Натиҷагирӣ аз сафари хидматии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон

Бо мақсади омӯзишу таҳқиқи қасру хонаҳои фарҳанг, клубҳо ва китобхонаву осорхонаҳои ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон гурӯҳи ходимони илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ҳайати Абдуллоев Акобир (роҳбари гурӯҳ) Табаров Нурулло ва Шарифзода Фирдавс сафари хидматӣ анҷом дода шуд. Тадқиқот дар асоси лоиҳаи илмии Пажӯҳишгоҳ “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол (барои солҳои 2021-2025)” ҷараён гирифт. Он натиҷа ва дастовардҳое, ки муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои номбурда дар давоми солҳои истиқлолият ба даст оварданд, мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифт.

Натиҷаи сафари хидматӣ нишон дод, ки муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон  дар ҳолати муътадил қарор доранд. Дар ҳарду ноҳия ҳам қасрҳои фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ таъмиру тармим шуда, кормандон дар шароити хуби корӣ фаъолият доранд. Хусусан филармонияи халқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба номи Одина Ҳошим аз ҷониби Сарвари давлат азнавсозӣ карда шудааст. Филармония соли 2021 баъд аз навсозӣ ва таъмири капиталӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷуммҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар Филармония мардумии ба номи Одина Ҳошим ҳамагӣ 25 нафар санъаткорон ва кормандони хоҷагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ директорони қарс, хонаҳои фарҳанг ва клубҳо ба филармония ҷалб карда мешаванд, чунки директорони ин муассисаҳо бештар навозандаю сароянда буда, аз рӯи ихтисос кор мекунанд. Дар филармония шароити кории хуб барои фаъолияти санъаткорон муҳайё карда шудааст ва ба сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ низ ҷавобгӯ аст. Бо яке аз устоди собиқадори санъати ноҳия Абдусалом Раҳимов мутриб ва оҳангсози равияи мусиқии суннатии тоҷик ҳамсуҳбат шудем, ки солҳои зиёд дар филармония кору фаъолият мекунад.

Дар баробари филармония дар клубу қаср ва хонаҳои фарҳанги ноҳияҳо низ чорабиниҳои фарҳангӣ аз рӯи нақша гузаронида мешаванд. Вазъи кунунии қасру хонаҳои фарҳанг ва осорхонаҳои ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон ошкор сохт, ки ҳар як муассисаи фарҳангӣ мувофиқи нақшаи солона фаъолияти эҷодии худро пеш мебарад. Бо бахшу раёсати фарҳанги ноҳияву вилоят ҳамкории зич доранд. Аммо дар клубҳои ҷамоатҳо фаъолият дар сатҳи нисбатан суст қарор дорад. Чунки бештари клубҳои ҷамоату деҳотҳо аз ҷиҳати шароити бино таъмирталаб мебошанд. Дар ин муассисаҳо як ё ду нафар корманд буда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба бахши фарҳанги ноҳия ҷалб карда мешаванд. Аз рӯи гуфтаҳои кормандони соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон, инчунин аз мушоҳидаҳои олимони Пажӯҳишгоҳ ба хулосае омадан мумкин аст, ки рафти кори клубҳо ва касрҳоро ба замони муосир мутобиқ кардан зарур мебошад. Зеро бархеи онҳо бо самтҳои гуногун ба монанди марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ фаъолият карда истодаанд. Вале дар қисме аз онҳо фаъолият ғайриимкон аст. Мудирони клубҳо метавонанд бо ҷалби мардуми маҳаллии соҳибистеъдод, шахсони соҳибкор клубҳоро таъмир намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил кунанд.

Дар давоми сафари хидматӣ аз кормандони соҳа ва шаҳрвандони ноҳияҳои зикргардида, маводҳои зиёдеро дар шаклҳои хаттӣ, аксҳо, сабтҳои овозӣ ва видеогӣ ҷамъоварӣ намудем. Хусусан барои ба даст овардани маводи дақиқу саҳеҳ усули пур кардани пурсишномаҳо натиҷаи дилхоҳ дод. Дар натиҷаи пур кардани пурсишномаҳо аз ҷониби мудирони қасру клубҳо, кормандони соҳаи фарҳанг ва истиқоматкунандагони ноҳияҳо  мутахассисони соҳа маводҳои зарурӣ  ҷамъоварӣ шуд. Инчунин маълум гардид, ки дар фаъолияти кормандони хонаҳои фарҳанги ноҳияҳо баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Қисме аз навозандагону сарояндагон бо асбобҳои созӣ таъмин нестанд. Либосҳои саҳнавӣ барои кормандони соҳаи фарҳанг дар ноҳияҳои номбурда норасо мебошад. Ҳангоми баргузор кардани чорабиниҳо онҳо аз раёсати фарҳанги вилоят ва ё шаҳри Душанбе либосҳои саҳнавиро тариқи иҷора дастрас менамоянд.

Дар ҷараёни сафар то қадри имкон аз қасру хонаҳо ва клубу осорхонаҳо дидан намуда, бо ҳунармандону санъаткорони ноҳияҳо ҳамсуҳбат шудем. Зимни сафар ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон дар баробари ҷой доштани кабудиҳои ҷойдошта пешравиҳои зиёдеро низ мушоҳида намудем, ки ин барои аҳли фарҳанг боиси ифтихор буд. Масалан барои гузаронидани ҷашнҳо ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Пешвои миллат баҳои баландро сазовор шудаанд, ки боиси ифтихор ва дилгармии кормандон гардидааст.

 Пешниҳодҳо:

  1. Таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои мазкур зарур мебошад;
  2. Муасисаҳои фарҳангиро бо асбобҳои мусиқӣ ва сару либоси саҳнавӣ таъмин бояд кард;
  3. Шароити муасисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба фаслҳои сол (гармо-сармо) мутобиқ бояд бошад;
  4. Бо кадрҳои соҳибитисос таъмин кардани муасисаҳои фарҳангиро бояд дар мадди аввал гузошт;
  5. Зарурати баланд бардоштани маоши ходимони муасисаҳои фарҳангӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

 

Мудири шуъбаи фаъолияти  

иҷтимоӣ-фарҳангӣ    

                                      Абдуллоев Акобир

 

барчасп: