Тараннуми “Шашмақом”

Рӯзи 10-уми майи соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвои «Истиқлолият ва рушду густариши «Шашмақом» дар кишвар» бахшида ба рӯзи «Шашмақом» баргузор гардид.

Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, аҳли нишастро ба “Рӯзи Шашмақом”, ки ҳамасола дар ҷумҳуриамон 12-уми май таҷлил мешавад, муборакбод гуфт.

Ҳамзамон зикр гардид, ки маҳз дар замони истиқлол ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санъати ҳирфавию анъанавии тоҷик рушду такомул ёфта истодааст. Ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардидани номинатсияи “Шашмақом” (муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2008) аз ҷойгоҳи баланд ва аҳамияти оламшумул доштани он дарак медиҳад.

Сипас, дар идома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсенти факултаи мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода Ҳаётой Мӯъминова дар мавзӯи “Рушди санъати миллии “Шашмақом” дар даврони истиқлол” маърӯза хонда, муфассал дар бораи таърихи ин санъати касбии тоҷик, сохтори “Шашмақом”, давраҳои рушду нумӯи он, ба вижа равнақи он дар замони истиқлол маълумоти арзишманд ироа намуд. Дар зимн ӯ қайд кард, ки “Шашмақом” – мусиқии ашрафона буда, он ҳаваскориро намеписандад. На ҳар санъаткор маҳорати шашмақомсароӣ дорад. Барои ҳамин ҳангоми ҷорӣ кардани дарсҳои “Шашмақом” дар мактабҳо бояд матн ба синну соли хонандагон мутобиқ гардонида шавад.

Пас аз он ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Билолиддин Раҳимов таҳти унвони “Вижагиҳои ҳунари шашмақомсароӣ дар шаҳри Панҷакент” суханронӣ кард. Вай дар бораи мактаби Шашмақомсароии Искандар Бобоев ва шогирдони ӯ ибрози ақида намуд.

Тибқи барнома номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти факултаи мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода Мурод Эшонқулов дар мавзӯи “Устодони “Шашмақом” – мутрибон ва гирдоварандагони мусиқии суннатӣ (дар мисоли Шоҳназар Соҳибов)” маърӯза намуд. Эшонқулов М. Оид ба кору фаъолият ва саҳми Шоҳназар Соҳибов дар рушди нумӯи санъати “Шашмақом” ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.

Дар бахши мубодилаи афкор Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Мастона Эргашева, доктори илмҳои педагогӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Хоҷаев Қурбон, доктори илмҳои филологӣ Мурод Муродӣ, директори нашриёти “Ирфон” Қурбон Ғуломзода, ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Кузиев Ҷумъабой ва дигарон фикру андешаҳои хешро оид ба жанри Шашмақом ва роҳу воситаҳои рушди он баён намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби М.Муродӣ дар бораи нақши ВАО дар инъикоси санъати “Шашмақом” пешниҳодҳои назаррас баён шуд. Ӯ иброз дошт, ки хусусан дар се ҷанба – ба мардум расонидани маълумот дар бораи иқдоми Сарвари давлат, ки 12-уми май ҳамчун “Рӯзи “Шашмақом” эълон гардида буд. Бо шарофати ин дар ҳама ҷо таронаҳои “Шашмақом” танинандоз гардиданд; ташкили озмунҳо, кашфи истеъдодҳои нав. Ҷиҳати ба мардум расонидани чорабиниҳои мазкур ва иштирок дар озмунҳо мусоидат намуд; баррасии масъалаҳои “Шашмақом”, яъне дар қатори муҳаққиқону олимон рӯзноманигор низ дар рушд ва густариши “Шашмақом” саҳмгузор буданд. Ин ташаббуси ВАО дар ҷомеа фазои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ ба вуҷуд омад.

Дар идомаи ҳамоиш аз тарафи баромадкунандагон як қатор пешниҳодҳо шуд. Аз ҷумла:

  • Дар ҷумҳурӣ Фестивали байналмилалии “Шашмақом” ташкил карда шавад;
  • Хуб мешуд, ки сомонаи интернетии “Шашмақом” таъсис дода шавад. Зеро тавассути сомона мардуми ватанӣ ва хориҷӣ, хусусан сайёҳон дар бораи санъати суннатии мардуми тоҷик “Шашмақом” маълумоти гуногунро дарёфт менамоянд;
  • Ташкили “Шоми Шашмақом” дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу коллеҷҳо, қатъи назар соҳаи таълим. Бо чунин роҳ ҷавононро ба мусиқии касбӣ, аз ҷумла “Шашмақом” метавон ҷалб намуд;
  • Ташкили соатҳои васеъ дар дарсҳои суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Чунки барои ошно шудан бо жанри “Шашмақом” ва онро хубтар дарк кардан бояд аз овони хурдсолӣ таълим гирифт.

Дар бахши фарҳангӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷумъабой Қузиев, устодони мусиқии Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода Эшонқулов М., Яъқубов Баракатулло ва донишҷӯи курси 1-уми факултаи мусиқӣ-омӯзгории донишкадаи номбурда Баракаев Абдумалик ва дигарон намунаи таронаҳоро аз жанри “Шашмақом” сароиданд.

Конференсияи илмӣ-амалии «Истиқлолият ва рушду густариши «Шашмақом» дар кишвар» бо намоиши китобҳо бахшида ба санъати суннатии Шашмақом ба анҷом расид. 

Носирова Лайло

Котиби илмии ПИТФИ

барчасп: