Рӯнамои ду китоби нав дар бораи Пешвои миллат

Субҳи рӯзи ҷумъа, 1-уми апрел дар  толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти раёсати Ҷонишини аввали Райиси Иттифоқ Ато Мирхоҷа рӯнамои ду китоб дар бораи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Китоби аввал  “Пешво-ифтихори миллат” НОМ дошт ва он  силсилаи мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки фаъолияти созанда ва бунёдкорона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, анқши воқеъии ӯро чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бозгӯ мекунад.

Шуморе аз муаллифони мақолоти дар маҷмуа гирДоваришуда, аз қабили Ато Мирхоҷа, Абдулҳамид Самад, Гулназар Келдӣ, Зафар Сайидзода ва дигарон дар маҳфил ҳузур доштанд ва суханронӣ карданд. 

Аз ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ гуфт, ки “вақте Эмомалӣ Раҳмон ба сари суккони  киштии ғарқшудаи Тоҷикистон нишаст, кам касоне бовар доштанд, ки ба соҳили мурод хоҳем расид. Оё ин кор осон буд? Ҳаргиз осон набуд ва ба посухи ин савол ҳамеша дар сарам ин андешаи шоирона чарх мезад:”Инро аз мӯйҳои сафеди Эмомалӣ Раҳмон пурсед!”

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, ки борҳо дар сафарҳо Президентро ҳамроҳӣ кардааст, нақлҳои ҷолибу шунидание аз он сафарҳо кард, ки барои ҳозирон мароқангез буданд.

Адиби номвар мегӯяд, “Истиқлолияти давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки дар ҳар гӯшаи сарзамин вай бо мардумаш аз оромонҳои миллӣ бо дарки масъулият озодона ҳарф бизанад. Вале дар ҳама ҳолат басо зебо пайвастани Ҷаноби Олӣ ба шодиву нишоти ҷавонони болаёқат, бо ифтихори бепоён ҳарф заданашон ба дастовардҳои  эшон берун аз ҷумҳурӣ, бунёди иншоотҳои нав, роҳу гулгаштҳо, равнақи ҳунарҳои мардумӣ, осудаву озод ба кори худ машғул шудани пиру барно нишони шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.  Имрӯз ва асрҳои баъд ба Истиқлолияту Ваҳдат чун дастоварди бузурги давлату миллат бояд аҷр гузорем. Ва ин сарчашмаҳои муқаддаси бақои давлати миллӣ ва бахту саодати мардумонро  ҳамеша мисли гавҳараки чашм поку беғубор нигоҳ дорем. Ин барои ҳар фарди озодманишу меҳанпараст фарзу суннат аст”.

Китоби мазкур ба тозагӣ дар нашриёди давлатии “Ирфон” бо талоши Ҳабиб Сулаймонӣ (мураттиб) ва Садриддин Ҳасанзода (муҳаррир) чоп шудааст.

“Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”

Китоби дуюм “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” ном дошт ва он аз ҷониби Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мураттаб шуда буд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор дар мақолаи худ бо номи “Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик” менависад: “Ҳар як давраи таърихӣ ба арсаи сиёсат шахсиятҳои замони худро мебарорад, ки минбаъд адабиёт фаъолият ва корнамоиҳои ӯро ҳамчун оинаи равшани ҳаёт инъикос менамояд. Дар оғози солҳои навадуми асри бист ва аввали асри 21 ҳамин гуна симо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, тамоми дастовардҳо ва пешрафтҳои  соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолият, заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алдоқаманд мебошад. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардонад ва номи тоҷиконро ҳамчун  миллати бофарҳанг ва таърихӣ бештару зиёдтар муаррифӣ намояд”.

Муаллиф аввалин шеъри васфӣ дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмонро шеъри устоди шодравон Лоиқ Шералӣ “Сулҳи деринтизори мо омад” донистааст, ки ба муносибати имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар Маскав иншо шуда, аввалин бор ба истиқболи сарвари давлат дар фурудгоҳ аз ҷониби устод хонда шудааст. Ва дар радифи ҳамин шеър дигар адибон, аз ҷумла Ашӯр Сафар, Меҳмон Бахтӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Ҳадиса, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Хайрандеш, Рустами Озарахш, Давлати Раҳмониён, Рустам Ваҳҳоб, Озарахш ва дигарон  низ шеърҳо сурудаанд.

Китобномаи  “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” аз 3 қист ва 6 рукни таркибӣ мураттаб шудааст.

Дар қисми якуми китобнома номгӯи осори назмии дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор интишорёфта шомиланд.

Дар қисми дуюм адабиёти насрӣ аз 4 боб иборат буда, мураттиб талош кардааст аввал асарҳои  дар назм иншошуда бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, узбекиро мураттаб кунад. барои осон шудани кори пажуҳишгарон дар қисми сеюми китобнома кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудаанд.

Китобнома маводи чопии солҳои 1994-2015 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

Мураттиб бар ин назар аст, ки “дар ин нашр на ҳамаи маводи интишорёфта ворид шудаанд. Иллати аслии номнавис нашудани тамоми маводи  ба мавзуъ ихтисосдошта қабл аз ҳама, дар он аст, ки на ҳамаи маҳсулорти чопии  дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд. Илова бар ин ба таъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонда, барои сари вақт бақайдгирӣ ва феҳристнигории онҳо монеъа эҷод мекунанд”.

 Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” барои хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва омӯзгорону муҳаққиқон ҳамчун дастур ва раҳнамои илмӣ хидмат хоҳад кард.

Китоб дар чопхонаи “ЭР-граф” бо дастгирии Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода ба нашр расидааст.

барчасп: