Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Чоп шуд: 29/01/2021Бо чунин унвон рӯзи 28.01.2021 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши рӯнамои китобҳои тозанашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш китобҳои “Тиргон – ҷашни об”, “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ” ва “Сада – ҷашни гармию нур” – и мардумшинос, директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ муаррифӣ гардиданд.