«Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ»

Рӯзи 4-уми майи соли равон дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ маҳфили навбатии «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ» бахшида ба 110 - солагии шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Сараввал мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Фармон Давлатов оиди ҳаёту фаъолияти Мирзо Турсунзода маърӯза хонда, дар бораи фаъолияти адабиву эҷодии шоири зиндаёд ва қаҳрамони миллат маълумот дод. Баъдан роҳбари маҳфил ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзоев оиди ҳамбастагӣ ва муносибатҳои самимии Турсунзода бо халқ  суханронӣ намуда, порчаҳои шеъриро аз ашъори шоирон дар васфи фарзанди фарзонаи миллат – Мирзо Турсунзода қироат намуд.

Директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти Турсунзодаро, ки аз ҳамсабақону ҳамсолони шоир шунида буд, ҳикоя кард. Ҳамбастагӣ бо халқи одӣ, хоксориву софдилӣ ва ҳазлдӯстии шоирро васф намуд. Ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ  Мирзоева Шарофат чанд хотираеро аз вохӯриҳояш бо Устод Турсунзода дар маҳфилҳои адабии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки солҳои донишҷӯӣ баргузор мегардид, қисса кард. Зимни суханронӣ ӯ иброз дошт, ки «хушбахттарин шахсам, ки замони донишҷӯӣ дар ҳама маҳфилҳои адабӣ, ки бо иштироки Устод Мирзо Турсунзода баргузор мегардид, ҳузур доштам. Ва ин маҳфилҳо имконият дод, ки бо Устод Турсунзода аз наздик шиносоӣ пайдо кунам».

Аз тарафи ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ Шодӣ Қурбонов оид ба хона-осорхонаи Мирзо Турсунзода, воқеъ дар шаҳри Душанбе маълумот пешкаш гардид. Баъдан ӯ чанде аз шеърҳои Устодро дар шакли суруд зам-зама намуд, ки табъи ҳозиринро хеле болида гардонид. Ҳамчунин Саъдӣ Мирзоев дар охир ёдовар шуд, ки др замони шӯравӣ азбаски ҳама қавму миллатҳо муаррифгари Иттиҳоди шӯравӣ буданд, дар гӯшаю канори мухталифи дунё тоҷиконро бо ном гирифтан аз Мирзо Турсунзода мешинохтанд. Чунки ӯ бо ҳамбастагии дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ва Африқо маълуму машҳур буд.

Дар интиҳо мубодилаи афкор сурат гирифт, ки перомуни мавзуи маҳфил кормандони ПИТФИ фикру андешаҳои худро баён карданд.

Баргузор кардани чунин маҳфилҳо ба хотири бузургдошти фарзонафарзандони миллатамон қарзи наслҳои имрӯзу ояндаи давлат аст.

Ифтихор Юсуфов

ходими илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашр

барчасп: