Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкорона барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар ва ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии миллату давлат аст, бо ҷашн гирифтани солгарди абармардон ва олимону шоирони тоҷик, пеш аз ҳама, ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанхоҳӣ мардумро баланд бардоштанд.
Бахусус, соли 1999 Ҷашни 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён баргузор гардид ва ба ин муносибат дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт, ки имрӯз зиёратгоҳи хосу ом аст. Ҳамчунин, дар осорхонаи он, ки дар таҳхонаи паси муҷассама воқеъ гардидааст, нусхаи хурди мақбара сохта шуда, мушти хоки мадфанаш низ гузошта шудааст. Он хеле хурд ва назарногир буда, аксар вақт дари он бастааст.
Дар Тоҷикистон дар асоси ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатииҶумҳурииТоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 -Ордени Исмоили Сомонӣ иборат аз се дараҷа барои шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон муайян шуд. Ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир гузошта шудааст.
Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтор ва дигар шаҳру ноҳияҳо маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардида, ба номи ӯ хиёбону кӯчаҳои шаҳраку ноҳияҳои гузошта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки давлати Сомониён - аввалин давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст. Ҳукмронии ин сулола 180 сол идома ёфта, солҳои 819 - 999 – ро дар бар мегирад. Давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ(892 - 907) ва амир Насри II (914 - 941) айёми гулгулшукуфии давлати Сомониён ба ҳисоб меравад. Исмоили Сомонӣ дар давраи ҳукмрониаш дузду ғоратгарони дохилиро нест кард ва ба ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини турк хотима гузошт. Аз ҳама муҳим, соҳибистиқлолии нахустин давлати тоҷиконро ба даст оварда, тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳиднамуд. ДавлатиСомониён ҳудуд имрӯзаи Тоҷикистон,Ӯзбекистон, Афғонистон қисман Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Эронро дар бар мегирифт, ки марказаш шаҳри Бухоро буд.
Маҳз дар ҳамин давра сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи «Шоҳнома»Абулқосим Фирдавсӣ, олимони машҳур Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Ҷайҳонӣ, Балъамӣ ва дигар шоирону мутафаккирони маъруф зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар ин давра илму ҳунарва санъат ривоҷу равнақ ёфта, адабиёти хаттии форсӣ- тоҷикӣ ташаккул ёфт.
Дар урфият мегӯянд, ки «Бузургонро бузургон мешиносанд» ё «Бузургонро бузургон зиндаву поянда медоранд». Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки мадфани шоир Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрези Эрон дастрас гардид, ки онро 21 марти соли 2015 ба муносибати таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба мақбараи рамзӣ гузоштанд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ иброз доштанд, ки то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд.
Гумбази муҳташаму осмонии мақбараи шоирро шонздаҳ сутуни мармарии сафеду сурх бар душ дорад. Баландии он 25 метр аст. Дар назди мақбара ҳайкали шоир қомат афрохтааст, ки баландиаш 13 метр мебошад. Ҳамзамон, бо ҳидоят ва иқдоми наҷибу адабпарваронаи Сарвари давлат ҳавлӣ ва чорбоғи меросии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ барқарор ва Боғи адабию фарҳангии ба номи ин ситораи осмони адаб таҷдид карда шуд. Бо шарофати ин иқдоми наҷиб ҳар рӯз ин маҷмааро ҳазорҳо зоирони дохилию сайёҳони хориҷӣ зиёрат мекунанд.
Ҳамин тавр баъди 7 сол - 21 марти соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақбараи Ҷалолиддини Балхиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ намуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия, ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи ӯ гузошта шуд. Минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд. Пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ», «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар байни осори таърихии олами ислом мақбараи асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Ин осори беназир дар қисми қадимаи шаҳри Бухоро, ки ҳоло фарогири боғи зебост, воқеъ гардидааст. Қаблан дар ин ҷо қабристоне вуҷуд дошт, ки ҳоло осораш намондааст. Мувофиқи маълумоти таърихӣ мақбара дар нимаи дуюми асри 9 сохта шуда, баъди садсолаҳо қисман хароб гардид. Дар асри 20 он тармим ва намои аввалааш барқарор гардид. Дар дохили бино се гӯр, аз ҷумла қабри Исмоили Сомонист. Намуди берунии мақбара хеле ҷолиб буда, бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар сохтмони мақбара маводи ороишии қиматбаҳо истифода нашудааст. Зиннати асосии он пайвасти зебову нафис ва маҳками хиштҳои ороишист. Зимни тармими мақбара меъморони муосир тавонистанд, ки намои муҳташами онро барқарор намоянд. Мақбара асрори нуҳуфтаи худро дорад. Хусусияти деворҳои хиштии бино дар он зоҳир мегардад, ки дар вақтҳои мухталиф вобаста ба афканиши нури офтоб ранги он тағйир меёбад.
Хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ меъморони ду ҷумҳурии бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон хусусиятҳои хоси ин осори қиматбаҳои таърихиро омӯхта, нусхаи онро дар Душанбе бунёд намоянд. Ҳамзамон, боз мушти хоки мадфани асосгузори аввалин давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ аз Бухоро ба Душанбе оварда шавад, то зиёратгоҳи мардуми шарафманди мо бошад.
Мунаввари Сафар,
ходими калони илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ