Бо чунин унвон рӯзи 28.01.2021 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши рӯнамои китобҳои тозанашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш китобҳои “Тиргон – ҷашни об”, “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ” ва “Сада – ҷашни гармию нур” – и мардумшинос, директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ҳамагонро ба фарорасии ҷашни Сада муборакбод намуда, дар идомаи суханаш аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26.01.2021) ёдовар шуд, ки воқеан ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар яки мост. Баъдан зимни суханрониаш оид ба унсурҳое, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудаанд, ба таври мухтасар маълумот дода, дар ҳошияи он заҳматҳои муаллифи китобҳои тозанашр – Дилшод Раҳимиро дар таҳияи номинатсияҳо ёдовар шуд.
Сипас, барои муаррифии китобҳои тозанашр риштаи сухан ба Дилшод Раҳимӣ дода шуд. Вай дар атрофи ҷашнҳои қадимии тоҷикон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошанд, ки нисбат ба ҷашнҳои дигари аҷдодони мо шинохтатар буда, хусусиятҳои хосси табиӣ доранд. Ин чор ҷашни қадимии тоҷикон пеш аз ҳама ба чор унсур марбут дониста мешудаанд. Масалан, Наврӯз ба замин, Тиргон ба об, Меҳргон ба нуру рушноӣ ва Сада ба оташ алоқамандӣ дорад. Зеро мардуми тоҷик аз қадимулайём ба чор унсур эътиқоди хосса доштанд.
Сипас, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Н.Амиршоҳӣ суханронӣ намуд. Ӯ дар ҷараёни суханрониаш қайд кард, ки ҷашну маросимҳои анъанавӣ ҳастии миллати мо ба шумор мераванд. Ин чор ҷашн, яъне Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аслан дар давраи истиқлолият мақому манзалати хоссаро соҳиб гардиданд.
Китобҳои нашргардидаи муҳаққиқ Д. Раҳимӣ асоси илмӣ дошта, барои аз байн нарафтан ва рушду такомул ёфтани ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон заминаи хуб гузошта метавонанд. Дар охири суханрониаш Н.Амиршоҳӣ пешниҳод намуд, ки роҳбарияти Вазорати фарҳанг бояд дар таҳқиқоти минбаъдаи муҳаққиқони соҳа ҷиҳати омӯзиши ҷашну маросимҳои мардумии халқи тоҷик мусоидат намояд.
Дар бахши мубодилаи афкор муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Боймурод Шарифзода, ҷонишини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нурзода ва дигарон нисбати китобҳои нашргардида фикру андешаҳои хешро иброз намуданд. Инчунин, ёдовар гардиданд, ки дар шароити кунунӣ мардум нисбати китоб бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд, хуб мешуд, ки ба таври мухтасар муҳтавои китобҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шаванд.
Дар охир, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам З. Давлатзода бори дигар ҳамагонро ба муносибати ҷашни Сада табрику муборакбод намуда, ҳозиринро ба тамошои намоиши аксҳои марбут ба ҷашнҳои миллӣ ва касбу ҳунарҳои суннатӣ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқоти фарҳанг ва иттилоот созмон ёфта буд, даъват намуд.