Меҳргон – иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, Ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд. Дар ҳар як гӯшаи боғ бо тартиби муайян намоиши дастовардҳои деҳқонону боғдорони шаҳру навоҳии кишвар ороста шуда буданд. Бонувон аз маҳсулоти бо ранҷи деҳқонон ба даст омада, хони зебое аз анвои нон, таомҳои миллӣ, шириниву маҳсулотҳои хӯрокворӣ таҳия намуда пешкашӣ ҳозирин гардониданд. Аз навъҳои гуногуни ғаладонагӣ рамзҳои давлатӣ (парчам, нишон), харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи завқи баланди ҳунарманд бо тамоми нозукиҳояш ҳамчун мусаввара омода гардида буд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуд.
Аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои илмию амалӣ, техникаҳои гуногуни кишоварзӣ, дар овезаҳои калон манзараи боғдорӣ, тарзи нигоҳдории сабзавоту меваҷот дар шароити гузаронидани зимистон, шакли парвариши тухмиҳо барои мавсими кишт дар фаслҳои гуногуни сол бо нархҳои дастрас ба мизоҷон пешниҳод намуданд. Дар рӯйи сабзазорони боғи мазкур полезиҳои коштаи деҳқонон, аз қабили каду, карам, тарбуз, харбӯза ва дигар наъҳои сабзавот ба тариқи зебою мунаққаш дизайнерӣ гардида буданд, ки аз дохили кадую кӯзаҳо рехтани онҳо диққатҷалбкунанда гардида, ба табиӣ будан сахт шабоҳат дошт. Оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби бонувон ва мардонӣ ҳунарманд манзури тамошобинон шуда буд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати кишоварзӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Меҳргон, ки аз таъриху фарҳанги бою ғании ниёгонамон дарак медиҳад, шодбош гуфтанд. Инчунин дар интиҳо баҳри хушнудии табъи иштироккунандагон намошии театрикунонидашудаи консертӣ баргузор гардид.
Гулзира Каримова
Мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ