Activities calendar

29 июня 2022

“БЕҲТАРИН”-МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶ

Рӯзи 10 июни соли 2022 дар толори кинотеатри “Кохи Наврӯзнамоиши филми мустанади Муҳсин Раҳимӣ,  коргардон, раиси бахши форсии радиои“Ал-Кувайт”-и Давлати Кувайт, мубаллиғи фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, бо номи «Беҳтарин», ки дар қолаби як достони ишқӣ–романтикӣ фарҳангиён ва ҳунармандони тоҷикистонӣ ба навор гирифта ...

барчасп: 

НАМОИШИ “АСАРҲОИ РАССОМОНИ РУС АЗ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”

23 июни соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид. Шарифзода Муртазо, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табрик гуфта, ба робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар, аз ҷумла, саҳми рассомони рус дар тарбияи рассомони тоҷик баҳои баланд дод.

барчасп: 

ИҶЛОСИЯИ XVI ОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МАРДУМИ ТОҶИК БУД Сӯҳбат бо ходими давлатӣ Адолат Раҳмонова ба муносибати 30 –юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ

- Адолатбону, чуноне мегӯянд, дунёи хотирот касро бо роҳи тайшуда бармегардонад, ки он пур аз шебу фароз, комгориву нокомӣ, шодиву нороҳатист ва гоҳо дили инсонро тазйиқ медиҳаду гоҳо саршори фараҳ мегардонад. Шумо ҳамчун вакили мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ фаъолона ширкат доштед. Аз он рӯзгор чӣ хотираҳое боқӣ мондааст?

барчасп: