Дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ниёгони мо ҷашни бошукӯҳи дигаре бо номи Сада доштанд, ки дар меҳвари он оташ қарор доштааст. Яъне ҷашни Сада ба хоири гиромидошти оташ ҳамчун неъмати бузурги табиат таҷлил мегардид. Аз ҷониби дигар ҷашнҳои аҷдодии мо дар заминаи хушку холӣ бунёд нагардида, ҳар кадоме дар давраи муайян ва пайвастагие ба табиату кайҳон доштаанд. Агар ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор ва бо мақсади оғози кишту кор ва мавсими эҳёи табиат баргузор шавад, ҷашни Меҳргон дар фасли поиз ва ба хотири ҷамъбаст ва гирдоварии заҳмати марди деҳқон истиқбол гирифта мешавад. Дар миёни ин ду ҷашни номбаршуда, инчунин ҷашни Тиргон мавҷуд будааст, ки дар фасли тобистон, ҳамчун рамзи обёрӣ, ки маҳз дар ҳамин мавсим табиат ба он ниёз дорад, таҷлил мегардад. Сада низ ҷашни қадимаи ниёгонамон мебошад, ки дар фасли зимистон ба хотири нобуд сохтани дев ва ё намоди сармо, ки дар асотири бостон сардӣ ҳамчун кувваи бадӣ шумурда мешавад, доир мегардидааст.
Муҳимтар аз ҳама, тамоми ҷашнҳои номбаршуда, ба табиат ва ҳодисаҳои табии рабт дошта, маҳз дар айёми махсуси гардишҳои офтоб таҷлил мегарданд. Дар фарҳанги бостон ҷашни Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Баҳман, ки ба рӯзи 30 моҳи январи тақвими григорӣ рост меояд, баргузор мешудааст
Лозим ба ёдоварист, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳ ба ҷашнҳои миллӣ камтар гардида, на танҳо аксари онҳо ҷашн гирифта намешуданд, балки омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ низ бо сабабҳои гуногун ба гӯшаи фаромушӣ афтода буд. Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари расму ойин ва ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардида истодаанд. Дар ин раванд таҳқиқу омӯзиш низ аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи фолклор ва мардумшиносӣ бештар гардидааст, ки баҳри шинохти фарҳанги ниёгонамон хеле муҳим мебошад.
Ин навбат китоби «Сада – ҷашни гармию нур» аз ҷониби олими пуркор, фолклоршинос ва мардумшиноси шинохта, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур дар ҳаҷми 160 саҳифа ва дар нашриёти «Аржанг» бо теъдоди 250 нусха рӯи чоп омадааст. Китоб аз пешгуфтор, беш аз даҳ бахши илмӣ ва хулоса иборат мебошад. Муаллиф дар пешгуфтори китоб аҳамияти таълиф, ва ҷанбаҳои табиию фарҳангиии ҷашни Садаро шарҳ дода, новобаста аз шакли илмӣ доштан онро ба кулли алоқамандони фарҳанги мардум пешкаш намудааст.
Муҳаққиқ дар оғоз оид ба мавқеъ ва ҷойгоҳи оташ дар асотири Эрони Бостон дар такя бо сарчашмаҳои муътамади илмӣ маълумоти батафсил додааст. Сипас дар бахшҳои минбаъда оид ба пайдоиши нахустин оташ дар фарҳанги ниёгон аз ҷониби Ҳушанг; Ривоятҳо дар бораи бунёдгузорӣ ва таҷлили ҷашни Сада; Садда ҷашни анҷоми чиллаи калон; Шеваи баргузории ҷашни Сада дар асрҳои X-XI; Хирпичор идомаи ҷашни Сада дар Бадахшон; Маросими Ҳут бозмондае аз ҷашни Сада; Маросими чоршанбеи охирон ва амсоли инҳо маълумоти илмию дақиқ додааст. Аз таҳлилу хулосабардории ҳар фасл муайян мегардад, ки муаллиф дар ин самт таҳқиқоти комиле анҷом дода, собит менамояд, ки ҷашни Сада миёни мардуми тоҷик новобаста аз омилҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар ягон давру замон ба пуррагӣ аз байн нарафта буд. Ниёгони мо ҳамеша ба оташ арҷгузорӣ намуда, ҷашни Садаро дар шаклҳои гуногун таҷлил менамудаанд.
Дар қисмати охири китоб муаллиф сенарияи намунавии баргузории ҷашни садаро замима намудааст, ки масъулини бахшҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат метавонанд, дар такя ба он баргузории ҷашни Садаро ба роҳ монанд.
Замимаи дигари китоб фарогири шеърҳо дар васфи ҷашни Сада аз ашъори шоирони форсу тоҷик мебошад, ки барои алоқамандони фарҳанги ниёгон хеле муҳим аст.
Инчунин дар охир рӯйхати адабиёти истифодашуда бо тасвири библиографӣ оварда шудааст, ки ба ғайр аз афзудани ҷанбаи илмии китоб, барои муҳаққиқони соҳа дастур ва раҳнамои хуби илмӣ буда метавонад.
Дар маҷмӯъ китоб идомаи силсилаи таҳқиқотҳои муаллиф дар самти шинохти ҷашнҳои миллӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш китоби дигари фолклоршинос Раҳмимӣ Д. таҳти унвони “Тиргон – ҷашни об” аз чоп баромада, пешкаши алоқамандони фарҳанги мардум гардида буд.
Таҳқиқоти нави муаллиф, ки қабл аз баргузории ҷашни Сада рӯи чоп омдааст, армуғони идона ба ҷашни бузурги аҷдодӣ ба шумор меравад. Умедворем, ки муҳаққиқ оид ба ҷашнҳои дигари аҷдодӣ низ таҳқиқотҳои наву тозаеро ба анҷом расонида, дар шакли китоб манзури ҳаводорон менамоянд.
нозади илмҳои филологӣ
Аминов Абдулфаттоҳ