Сурхӣ як навъи хӯроки субҳонаест, ки дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ онро мепазанд. Сурхӣ таъмаш як каме ба ҳарири тӯёнаи ин минтақа монанд аст, аммо тарзи пухтанаш каме дигаргун аст.
Сурхиро одатан дар фасли зимистон дар ин минтақа мепазанд, зеро миҷози ин хӯрок хеле гарм буда, ба табиати сарди кӯҳистон мутобиқ аст. Бинобар дар ин деҳа барои чӯпонон ҳамеша зирбаки онро омода сохта медиҳанд, то ин ки дар кӯҳистон хунукии барфу тарма ба ба онҳо таъсир накунад. Ва ҳатто мақоле байни мардуми ин деҳа ҳаст, ки «чӯпони бе сурхӣ ё тӯъмаи гург мешавад ё таги тарма мемонад». Манзур аз «таги тарма мондан»-ин аз хунукӣ ях зада мурдан аст.
Тарзи омода кардани сурхӣ нозукиҳои хоси худро дорад. Таомули мардуми Каздон ин аст, ки онҳо қариб ки равғани офтобпарастро истифода намебаранд, хусусан дар таомҳои миллии хоси ин минтақа ва дар фасли сармо бошад бештар ё аз равғани зағир истифода мебаранд ё пахта. Сурхиро низ барои аҳли хонавода аз равғани пахта ва зағир омода месозанд, аммо зағирашро камтар, барои чӯпонон бошад, баракс - равғани зағирашро зиёдтар мерезанд, новобаста аз он ки таркибаш дунбаи гӯсфанд дорад.
Тарзи таҳияи сурхӣ низ каме заҳматталаб аст. Зеро одатан зирбаки онро дар ду дег омода месозанд. Дар деги якум танҳо ордро мезирбонанд. Дар деги дуюм бошад пиёз, дунба ва гуштро.
Тарзи пухтани сурхӣ: дар деги начандон калон равғани зағирро рехта, ҷӯш мекунанд ва баъди он ки ҳавли равған ба мисли дуд баромад, аввал ягон чӯбаки гӯгирдро мепартоянд, то ин ки орд насӯзад. Баъдан ордро меандозанд ва то сурхи ҷигарӣ шуданаш хуб таф медиҳанд, аммо намесӯзонанд. Баъд дегро аз оташ гирифта, деги дигарро мемонанд. Деги дуюмро аввал каме гарм карда, сипас равғани пахтаро мерезанд (барои чӯпонон бошад, каме боз равғани зағир илова мекунанд), вақте равған гарм шуд, (ҷуши бад не), аввал пиёзро меандозанд, вақте пиёз тиллоиранг шуд, дунбаро меандозанд. Зеро агар гуштро андозанд, пиёз шилмак мешавад. Дар охир гӯштро бо намак илова карда мезирбонанд. Сабаи дар охир илова кардани намак дар он аст, ки агар ҳамроҳи пиёз намакро илова кунанд, пиёз мулоим мешавад. Аммо шарти сурхӣ ва ҳарир дар он аст, ки пиёз дар дохили ин ду таом бояд қоқаки киричаскунанда бошад. Вақте зирбак хуб пухт, онро аз болои алов гирифта, деги орди сурхкардаро боз аз сари нав болои оташ мегузоранд. Одатан хуҷагиҳо(оилаҳо)-е, ки калонанд сурхӣ (ҳамон орди сурхкардаро) зиёдтар омода карда, захира мемонанд. Бинобар як деги дигари тозаро болои оташ монда, аввал ба миқдори зарурӣ сурхиро андохта, аммо на мисли ҳарир суст, балки мисли қаймоқ ё шири гӯсфанд (аз атола каме сусттар) ғафстар мекунанд. Вақте сурхӣ бо об ҷӯшида, болояш буч- бучак (кафкчаҳои болои отола барин) кард, зирбаки пештар бо гушту пиёз ва дунбаи гӯсфанд тайёркардаро илова мекунанду як бор мекобанд, то ин ки ҳамаи маҳсулот хуб бо ҳам омехта шавад. Аммо зиёд намеҷӯшонанд, як сар ки ҷӯшид зуд аз болои оташ мегиранд. Ва ин сурхӣ мисли шавлаи тунук мешавад, ки агар бо кафгир аз масофаи баландияш дуртар резем, мисли асал ғоз медиҳад. Ин хӯрок воқеан бомазза аст ва ба бовари мардуми ин деҳ агар дар зимистон аз ин хӯрок ақалан ҳафтае як маротиба истеъмол кунӣ, хунукиҳои чандсоларо аз бадани одам мебарорад. Ва агар занҳои навтаваллудкарда аз ин хӯрок хӯранд, баданашон хунукиро намегирад ва саломатияшон осеб намебинад. Болотар аз ин сурхӣ беҳтарин дору барои рафъи қариб ҳамаи намуди зуком будааст. Пас тавсия медиҳем, ки дар зимистон аз ин хӯрок барои бемор нашудан истеъмол кунед, зеро «пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар ва беҳтар аст».
Фарангиси Ф, ходими калони илмии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ