Интишори осори худшиносии миллӣ дар нашриёти «Ирфон»

Дар даврони истиқлол дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба рушду нумўи соҳаи табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин самт аз ҷониби давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул шудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр ба¬рои солҳои 2007-2010», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои дав¬латии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013», таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили ҳамасолаи Рўзи китоб, аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Ин иқдомҳои наҷиб барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани муассисаҳои табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб шароитҳои мусоид фароҳам оварда, дар амалигардонии сиёсати фарҳангии давлат мусоидат намуданд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сиёсати фарҳангии давлат, қабл аз ҳама, ба омўзишу таҳқиқи мероси гаронбаҳои ниёгон, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, зиндаву ҷовидгардонии хотираи таърихӣ, эҳёву азнавсозии ёдгориҳои беназири фарҳангӣ ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни оламшумули тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ равона шуда буд. Новобаста аз вазъи ноором ва ниҳоят мураккабу пурихтилофи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, кормандони муассисаҳои табъу нашр тавонистанд, ки тавассути интишори осори ҷавобгўй ба ниёзҳои ҷомеаи нав дар татбиқи сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд. Бо тақозои талаботи даврони истиқлол таҳияи нақшаи чопи китобҳо, таъ-мини муассисаҳои табъу нашр ба маводи чопу технологияи нав дар шароити иқтисоди бозорӣ дар назди масъулини соҳа вазифаҳои нав гузошт. Илова бар ин, ноширон муваззаф шуданд, ки тавассути фаъолияти гуногунчабҳаи хеш ҳарчи бештар китобҳоеро ба табъ расонанд, ки дархури масоили мубрами замона бошад, барои худшиносиву худогоҳӣ, ташаккули сатҳи маърифату маъ¬навияти мардум мусоидат карда, дар замири онҳо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллиро парвариш намояд. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ моҳият ва аҳамияти Истиқлолиятро фаҳмонида, ба ҷаҳониён симои воқеии давлати нави тоҷикон, таъриху фарҳанг, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва нақшаву ҳадафҳои онро дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намояд. Баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои тарҳрезишуда, дар радифи дигар муассисаҳои интишоротӣ, масъулини нашриёти «Ирфон» сараввал чопи китобҳои марбут ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик, ки сарчашмаи бо¬эътимоди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбанд, ба роҳ монд. Дар ин росто, бо сифати баланд ва ороиши хуби бадеӣ-полиграфӣ чоп шу¬дани китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Роҳи мо ба сўйи ҷомеаи ҳуқуқбунёд», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост», «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлол ва худшиносӣ», «Бо роҳи ваҳдат ва бунёдкориҳо», «Ваҳдати миллӣ мароми мост», «Душанбе – шаҳри дўстӣ ва бародарӣ», «Волоияти қонун ва интизом – тақозои замон», «Масъулият дар назди замон», «Масъулият барои фардои миллат», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (иборат аз 3 ҷилд), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи мил¬лат» (иборат аз 11 ҷилд ба забони тоҷикӣ ва 8 ҷилд ба забони русӣ) барои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, дар ин робита китобҳои «Омўзиши таърих ва тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, «Давлати тоҷикбунёди Сомониён»-и Н. Неъматов, «Давлатдории тоҷикон»-и Ҷ. Тағоев, «Тоҷикшинос»-и Ю. Яъқубшоҳ, «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-и М. Бобохонов ба табъ расиданд. Дар даврони истиқлол барои ошноии ҳарчи беҳтару бештари аҳли ҷомеа бо осори мутафаккирони барҷастаи тоҷик ва дар ниҳоди онҳо парварида¬ни фазилатҳои сутудаи инсонӣ, гиромидошти анъанаҳои ибратбахши ниё¬гон, китобҳои «Андарзнома»-и Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Абўалӣ Балъамӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ, «Осори мунтахаб» ва «Таълиқот»-и Абўалӣ ибни Сино, «Рубоиёти»-и Умари Хайём, «Ҳазор андарз»-и Муҳаммад Ҳиҷозӣ, «Мунтахаботи ғазалҳо»-и Ҳофизи Шерозӣ, «Осори мунтахаб»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Маснавии Маънавӣ» - Ҷалолиддини Румӣ, «Фиқҳи акбар»-и Имоми Аъзам, «Куллиёт»-и ҲоҷӣҲусайни Кангуртӣ ва намунаи ашъори гаронбаҳои Саъдии Шерозӣ, Мирзо Абулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Нақибхони Туғрал зери унвони ягонаи «Саду як ғазал» интишор ёфтанд. Бо мақсади шинос намудани аҳли ҷомеа бо мероси таърихиву фарҳангӣ, бахусус суннатҳои қадимаи фарҳанги моддиву ғайримодии миллати тоҷик, на-шриёти «Ирфон» китобҳои «Ҷашни Наврўз», «Этнографияи Тоҷикистон», «Ме-роси таърихии Хуҷанд», «Наврўзи хуҷастапай», «Наврўз – иди байналмилалӣ», «Ду ҷашни бузурги миллӣ», «Ёдгориҳои меъморӣ ва ҳунарии мардуми Кўлоб», «Ёдгориҳои тамаддуни ориёӣ», «Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-ро (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) нашр намуд. Сарфи назар аз душвориҳои молиявию иқтисодӣ ба нашриёти «Ирфон» муяссар гардид, ки дар доираи имконоти хеш ба нашри китобҳои илмӣ низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Аз ҷумла, рисолаҳои илмии «Аз таърихи афкори фалсафии тоҷик» (муаллиф М. Раҷабов), «Панду андарзи «Шоҳнома» (муаллифон К. Айнӣ, З. Аҳрорӣ), «Аз Кушон то Ёвон» (Р. Мусулмониён), «Рисолаи саргузашти Ибни Сино» (муаллиф М. Султонов), «Меҳрномаи Сино» (муаллиф М. Олимов), «Фахриддини Розӣ» (муаллиф Н. Арабзода), «Ҷалолиддини Румӣ» (муаллиф Р. Ҳодизода), «Фалсафаи иҷтимоии Алии Ҳамадонӣ» (муаллиф М. Султонов), «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар фарҳанги Шарқ» (муаллиф Ҳ. Асоев), «Таърихи афкори педагогикаи халқи тоҷик» (муаллиф К. Қодиров), «Таърихи матбуоти тоҷик» (муаллифон И. Усмонов, Д. Давронов), «Турон» (муаллиф Р. Шарофзода), «Академик Бобоҷон Ғафуров» (муаллиф А. Мухторов) ва осори дастаҷамъонаи олимо¬ни тоҷик: «Сомониён ва эҳёи тамаддуни эронӣ», «Пажўҳиш дар тамаддуни ориёӣ», «Осори таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон», «Рўдакӣ ва инкишофи фарҳанги форсу тоҷик», «Академик Бобоҷон Ғафуров муҳаққиқи таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» интишор ёфтанд, ки барои шинохти воқеии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик ҳамчун сарчашмаи омўзишӣ мусоидат намуданд.

Манбаъ: “Паёмномаи фарҳанг”
Нашрияи илмию таҳлилӣ 2015, № 4 (32)

ПАЁМНОМАИ ФАРҲАНГ – Нашрияи илмию таҳлилӣ 2015 №32

барчасп: