ва Фирдавсӣ, дар ашъори худ васфи тирамоҳи заррин ва ҷашни Меҳргонро бо тамоми зебоиҳо ва истиқбол аз он ба ҳайси як ҷашни фарруху хусравонӣ зикр кардаанд. Чунончи,  устод Рӯдакӣ гуфтааст:

 

Малико! Ҷашни Меҳргон омад.

Ҷашни шоҳону хусравон омад. 

Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,

Май ба ҷойи арғувон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту ҷавон омад.

 

Аз ҷашнгирии Меҳргон дар давраи ҳокимияти ғазнавиён ахбори гуногун дар ашъори Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ нисбатан бештар зикр ёфтаанд. Абулфазли Байҳақӣ дар бораи баргузории ҷашни Меҳргон дар замони султон Масъуди Ғазнавӣ, ки худ шоҳид будааст, хабар  медиҳад. Ӯ менависад: «рӯзи якшанбе, чаҳоруми зулҳиҷҷаи соли 428 (ҳ.қ) ба ҷашни Меҳргон нишаст ва аз офоқи мамлакат ҳадяҳо, ки сохта буданд пешкашро, дар он вақт биёварданд ва авлиёу ҳишам низ бисёр чиз оварданд. Ва шуаро шеър хонданд ва силат ёфтанд... Пас аз шеър ба сари нишоту шароб рафт ва рӯзе хуррам ба поён омад».

Аз шуарои аҳди ғазнавиён Манучеҳрии Домғонӣ дар бораи ҷашнҳои эронӣ, аз ҷумла Меҳргон тасвиру ишораҳои бештар дорад.

 

Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,

Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

 

Дар як байти дигар Манучеҳрӣ ёдовар шудааст, ки дар ин ҷашн аз навоҳии кишвар барои шоҳ ҳадяҳову меваҳо меовардаанд.

 

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Норанҷу нору арғавон овард аз ҳар ноҳия.

 

 

Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ба гунаи як иди оммавии мардумӣ бо номҳои сайр ва иди тирамоҳӣ таҷлил мегашт. Устод С.Айнӣ дар асари арзишманди хеш – «Ёддоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ, сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд.

Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ (тагал-гӯсфанди нарина) шурӯъ мешудааст.

Чунин  ҷашнҳо, ки як навъ идомаи ҷашни Меҳргон мебошанд, дар маҳалҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ то ба нимаҳои садаи ХХ барпо мешуданд.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар фасли тирамоҳ ду иди расмии давлатӣ: яке 7-уми октябр – рӯзи Конститутсияи ИҶШС ва дигаре 7-уми ноябр – рӯзи пирӯзии Инқилоби Октябр бо шукӯҳу дабдаба гузаронида мешуданд. Хурсандию тантанаҳои анъанавии мардуми тоҷик, ки дар асрҳои гузашта дар ин фасл ҷараён мегирифтанд, низ дар ин идҳои давлатӣ ҳаллу ҳазм шуданд. Дар даврони шӯравӣ, ки хоҷагиҳо коллективӣ буданд, ба ҷойи Меҳргон «Иди ҳосилот»-ро таҷлил менамуданд. Сарварони хоҷагиҳо дар давоми моҳи октябр, баъди ҷамъоварии ҳосили деҳқониашон дар як рӯзи муайян дар майдонҳои ороста ва ё хирманҳо намунаҳои маҳсулоти худро ба намоиш  гузошта, зери садои карнаю сурнай ва дафу нақора, бо шодбошиҳо ва табрикот иди ҳосилотро таҷлил менамуданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба аслу гавҳари фарҳангии ниёгони хеш бипайвандад ва як силсила ҷашну маросим, намунаҳои олии санъату ҳунар ва арзишҳои дигари анъанавиро эҳёву такмил гардонад. Ҷашни Меҳргон ҳам акнун дар қатори Наврӯз бо шаъну шукӯҳ ва ифтихори тамом дар саросари кишвар баргузор мегардад ва он мояи асосии таблиғу таҳрики кишоварзону боғдорон ва табақаҳои дигари заҳматкаш ба ободонию ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ мебошад

 

Д. Раҳимӣ

номзади илмҳои филологӣ

 

барчасп: