Тӯйи домодию арӯсӣ дар тамоми мамолики дунё аз дӯстдоштатарин ва фаромӯшнашавандатарин ҷашн маҳсуб мешавад. Ин ҷашн ҷамъбасти кулли орзую омоли ҳар як волидайн баҳри фарзандон ва таҷаллии ба ҳам омадану шартан зану шавҳар шудани ду инсон аст. Бинобар дар ҳар давлату миллат он бо расму оинҳои ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик низ мисли дигар миллатҳои дунё ҷашни домодию арӯсӣ мавқеи хосеро доро буда, дар ҳар минтақаи тоҷикнишин (натанҳо дар Тоҷикистон) вобаста аз мавқеи сукунат, бовару эътиқод ва иқлим маросим ва ананаҳои ҷашни домодию арӯсӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ низ ҷашни домодию арӯсӣ бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос барпо мегардад ва дар худ анъана ва маросимҳои махсусро дорад.
Анъанаи «оши бачаҳо» аз маъмултарин бахши тӯйи домодию арӯсӣ, ҳамчунин хатнасури ин деҳ маҳсуб меёбад. Мардуми ин минтақа хуш надоранд, ки дар бахши асосии ин ҷашн кӯдакон пеш-пеши пой даванд ё дар хонаи меҳмонон нишаста, ба дастархон даст дароз кунанд. Бинобар ё як руз пеш ё саҳари барвақти рӯзи тӯй дар деги калон ё ҳарир ё ош пухта, тамоми кӯдакони деҳаро даъват мекунанд.
Ба нақли калонсолон ва ҷавонони деҳа тақрибан 10-15 сол пеш ҳар хонавода ду ё се косачаи алюминӣ ва табақчаи алюминӣ доштанд. Ва ин зарфҳои хурокхӯрӣ барои ана ҳамин анъанаи «оши бачаҳо» барои бачхуно (кӯдакон)-и хонадон буд. Агар кӯдакон саҳар ба «оши бачаҳо»даъват мешуданд, бо худ косачаро мебурданд, агар як рӯз пеш дар нисфирӯзӣ табақ. Аммо бо гузашт ва пешрафти замон ҳеҷ кас ҳоло ин зарфҳоро истифода накарда, онҳо имрӯз ба сифати хӯрокгармкунак ё дам додани деги ош хизмат мекунад.
Дар ин маросим кӯдакони то 15- сола даъват мешаванд. Ва мардҳои соҳибхона даст пеши бар «марҳамат, хуш умадетун, нури дида, тоҷи сар» ба ин меҳмонони хурдсол адои хизмат мекунанд. Дастурхони барои кӯдакон густурда ягон каму костагӣ аз дастурхони барои калонсолон густурда надорад. Фақат ин анъана ба хотири калонсолон ҳам бошад, бештар ба хурдтаракон шодию сурур мебахшад, зеро кӯдакон худро як узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисобида, қадру манзалати хос доштанашонро байни калонсолон дарк мекунанд.
Ба нақл аз куҳансолон агарчӣ имрӯзҳо ба ин ош танҳо писарбаччаҳо даъват шаванд, пештар духтарбачаҳо низ меомаданд ва ба ҳама якҷо хӯрок мекашиданду дар сари як дастурхон мешинонданд. Амммо рафта- рафта дастурхони духтарчаҳо ҷудо шуду баъдан омадани онҳо ба ин ош аз байн рафт. Аммо баъзе хонаводаҳо рӯзи оши занон саҳар барои духтарчаҳо ҳарир мепазанд ва духтарбачаҳои то 10- сола ба ҳарири тӯйӣ меоянд.
Аммо як чиро бояд зикр кунем, ки 20-22 сол пеш дар деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Рӯдакӣ (пеш Ленин) ин анъана роиҷ буд. Зеро худи муаллиф дар хурдсолияш зимни рафтан ба хонаи бобояш ба ин ноҳия рӯзҳои ҷумъа бо духтарбачаю писарбачаҳои деҳа ба масҷид барои хӯрдани «оши кӯдако» мерафт. Ва чанд калонсолони деҳаҳои Ҷамоати Саркиштӣ низ зимни сӯҳбат тасдиқ кардаанд, ки пештар оши кӯдакон дар ин минтақа низ роиҷ буд. Лек ҳоло аз байн рафтааст. Аз ин ёддоштҳо метавон хулоса кард, ки ин анъана дар дигар манотиқи водии Ҳисор мумкин барпо мешуд. Аммо як чиз аниқ аст, ки анъанаи «оши бачаҳо» то ҳанӯз ҷузъи муҳими ҷашни арӯсию домодӣ ва хатнасури деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ маҳсуб ёфта, ба қавли мардуми ин деҳ «Тӯйи бе оши баччаҳо мисли чӯпони бекафшу маҳсӣ аст» .
Фарангиси Ф, ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ