Мутобиқ ба мавзӯи илмии Пажӯҳишгоҳ “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” ва дар асоси фармоиши Директори ПИТФИ №38 аз 03.05.2022, мо, гурӯҳи олимони шӯъбаи фаъолияти китобдорӣ дар ҳайати мудири шӯъба С.Наимов ва ходимони пешбари илмӣ Ш.Комилзода ва М.Акобирова, барои омӯзиши вазъи фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҷамъоварии мавод оид ба дастовардҳои муассисаҳои мазкур дар даврони истиқлол, рӯзҳои 10-19 майи соли 2022 ба шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сафари хидматӣ ба анҷом расонидем.
Тибқи нақшаи корӣ, мо, дар навбати аввал бо иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Савсан Шарифзода вохӯрда, дар рафти сӯҳбат устод Комилзода Ш. мақсади асосии сафари мазкурро, ки ҷамъоварии мавод ва таҳқиқи илмии равандҳои рушди соҳаи фарҳанги вилоят таи сӣ соли соҳибистиқлолӣ мебошад, изҳор намуд. Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки фарҳанг, бахусус тамоюли ҷаҳонишавии он, аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри ХХ1 буда, дар низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои азими сохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаю зуҳуротҳои мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Зеро, дар ин радиф талабот нисбат ба сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими навро ба ӯҳда хоҳад гирифт, ба маротиб меафзояд. Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо такя ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ”, “Дар бораи осорхонаҳо”, инчунин Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду зерсанадҳои вобаста ба соҳаи фарҳанг, дар ҳар як марҳилаи такомули давлатдории миллӣ таи сӣ соли истиқлолӣ як қатор барномаҳои рушди фарҳангиро дар миқёси вилояти Хатлон қабул ва иҷро намудааст. Айни ҳол, муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии вилоят фаъолияти худро тибқи “Барномаи рушди фарҳанг дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2025”, ки бо қарори Раиси вилояти Хатлон аз 15 марти соли 2016 тасдиқ карда шудааст, ба анҷом расонида истодаанд.
Дар доираи барномаҳои тасдиқшуда таи солҳои сипаригардида дар самти бунёду азнавсозӣ, таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва таъмини онҳо бо таҷҳизотҳо чораҳои мушаххаси назаррас андешида шудаанд. Тибқи Маълумотномаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба ҳолати 1 апрели соли 2022, дар вилояти Хатлон 492 китобхона, 286 клуб, 35 боғи фарҳангӣ, 22 осорхона, 22 мактаби бачагонаи мусиқӣ, 11 ансамбли тарона ва рақс, 1 ансамбли рақсии “Ситора”, 3 театри касбӣ, 5 театри халкӣ, 3 ансамбли касбии вилоят, 3 филармонияи халқӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯшониён ва Восеъ фаъолият намуда, дар хизмати халқ мебошанд.
Таҳлили ҳисоботи омории ба мо пешниҳодшуда нишон дод, ки аз 492 китобхонаи айни ҳол дар вилоят амалкунанда 3 китобхона вилоятӣ, 25 китобхонаи марказии СМК шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 50 китобхона-филиали СМК-и шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 413 китобхона-филиали деҳотии СМК ва 26 китобхонаи бачагона мебошанд. Ҳаҷми фонди китоби китобхонаҳои вилоят дар маҷмӯъ 2.536797 ададро ташкил дода, аз ҷумлаи он 915902 (36,1%) нусха ба забони тоҷикӣ, 1.360493 (53,6%) нусха ба забони русӣ ва 260402 (10,3%) нусха ба дигар забонҳо мебошад. Кормандони китобхонаҳои вилоят дар маҷмӯъ 966 нафар (аз ҷумла, 729 нафар зан, 237 нафар мард) буда, аз ҷумлаи онҳо 755 нафар китобдор (яъне корманди асосӣ) ва 211 нафар корманди техникиро ташкил додаанд. Аз ҷумлаи 755 нафар китобдор, 88 (11,7%) нафар дорои таҳсилоти олии касбӣ, 323 (42,8%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ, 130 (17,2%) нафар дорои таҳсилоти олии ғайрикасбӣ, 112 (14,8%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсуси ғайрикасбӣ ва 102 (13,5%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар даврони истиқлол дар шаҳрҳои Кӯлобу Норак ва 10 ноҳияи дигари вилоят аз ҷониби шахсони воқеӣ 12 китобхонаи шахсӣ ташкил дода шудаанд, ки фонди китобии онҳо дар маҷмӯъ аз 106192 нусха иборат буда, ба забони тоҷикӣ 72225 китоб, ба забони русӣ 23003 китоб ва ба дигар забонҳо 10964 китобро дарбар мегирад. Китобхонаҳои шахсии дар ноҳияҳои Восеъю Мӯъминобод ва Ховалингу Ҳамадонӣ воқеъбуда дар маҷмӯъ дорои 3190 номгӯйи китобҳои электронӣ ва 3720 номгӯйи китобҳои нусхабардоришуда (сканер) мебошанд.
Тавре аз Маълумотномаи ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоднамудаи Раёсати фарҳанги вилоят оиди дастовардҳои соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон дар 26-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар ин давра, тибқи барномаҳои давлатии компютерикунонии муассисаҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг, аз 492 китобхонаи дар вилоят амалкунанда ҳамагӣ 27 (5,5%) китобхона дар маҷмӯъ бо 195 адад компютер, 77 адад принтер, 14 адад сканер ва мактабҳои бачагонаи санъати 25 шаҳру ноҳияи вилоят бошанд, бо 3 ададӣ компютер ва 1 ададӣ принтер таҷҳизонида шудаанд.
Тибқи Маълумотномаи ба мо пешниҳодшуда бармеояд, ки дар солҳои 2020 ва 2021 довталабони зиёде аз вилояти Хатлон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар соли ҷорӣ бошад, Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – феврали соли 2022, №АП154 тасдиқ гардидааст, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ҳамаи бахшҳои фарҳангиии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шудааст. Даври якуми озмуни мазкур аз 10 майи соли 2022 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардида, то 8 июли соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2022, № АП-156 ба ҳамаи бахшҳои фарҳанг, китобхонаҳои вилоятӣ, марказӣ ва китобхона-филиалҳои шаҳру ноҳияҳо нақша-чорабинӣ ва мактуби Раёсати фарҳанг аз 22.02.2022, №116 ирсол гардида, омодагиҳо рафта истодаанд ва дар доираи озмуни мазкур чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардида истодаанд. Ҳамзамон даври мактабии озмун дар муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардида, даври шаҳрию ноҳиявии он аз моҳи июн дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Дар Раёсати фарҳанг ба мо маводи заруриро асосан оид ба панҷ соли охир, яъне солҳои 2017-2021, пешниҳод намуданд. Аз ин лиҳоз, мо, бо мақсади ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намудани маводи зарурӣ оид ба дастовардҳои муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии вилоят дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ ва дар асоси мактуби Директори ПИТФИ (№80 аз 10.05.22) ба Бойгонии давлатии вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Вале, мутаассифона, директори Бойгонӣ М.Гулзода бинобар бемориаш дар ҷойи кориаш ҳузур надошт ва моро корманди Бойгонӣ Саодат Шафоева қабул намуд. Дар натиҷаи азназаргузаронии маводҳои Бойгонӣ маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои вобаста ба рушди фарҳанги вилоят дар Бойгонии мазкур танҳо то соли 1984 вучуд дошта, ҳуҷҷатҳои даврони истиқлол умуман ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз, аз С.Шафоева хоҳиш намудем, ки ба мактуби мо ба тариқи расмӣ ва дар мӯҳлати муқарраршуда бо зикри сабабҳои мавҷудияти чунин норасоӣ ҷавоб пешниҳод намоянд.
Масъалаи дигаре, ки дар нақшаи сафари хизматии мазкур ба назар гирифта шуда буд, ин омӯзиши таърихи таъсисёбӣ, фонди китоб ва вазъи фаъолияти библиографии Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буд. Дар Китобхонаи мазкур моро муовини директор Розия Қосимова қабул карда, ба мо барои шинос шудан бо таърихи таъсисёбӣ, ҳайати кормандон ва сатҳи таҳсилоти онҳо, ҳаҷми фонд ва вазъи фаъолияти библиографии Китобхонаи мазкур тибқи Саволномаи тартибдодашуда мусоидат намуд. Китобхонаи мазкур соли 1978 ба ҳайси китобхонаи вилоятӣ таъсис дода шуда, таи 33 сол таҳти унвони “Китобхонаи вилоятӣ ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Қӯрғонтеппа” фаъолият намудааст. Дар даврони истиқлол бошад, бо Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 30 ноябри соли 2011, №321 дар заминаи Китобхонаи номбурда ва Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ муттаҳид ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин” номгузорӣ шудааст. Китобхона аз 10 воҳиди сохторӣ, яъне шӯъбаҳои “Пуркунӣ ва коркарди адабиёт”, “Хизматрасонии оммавӣ”, “Нигоҳдории китоб ва матбуоти даврӣ”, “Автоматикунонӣ ва технологияи компютерӣ”, “Илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳии библиографӣ”, “Намоиши китобҳои нав”, “Толори хониши бачагона”, “Хизматрасонии бачагона”, “Коркарди китоби бачагона”, “Фонди захираи китобҳои бачагона” иборат мебошад.
Мувофиқи таҳлили пешакии маълумоти ба мо пешниҳодшуда муайян карда шуд, ки айни ҳол дар Китобхона 73 нафар корманд фаъолият дорад, ки аз ҷумлаи онҳо 52 нафар кори китобдориро иҷро менамоянд. Аз ҷумлаи ин 52 нафар 12 (23,0%) нафар дорои таҳсилоти олии касбӣ, 17 (32,6%) нафар дорои таҳсилоти олии ғайрикасбӣ, 21 (40,3%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ, 2 (3,8%) нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсуси ғайрикасбӣ мебошанд. Фонди китоби Китобхона 85204 нусхаро ташкил додааст, ки 97 нусхаи он ба Китобхона дар се моҳи аввали соли 2022 ворид гардидааст.
Дар Китобхона феҳристҳои алифбоию мураттабӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ вуҷуд доранд, вале, дар мавриди азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки онҳо азнавсозӣ ва таҳрири ҷиддиро тақозо менамоянд. Картотекаҳо низ воҷиби ташкилу тарғиб мебошанд.
Директори Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ Хоҷамардова Майдагул дар мавриди сӯҳбат изҳор дошт, ки Китобхонаи мазкур соли 1980 таъсис дода шуда, мувофиқан, дар соли 2011 бо Китобхонаи вилоятӣ муттаҳид ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин” номгузорӣ шудааст. Айни ҳол ин ҷо 14 нафар китобдор фаъолият доранд, ки аз ҷумлаи онҳо дорои таҳсилоти олии касбӣ 1 (7,1%) нафар, дорои таҳсилоти олии ғайрикасбӣ 6 (42,9%) нафар ва дорои таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ 7 (50,0%) нафар мебошанд. Фонди китоби Китобхона 77731 нусхаро ташкил додааст. Дар ин Китобхона ягон намуди феҳристу картотека вуҷуд надорад.
Дар рафти сафари хизматӣ мо ба ноҳияи Кӯшониён рафта, бо фаъолияти китобхонаҳои Системаи марказонидашудаи ноҳия шинос шудем. Зимни сӯҳбат бо Директори Китобхонаи марказии ноҳия Валиев Муҳаммадзоҳир ва таҳлили пешакии маълумоти дастрасшуда муайян карда шуд, ки ба Системаи марказонидашудаи китобхонаҳои ноҳия ҳамагӣ 33 китобхона шомил буда, аз ҷумлаи он 1 китобхонаи марказӣ, 32 китобхона-филиал ва 1 китобхонаи бачагонаро ташкил додаанд. Фонди умумии ин китобхонаҳо 129998 нусхаро дарбар мегирад.
Дар Гузориши мазкур мо асосан доир ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар даврони истиқлол маълумот додем. Таҳлили муфассал дар хусуси кабудию норасоиҳои бамиёномада ва роҳҳои бартараф намудани онҳо минбаъд дар асоси маводи электронии ҳангоми сафари хизматӣ доир ба мавзӯи таҳқиқот ҷамъоваришуда, ки матни он тақрибан 43,75 ҷузъи чопиро (700 саҳ.) ташкил медиҳад, ба анҷом расонида мешавад.
Ходимони илмии шӯъбаи фаъолияти китобдорӣ