23 июни соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Шарифзода Муртазо, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табрик гуфта, ба робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар, аз ҷумла, саҳми рассомони рус дар тарбияи рассомони тоҷик баҳои баланд дод. Дар ҳамоиш Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо ииштирок доштанд.
Дар намоиш 62 мусаввараи рассомони рус қабили офаридаҳои И. К. Айвазовский, А, А. Дейнека,, А. К. Саврасов, Б. М. Кустодиев, В.А. Серов,В. Е. Маковский, И. Н. Крамской, И. Е. Грабар, И. Е. Репин, И. И. Левитан, П. С. Шилтсов, В. И. Суриков, И. И. Шишкин, Ю.И.Пименов, Ю. П. Кугач ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шуд
.Мусаввараҳои дар намоиш пешниҳодгардида тамошобинонро бо сабки хосаи ҳар як рассом, ҷаҳони тахайюлот ва рангини рассомӣ ворид намуда, табиат, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кишвари русро дар давраҳои мухталифи таърихӣ муаррифӣ менамояд.
Мақсад аз баргузор намудани намоиш инъикоси робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Федератсияи Россия буда, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштанизавқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад.
Намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” то рӯзи 23 августи соли 2022 идома меёбад.
Мунаввари Сафар