“БЕҲТАРИН”-МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶ

Рӯзи 10 июни соли 2022 дар толори кинотеатри “Кохи Наврӯзнамоиши филми мустанади Муҳсин Раҳимӣ,  коргардон, раиси бахши форсии радиои“Ал-Кувайт”-и Давлати Кувайт, мубаллиғи фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, бо номи «Беҳтарин», ки дар қолаби як достони ишқӣ–романтикӣ фарҳангиён ва ҳунармандони тоҷикистонӣ ба навор гирифта шудаанд,  баргузор гардид. Муҳсин Раҳимӣ сенарияи филми мазкурро соли 2016 навишта, чун ҳар сол, ки ба ҷашни Наврӯз меомад, қисматҳоеро барои филми «Беҳтарин» ба навор мегирифт. Чунин сабк ҳанӯз соли 1960 дар Фаронса тавлид ёфт ва хеле маъруф аст. Ният дошт, ки ин филмро дар Наврӯзи соли 2020 ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намояд, то онро ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҷонан намоиш бидиҳанд. Вале бо сабаби паҳн шудани  куруно дар тамоми олам ва қатъи иртибот ва равуо дар байни кишварҳо нақшаи ӯ ду сол ба таъхир афтод. 

Дар оғози филм Нотия Амин ном  хонуми эронӣ, ки дар Лондон кору зиндагӣ мекунад ба Тоҷикистон омада, бо доктори илми филология, профессор Абдусамад Муллоев вохӯрда, аз ӯ дар бораи ба навор гирифтани ҷашни Наврӯз  дар шаҳру деҳот маслиҳат мепурсад. Абдусамад рӯзи дигар Нотияро бо Сиёвуш (Давлат Раҷабов, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода) ном ҷавонмард шинос мекунад. Сиёвуш аз аввал то охири филм аз пайи ҷустуҷӯи Беҳтарин ном духтаре, ки 25 сол қабл вохӯрда ҳамдигарро дӯст дошта буданд, мегардад ва воқеан бо беҳтарин ҳунармандони касбу кори гуногун, аз ҷумла, бо беҳтарин дӯзандаи либос, беҳтарин карнайзан, беҳтарин гӯяндаи байтҳои халқӣ, беҳтарин наққош, раққос, чопандоз ва ғайра дар шаҳру деҳот  вомехӯрад.Зимнан ҳунар, санъати баланд ва маҳсули дасти ҳунармандон намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, бинанда шоҳиди муҷассамаи Ленин дар назди мағозаи “СССР” ва амволи давраи Шӯравӣ,либосҳои наврӯзии корхонаи дӯзандагии “Хуршед, баромади ҳунармандони  Театри давлатии опера ва балети ба номи  Айнӣ, намоиш дар Театри Лухтак, Боғи ботаникӣ ва дарахти панҷсадсолаи он, рақси духтарони чаканпӯш, баромади карнаю сурнайнавозон  мегардад.

Чуноне ки зикр кардем, Сиёвуш ҳамеша аз дунболи  дӯстдоштааш Беҳтарин мегардад ва ба Нотия нақл мекунад, ки 25 сол қабл бо роҳбарии Мирзо  ва Неъмат аз рустову навоҳии атрофи пойтахт барои ташкили дастаи раққосаҳо духтаронро ҷалб карданд. Дар байни онҳо духтаре бо ҳусну ҷамол ва маҳорати рақсаш аз дигарон фарқ мекард.  Ба назари Сиёвуш духтар бо зебоиву истеъдод, ва ҳусни рафтору гуфтор беҳтарин буд. Бинобар номашро Беҳтарин ном гузошт, ки бо ин ном маъруф шуд  Онҳо ҳамдигарро дӯст доштанд. Вале Мирзо ҳам ӯро дуст медошт ва дар ҳолати мастӣ даст ба домони духтар мезанад ва билохира духтарчаеро ба дунё меорад. Байни Сиёвушу Мирзо баҳсу мунозира ва ҷангҷол чанд муддат идома меёбад. Чун Мирзо аз ӯ духтарча дошт бо Беҳтарин издивоҷ мекунад. Сиёвуш ватанро тарк карда, муддати тӯлонӣ дар кишварҳои хориҷӣ мегардад, вале ишқи аввалин ва муҳаббати Беҳтаринро аз дил бадар карда наметавонад. Инак, баъди  25 сол “ба ҳар кую дар сар мезанад” ва Беҳтаринро суроғ мекунад, Чанд маротиба ба таги ҳамон чанори яккаи азиме, ки берун аз пойтахт, дар он ҷо аҳду паймон баста, дар шохаи он ба умеду нияти хонадоршавӣ латтапорае баста буданд, меояд. (Назар ба боварҳои мардумӣ  ҳар касе чи орзуву нияте дошта бошад, ба таги дарахт ё арчаи назди мазоре ё чанори куҳансоле, ки ба он мардум эҳтиром қоиланд, омада матлаби худро баён мекунаду ба умеди амалӣ шудани нияти хеш латапорае мебандад). Боре зимни ба назди он дарахт омадан мебинад, ки чавоне якчанд латтапораҳоро мекушояд.Ӯ дар ҷавоби пурсиши Сиёвуш, ки чаро латаҳоро мекушояд, мегӯяд, даҳ духтарро таги чашм карда будам, яктоааш туғрӣ шуд. Агар он нуҳтои дигараш туғрӣ шавад, “каппаам дуд мекунад” Бинобар ҳамин онҳоро кушодам.  Бори дигар Сиёвуш зимни интизорӣ, ки шояд Беҳтарин ба ин ҷо ояд, шоҳиди он гардид, як гурӯҳ духтарон омада латапора бастанду  дастҷамъона суруд хонданд. Бахусус нақароти “Азизи ман ту куҷоӣ, баҳор мегузарад”, ӯро хеле мутаассир кард. Сиёвуш аз ҳамкорони собиқаш фаҳмида буд, ки Мирзову Беҳтарин баъди чор соли издивоҷ аз ҳам ҷудо шудаанд.  Чун аз ҷустуҷӯи Беҳтарин дар шаҳри Душанбеву рустоҳои атрофи он муроде ҳосил нашуд, ба зодгоҳаш деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, ки Мирзо низ дар он ҷо зиндагӣ мекард, меравад, то суроғаи дӯстдоштаашро аз ӯ пурсад. Сафари ӯ ба деҳаҳои Дарғу Каздон, ки бо ҳам муҷовиранд ба рӯзҳое тасодуф афтод, ки мардум Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар ин ҷо низ  тамошобин ба урфу одат ва ҳаёти  мардуми кӯҳистон, ба рақсу суруду байту таронаҳои наврӯзӣ ва шодиву хурсандии хурду калон дар рӯзҳои эҳёи табиат ошно мешавад. Сиёвуш бо беҳтарин ҳунармандони деҳа, аз ҷумла, бо Мирзо  вомехӯрад.  Мирзо ба пурсиши ӯ дар бораи Беҳтарин хунсардона,посух медиҳад, ки кайҳо боз аз ҳам ҷудо шудаанду намедонад дар куҷост. Зимни вохӯрӣ бо ҳамдиёронаш аз ҷумла, мӯйсафед, муаллим, духтур, фурӯшанда бо дилсӯзӣ мепурсанд, ки ин қадар солҳо дар куҷо буд ва насиҳат мекунанд, ки ишқи Беҳтаринро аз дил бадар кунад. Сиёвуш аз нақли ҷавоне, ки бо тамоми ҳастӣ хеле зебо мерақсиду рӯймоли сараш зимни рақс гӯё ҳадя ва нишонаи духтари дӯстдоштааш буду волидон монеъи ба хам расиданашон шудаанд, хеле мутаассир шуд. Ҳамзамон, таънаву буҳтони номардонаи наққош, ки дар масҷид машғули кор буду ӯро ба вайрон кардани оилаи Мирзо ва ҷудо шудани онҳо гунаҳгор кард, ба сутуҳ овард.Ӯ меҳмони фурӯшанда мешавад, ки меҳмонхонаи наққошӣ ва зебову барҳаво дорад.  Мизбон сари хони пурнозу неъмат барои хушнудии меҳмон байтҳои халқиро бо тамоми маҳорат месарояд. Ҳамзамон, лаҳзаҳои бузкаширо нишон медиҳад, ки чобуксаворон ба ҷои буз як туқумеро кашокаш менамоянд. Ин тадбир албатта, бо талаби коргардон сурат мегирад ва аз хираду андеша ва дарки мӯйшикофона оид ба ин масъала гувоҳӣ медиҳад. Муҳсин хуб медонист, ки  тамошобинони филм асосан хориҷиёнанд ва он дар аксари мамлакатҳои дунё намоиш дода мешавад. Бинобар ин агар бузи ҳақиқиро кашокаш намоянд, хориҷиён моро ба ваҳшигию бераҳмӣ айбдор мекарданд.  Вале дар филм паҳлавон ва тозандаи беҳтарин Хайриддин, ки дар ноҳияҳои Айниву Мастчоҳ назир надошт, аз чӣ бошад, ки нақш набозидааст. Ин нақшро Мирзошариф ном устои кандакор бозидааст. Худованд ҳар дуро раҳмату мағфират кунад. Дар филм ҳамчунон, манзараҳои зебои деҳа хонаҳои хушсохти барҳавои замонавӣ,  макотиби сеошёнаву дуошёна, масоҷиди қадимаи зебои наққошӣ ва дорои гунбази зарандуд, боғоту киштизор, доманаҳои пургулу гиёҳҳои кӯҳҳои сарбафалаккашида ва қуллаҳои сарсафеди онҳо бахусус, мардуми меҳмондӯсту хушсару либоси миллӣ ба навор гирифта шудааст.

Сиёвуш ба шаҳр бармегардаду боз ба умеди дидани Беҳтарин ба зери ҳамон дарахти орзу меояду интизор мешавад ва ӯро садо мекунад. Чӯпони мӯйсафеде бо рамаи гӯсфандонаш пайдо шуда, аз асли воқеа огоҳ мегардад ва бо далелҳои муътамад исбот мекунад, ки ҳама чиз дар дунё тағирёбанда аст ва он беҳтарин нест,  боз беҳтаринҳои дигар ба вуҷуд омадаанду боз меоянд. Бинобар ҳамин ӯро ба зиндагии ҷадиде талқин мекунад ва иброз медорад, ки умр сармояи зиндагии инҷахонист. Онро ба беҳудагӣ нагузаронад. Бо ҳамин дар ҳаёти Сиёвуш таҳаввулоте рух медиҳаду аз муҳаббати Беҳтарин даст мекашад.

Тамошобин аз аввал то охири филм  дар баробари дидани фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва рустоҳо, вохӯрии Сиёвуш ва Нотия Амин бо беҳтариин ҳунармандон ва намояндагони касбу кори гуногун дар ҷустуҷӯи Беҳтарин ба ваҷд меояд ва хеле мехоҳад, ки шоҳиди  мулоқоти Сиёвушу Беҳтарин бошад. Вале чуноне ки зикр кардем, мақсад муаррифии фарҳанг, ҳунар, урфу одати мардуми шарифи Тоҷикистон, табиати мулаввану зебову ҷаззоби он ва ҷалби сайёҳони хориҷист.

МУҲСИН РАҲИМӢ КИСТ

Ҳанӯз моҳи марти соли 2019 бо муаллифи филми мазкур дар шаҳри Душанбе шинос шудам. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки аз соли 2001 дар телевизиони Кувайт ба ҳайси мухбир шомил шуда, аз ҳамон сол бо суфарои кишварҳои хориҷ дар Кувайт дар иртибот буд. Соли 2014 дар бахши форсии радиои Кувайт ба кор даромад.

- Радиои мо ғайридинӣ ва ғайрисиёсӣ яъне, радиои фарҳангӣ ва саргармкунандаи қишри мутавассити ҷомеа аст, - мегӯяд Муҳсин Раҳимӣ, - соли 2014 хоҳарам аз Эрон ба ман дар бораи Тоҷикистон маълумот дод ва назари маро дар бораи сафар ба Тоҷикистон пурсид. Ман то ин вақт дар бораи Тоҷикистон чизе намедонистам. Аз интернет оид ба сафорати Тоҷикистон маълумот пайдо карда, ба он ҷо рафтам. Моро консул Низомҷон хуш истиқбол гирифт. Баъдтар бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода шинос шудам, ки ӯ маро аз лаҳзаҳои аввали мулоқот бо самимияташ тасхир кард ва маслиҳат дод, ки дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон оям ва ин кишвари афсонавиро бо табиати зебояш дар хориҷи кишвар муаррифӣ ва тарғиб намоям. Сипас, тавассути радио таронаҳои тоҷикиро мешунавондем.

Сафари аввалини Муҳсин ба Тоҷикистон дар Наврӯзи соли 2015 иттифоқ афтод, ки бо ҳунармандони гурӯҳи «Падида» ва «Базморо» суҳбат дошт. Аз ҳама муҳим, тантанаҳои наврӯзиро дар Наврӯзгоҳ, бузкаширо дар Қаратоғ ва манозири зебои боғҳои пойтахтро ба навор гирифт. Дар маҷмӯъ як филми 46 - дақиқагӣ пайдо шуд бо номи «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон». Филм соли 2016 омода шуд ва онро дар кишвари Финландия дар фестивал - озмун ба намоиш гузошт, ки мақбули ҳамагон гардид ва яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард.

«Ҳамон тавре ки саҳронишинон дар ҳаёташон беш аз ду рангро намебинанд: тираву рӯшан, яъне рӯз равшану шаб сиёҳ. Ба ҳамин хотир, мардҳо либоси сафед мепӯшанду занон либоси сиёҳ. Сокинони Тоҷикистон ба хотири пурра будани рангҳо дар табиати зебову афсонавиаш либосҳои мулавван мушобеҳи манзараҳояш мепӯшанд», - омадааст дар филми ҳуҷҷатии Муҳсин Раҳимӣ «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон».

Филми мустанад ду маротиба аз телевизиони Кувайт пахш шуд, ки чунин намоиши такрорӣ кам ба иттифоқ меафтад. Филми мазкур дар қатори 20 филми мустанади беҳтарин дар фестивали Қазони Россия ба намоиш гузошта шуд. Он дар оғоз оҳангҳои тоҷикиро муаррифӣ карда,  сипас, лаҳзаҳои ҷолиби Ҷашни Наврӯзро дар  бар мегирад. Филми мустанади «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон» дар Ҷашни Наврӯзи соли 2019 панҷ маротиба аз шабакаи Би-Би-Си намоиш дода шуд. Ин шабака дар саросари ҷаҳон беш аз 25 миллион бинандаи форсизабон дорад. Ба гуфтаи Муҳсин Раҳимӣ дар Кувайт зиёда аз 40 ҳазор форсизабон сукунат дорад. Радиои бахши форсӣ аз соли 1974 фаъолият дорад ва алъон ҳар рӯз ду соат пахш мегардад.
Соли 2016 филми мустанади Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар се қисмат ба навор гирифт ва дар телевизиони Кувайт пахш гардид, инчунин, нусхаи онро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд.  Дар он олимони тоҷик Худои Шариф, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон аз ҳаёт ва осори Устод Рӯдакӣ иттилооти комил ва ҷамил доданд. Соли 2018 барои филми мустанади Ибни Сино мусоҳибаҳо орост ва онро омода  намуд, ки телевизиони Кувайт намоиш дод.

Соли 2016 зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт он суратҳое, ки Муҳсин дар Наврӯзи соли 2015 дар Тоҷикистон гирифта буд, ба намоиш гузошта  шуд. Ҳамин тавр, он расмҳо ҳангоми омадани Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Кувайт низ ба маърази  тамошо  гузошта  буданд.
Мавриди зикр  аст, ки Муҳсин Раҳимӣ то соли 2015 ба кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Арманистону Озарбойҷон сафар карда, филмҳои мустанад бардоштааст. Ҳафт сол ин ҷониб бо гирифтани рухсатӣ дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон меояд. Бо тарғибу ташвиқи ӯ беш аз 70 дӯсту пайванду ҳамкоронаш ба зиёрати Тоҷикистон омадаанд. Ӯ воқеан, ошиқи Тоҷикистон аст, мардуми тоҷик, табиат ва фарҳангашро сидқан дӯст медорад.

-Дар ҳақиқат Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, дарро ба ман боз кард ва ман ошиқи Тоҷикистон шудам, -мегӯяд Муҳсин Раҳимӣ,-эҳтиромам нисбат ба ӯ аз тағову амакам бештар аст. Зеро ӯ маро контрул мекунад. Чун ба сафари Тоҷикистон омодагӣ  мебинам, Зубайдулло ғамхорона мепурсад, ки чаро барои худат либос нагирифтаӣ? Мегӯям, ки аз «Корвон» мегирам. Пас чаро ҳадяҳоро аз ин ҷо харидӣ, метавонистӣ онҳоро низ аз «Корвон» дастрас намоӣ, кунҷкобона мепурсад ӯ. Мехоҳам ҳадяҳоям навиштаҷоти кувайтӣ дошта бошанд, - мегӯям дар ҷавоб. Аз ҷавобам қаноатмандона  ба китфам даст мегузорад.

-Чанд рӯз дар беморхона будаму Зубайдулло ду бор бо телефон  ҳолпурсӣ кард. Нагуфтам, дар беморхонаам ва нахостам бароям нигарон шавад. Чун бори саввум телефон карда хоҳиш намуд, ки чорабиниеро дар сафорат ба навор гирам. Маҷбур шудам, бигӯям дар бемористонам. Баъди чанд муддат чашм кушода Зубайдуллоро дар болои сарам дидам, ки бо як дилсӯзию меҳрбонӣ даст ба сарам гузошта буд. Аз ин ҳолат ба риққат омадаму гиристам.

-Мирзошариф ном кандакор аз деҳаи Дарғдар филм нақши аспсавору бузкашро мебозад. Вақте мурдани ӯро фаҳмидам, гиря кардам. Ба он хотир гиря кардам, ки натавонист худро дар филм бинад, -иброз дошт Муҳсин ва илова кард,- филм беҳтарин нест, номи филм «Беҳтарин» аст, мақсад муаррифии фарҳанги мардуми Тоҷикистон аст. Ғайр аз ин барои ман кофист, ки як кӯдаки дарғӣ ва ё он духтарони ятимхона зимни рақс худро дар филм бинанду хурсанд шаванд.

-Агар сайёҳе ба кишваре ояд, пешравию муваффақият ва навоқиси он мамлакат зуд ба чашмаш мерасад. Чун оқои Муҳсин чанд сол ин ҷониб ба Тоҷикистон меояд ва муҳаббати хосае ба он дорад, дар ин хусус чӣ гуфтан мехоҳад?

МАН ДАР ТОҶИКИСТОН  КИШВАРИ ОРЗУҲОЯМРО ДАРЁФТАМ

-Оре, ман Тоҷикистонро  ҳамчун Ватани хеш дӯст медорам. Чуноне ки зикр кардам, чашми маро ба ин мамлакат сафири Тоҷикистон дар  Кувайт Зубайдулло Зубайдов боз кард. Ман дар ин ҷо кишвари орзуҳоямро дарёфтам, ки онро сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо хиради азалӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ӯ абармардест, ки нагзошт каёни Тоҷикистон бар бод биравад. Агарчи Истиқлолият ҳадяи ноб будааст, аммо ба расмият шиносондани Тоҷикистони мустақил ба ҷаҳониён то ба имрӯз дастовардест, бениҳоят азим, арзишманд, ки талоядори он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Баъзан бо ашхосе вомехӯрам, ки аз сари носозгорӣ  бо Тоҷикистон ва ҳасаду бадандешӣ гуё иддаои демократӣ дошта бошанд. Ба онҳо акси пайсаҳои Тоҷикистонро аз телефони мобилиам нишон медиҳаму мегӯям, ки дар онҳо  на президент балки олимону шоирон ва сиёсатмадорони собиқ акс ёфтаанд. Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби мардум аст. Ман ба ӯ эҳтиром қоилам ва дар ин бора гуфтаниҳои зиёде дорам.

-Баъзе аз дӯстон  ба ман эрод мегиранд, ки Муҳсин фақат суруду рақс, фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва шодиву фараҳро ба навор мегирад ва аз навоқис чашм мепӯшад. Дар ҷавоб гуфтам, бале ман фақат фарҳанг ва нишоти мардумро нишон медиҳам. Филмҳо дар бораи фироқу ҷудоиву талоқ хеле зиёданд. Ман мехоҳам сулҳу шодиву хурсандӣ бошад.

-Боре бо яке аз дӯстонам дар хиёбони Сомонӣ қадам мезадем, ки талбандае омад. Чун пайсае додем, он ҳамроҳам хиҷолат кашиду гуфт, ки инҳо моро шарманда мекунанд. Гуфтам: - На, чунин талбандахо дар тамоми кишварҳои дунё вуҷуд доранд. Аз ин набояд изо кашид. Ҷавоне осемасар аз мо пеш гузашта дар канори роҳ нос туф кард, ки он паҳн шуд. Гуфтам, талбандагиву носкашӣ ҳар ду одати баданд. Вале аз носкашӣ бояд хиҷолат кашид, зеро сайёҳони хориҷӣ ба ин одат эрод мегиранд.

-Мехоҳам ҳадяҳое аз Тоҷикистон ба дӯстонам барам. Ба мағозаҳо медароям, одамакҳои гилиро бо чашмони танг мебинам. Ман наметавонам онҳо бихарам, чун  симои тоҷикона надоранд...

Аз суҳбат бо Муҳсин эҳсос кардам, ки гуфтаниҳои зиёд дорад. Ҳанӯз соли 2019 барои овардани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ дар паҳлуи Зубайдулло Зубайдзода буду ба ӯ ёрӣ расонд.  Чӣ рӯзҳои мушкилеро аз сар гузаронданд. Дар баробари кӯдакон гиря мекарданду ба онҳо ғамхорӣ менамуданд ва нишоти онҳоро медоштанд ва беш аз ҳама аз он хурсанд буданд, ки супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд.

Бо Сиёвуш (Давлат Раҷабов, корманди ФилармонияиТоҷикистон), ки дар филми “Беҳтарин” нақши асосиро мебозад, ҳамсуҳбат шудам. Ӯ зимни вохӯрӣ гуфт, ки Муҳсин хонаи падариашро дар Эрон фурӯхта, маблағи онро барои рӯи навор омадани филмҳояш, аз ҷумла “Беҳтарин” сарф кард.

Қабл аз оғози намоиши филми “Беҳтарин” дар озмуне, ки дар Қазон баргузор гардид, Парчами Кувайтро бардоштанд. Муҳсин Раҳимӣ эътироз баён кард ва нагузошт, филмро намоиш диҳанд, то он даме ки парчами Тоҷикистонро низ бардоштанд.

Зимни суҳбат гуфтам:

-Муҳсин, ту беш аз як шаҳрванди Тоҷикистон ба кишвари мо хидмат кардаӣ, мехоҳам дафтари хотирае оид ба ҳаёту фаъолиятат иншо намоям.

-Хеле хуб, (механдад) номашро “Ману Муҳсин” гузор. Муташаккирам.     

Ба ин мубаллиғи Тоҷикистон муваффақият таманно намуда, умед дорем, ки филмҳои офаридаи ӯ фарҳангу табиати биҳиштосои мамлакатамонро дар хориҷи кишвар муаррифӣ ва ҷалби сайёҳонро афзун мекунад ва, беш аз ҳама,чун як шаҳрванди содиқ  барои баланд бардоштан обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муносиби худро мегузорад.

Мунаввари Сафар


 

барчасп: