Гуфторҳои таърихии радио ва ташаккули худшиносии миллӣ

(дар мисоли гуфторҳои адабӣ-таърихии Радиои «Тоҷикистон» солҳои 1980-1990)

Пахши гуфторҳои таърихӣдар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио хоса дар  солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”.

Ин аст, ки пахши барномаҳои таърихии Радиои «Тоҷикистон», асосан, ба солҳои истиқлолияти кишварамон рост меояд. Дар чанд соли охир бо шукуҳу шаҳомат қайд намудани 1100-солагии ташкилёбии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби «Авесто», Соли бузургдошти Тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, 1150-солагии Абуабдуллои Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам ва даҳҳо ҷашну маъракаҳои дигар аз эҳтирому бузургдошти таъриху тамаддуни гузаштагонамон гувоҳӣдиҳанд, аз тарафи дигар, ин рў овардан ба омўзишу таҳқиқи амиқтари таърихи халқамон, равшанӣандохтан ба саҳифаҳои норавшани он маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, инъикоси ин санаҳо ва дар асоси он таҳия намудани гуфторҳо рисолати касбии радио буда, барои оммавӣгардидани дастуру супоришҳои сарвари давлат ва афкори ҷомеаро ташаккул додан нақши созгор дорад.

Асосан, дар Радиои Тоҷикистон гуфторҳои таърихӣ дар 2 шакл: яке ба шакли барномаҳои маъмулӣ, ки хусусияти илмӣ дорад ва факту рақам асоси он аст, дигар ба таври хониши бадеӣ ва хониши адабӣ, ки марҳилаҳои таърихиро бо образи бадеӣ ифода мекунад, таҳия шудааст. Ҳангоми омўзиш ва пурсуҷў аз кормандони собиқи радио маълум гардид, барномаҳои ҷудогонаи маъмулӣ, ки ба таърихи халқи тоҷик алоқаманд бошад ба таврҳои гуногун солҳои пеш таҳия шудаанд, вале сабти наворҳо маҳфуз нест. Нахустин барномаи радиоӣ, ки сирф ба таърихи тоҷикон алоқаманд, бо номи «Қироат ва тафсири «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров» [1] аз идораи адабӣдар соли 1989 сабт гардида, 4 гуфтори онро пайдо кардем, ки асосан ба таври суҳбат омода шудааст. Барнома, асосан аз руҷуи муҳаррир Ҳусейн Назруллоев оғоз мешавад ва барои рушанӣандохтани мавзўъ суҳбати узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (равоншод) Аҳрор Мухторов ва ходими илмии иниститути таърих, археология ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Дониш Шавкат Шарифов истифода шудааст. Барномаи мазкур ба ифтихори 90-солагии зодрўзи академик Б. Ғафуров ба нақша гирифта шуда буд. Мавзўи гуфторҳоро, асосан, сабабҳои таълифи китоби «Тоҷикон», вазъияти таълиф, шуҳрати ҷаҳонии китоб, тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣва инъикоси ҳолатҳои гуногуни таърихиро фаро мегирад.

Ҳарчанд ин гуфтори бунёдии идораи адабӣбо сатҳи баланди мазмуну муҳтаво ва бо ҷалби таърихшиносони маъруфи тоҷик таҳия шуда бошад ҳам, ба гумони ғолиббо сабабҳои оғози низоҳои дохилӣсолҳои 90-ум сабти он қатъ гардидааст.

Гуфтори дигари таърихӣ, ки ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён соли 1999 ба вуҷуд омад, ин силсилагуфтори маъруфи «Дар масири таърих» аст, ки дар пешниҳоди 2 донишманди тоҷик яке номзади илми таърих (равоншод) Маъруф Исоматов ва номзади илми филология Баҳриддин Ализода манзури шунавандагон гардид. Ин мавод аз ҷумлаи гуфторҳои беҳтарини хазинаи радиои тоҷик ба ҳисоб рафта, хусусияти омўзишӣ дорад. Баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ба ҳолати муқаррарии зиндагӣбаргаштани ҷомеа зарур омад, зеро ҳолати рўҳии ҷомеа баъди созиши сулҳ дар ҳолати асабонияти равонӣгирифтор буд, мардум на бар ҳар сухани афрод бовар мекарду ба он пайравӣмекард. Дар ин росто зарур омад, ки ба воситаи дастраси ягонаи ҳамагонӣва нисбатан мавқеи миёнадошта, аз ҳодисаҳои таърихӣдарси ҳамдигарбахшию даъват ба ҳамбастагӣтарғибу ташвиқ шавад. Бо назардошти ин талаботи маънавӣ, гуфтори «Дар масири таърих» ба вуҷуд омад. Аз омўзиши он маълум гардид, ки он дар асоси китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таҳия шудааст, вале агар бо диққат гўш андозем аён мегардад, ки аз дигар сарчашмаҳои таърихии алоқаманд ба сарнавишти тоҷикон низ истифода шуда, ин кор дар навбати худ ҷолибияти гуфторро афзудааст. Ин гуфтор ҳаҷман 18-20 дақиқа таҳия шуда, ба таври суҳбати озоди пайиҳам ивазшавандаи садо ва бо забони сода ва равон таҳия шудан аз афзалиятҳои он аст.

Инчунин, он бардоштҳо ва хулосаҳои шахсии муаллифонро дарбар мегирад. Сабти он соли 1999 оғоз шудааст ва ба тадриҷ то соли 2006 идома ёфтааст, ки ҳоло дар бахши адабии хазинаи радио маҳфуз мебошад. Ба назари муаллифи китоби «Таърихи радиои Тоҷикистон» С. Хоҷазод шумораи гуфтор ба 300 мерасад. Мутаассифона, ҳангоми аз лента ба диск гузаронидан саҳлангорӣсурат гирифта, хронологияи мавзўъ парешон гардидааст ва аз мазмуни гуфторҳо аён мегардад, ки баъзе шумораҳои лента мавҷуд нест ё ҷойи он бо лентаҳои дигар иваз шудааст. Хушбахтона, 122 шумораи гуфторро мо муайян кардем ва баъдан ба диск гузарондем. Бояд гуфт, ки гуфтори «Дар масири таърих» моҳиятан таърихи халқи тоҷик ва сарзамини зисти онҳо, марҳилаҳои ташаккули фарҳанг, анъана ва расму оинҳо, санъату ҳунар ва шаҳрсозиро дар алоқамандӣ бо кишварҳои форсизабон аз давраи ҷамъияти ибтидоӣдар Осиёи Миёна то асри 16 (то давраи сулолаи Темуриён)-ро фаро гирифта, ба сабаби даргузашти яке аз муаллифон Маъруф Исоматов мазмунан гуфтор ба итмом нарасидааст.

Ин гуфтор бо як қатор вижагиҳо фарқ мекунад:

- ҳарчанд гуфтор хусусияти илмӣ-оммавӣдорад, вале бо забони содаи оммафаҳм

таҳия шудааст;

- шакли гуфтор бо тарзи суҳбати озод сабт гардида, аз тарафи дигар, таҷрибаи

муроҷиати шунавандагон маълум намудааст, ки ҳар барномае, ки нутқи озод до-

рад нисбати гуфторҳое, ки хониши маъмулӣдоранд сершунаванда аст;

- дар вақти кўтоҳ (18-20 дақиқа) ҷой додани маълумоти фаровон;

- ивазшавии пайиҳами садо;

- истифода аз сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ;

- таассуб ва таҳрифи таърихӣмушоҳида нашудан.

Қобили зикр аст, ки китоби «Тоҷикон» ба ҳама дастрас набуд (аз назари тираж) ва аз тарафи дигар, на ҳар кас фурсати хондани ин китоби бузургҳаҷмро дорад ва шояд баъзе шунавандагон номи китобро шунида бошанду халос. Аз ин рў, таҳияи гуфтор барои омўзиши оммавии ҳодисаҳои таърихӣмусоидат кард.

Аз ин рў, бо назардошти ин вижагиҳо ва огоҳии комил доштан аз таърихи ташаккули ибтидоии миллати тоҷик то солҳои истиқлолият пешниҳод дорем, ки таҳияи гуфтор идома ёбад.

Дар заминаи гуфтори «Дар масири таърих», инчунин барномаи адабӣ-таърихии дигар бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» [1] бо садои собиқ корманди радио Урун Назар (шоир Ворис) таҳия шудааст, ки аз 8 гуфтор иборат мебошад. Сабти гуфтор моҳҳои август-сетябри соли 1999 сурат гирифтааст. Ин гуфтор давраи муайяни таърих: фурўғи давлати Сомониёнро то марҳилаи суқути онро дарбар мегирад. Гуфтор аз таърихи шоҳони Сомонӣ, ривоҷу равнақи илму маорифи тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣтаҳия гардидааст. Шакли барномаи «Тоҷикон дар оинаи таърих» нисбати гуфтори «Дар масири таърих», пеш аз ҳама, дар он асос меёбад, ки нутқи муҳаррир маҳаки гуфтор аст ва барои тасдиқи андеша муҳаррир суҳбати таърихшиносонро низ истифода кардааст. Мусиқии суннатӣ ҷо-ҷо баланд шуда, гуфторро оро додааст.

Ба таври хониши бадеӣ ва хониши адабӣ низ чанд номгӯи осори савтии таърихӣ дар радио сабт гардида, пахш шудани он бо мурури замон аз аҳамият холӣ нест. Зеро он барои ҳар як давраи насли тоҷик маводи нав аст. Масалан, китоби сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Аз Ориён то Сомониён» 13 гуфтор дар қироати Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир сабт гардидааст. Ба гуфти нотиқ ин гуфтор бо таклифи роҳбати вақти Кумитаи телевизион ва радио, марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ оғоз гардида буд. Дар асоси асари бадеии нависандаи тоҷик Тўйчӣ Мирзоди Раштӣ бо номи «Тулўи хуршед» бо садои ровии маъруфи радио Абдурашид Хўҷамқулов 18 гуфтор дар ҳаҷми 8 соату 54 дақиқа сабт шудааст. Инчунин, дар асоси асари бадеии дигари ин нависанда бо номи «Фурўғи хуршед» иборат аз 8 гуфтор сабт гардидааст.

 Баъд аз гуфтори «Дар масири таърих» инчунин муҳимтарин маводи таърихие, ки дар хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфуз аст, қироати матни комили китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» мебошад, ки бо садои ровии пуркори тоҷик Абдурашид Хўҷамқулов аз соли 2009 сабти он оғоз гардидааст. Ин гуфтор 124 шумора дар ҳаҷми 37 соату 20 дақиқа маҳфуз аст. Баъдан дар асоси нусхаи радио-нусхаи телевизионии асар низ таҳия гардид.

Хулас, омўзиши гуфторҳои таърихӣбори дигар маълум намуд, ки ҳарчанд гуфторҳои зикргардида, бо баъзе аз хусусиятҳо аз ҳам фарқ кунанд, вале дар асл ҳар кадом дар навбати худ бо шаклу мазмуни ифодаи худ, бозгўкунандаи таърихи миллати тоҷиканд. Ҳар шахси соҳибдилу бомаърифат мекўшад, ҳар чӣбештар, хубтару беҳтар аз таърихи гузаштаю имрўзаи халқи худ огоҳӣдошта бошад.

Хеле хуб аст, ки фанни «Таърихи халқи тоҷик» маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон имрўз ба умдатарин фанни таълимии мактабӣтабдил ёфта, ба омўзиши он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Вале бояд қайд намуд, ки то имрўз дар омўзиши фанни номбурда на танҳо китобҳои дарсӣ намерасанд, балки камчинии дастуру маводҳои таълимию методӣэҳсос мешавад.

Гуфторҳои таърихии Радиои Тоҷикистон ҳамчун замимаи барномаҳои дарсии соҳа ва маводи иловагии овозӣдар таълими ин фан воситаи хубе шуда метавонанд. Зеро таҷрибаи маорифи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки истифодаи воситаҳои аудиоӣ, видеоӣва тасвирӣбоиси ҷолибияти дарс мегардад. Ин гуфторҳо ба толибилмон, омўзгорон ва умуман, ба дўстдорони таърихи пурғановату шарафманди халқи тоҷик ҳадяи хубе хоҳад буд. Зеро мавзўи гуфторҳоро пурарзиштарин ҳодисаю воқеа ва санаҳои таърихии тоҷикон ифода мекунад. Инчунин, муаллифону таҳиягарон кўшидаанд, ки муҳимтарин навгонию кашфиётҳои илмӣ таъриху таърихнигориро, ки дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, дар гуфторҳо ҷой диҳад. Бо мақсади ба вуҷуд овардани шавқу завқи шунавандагон, водор сохтани онҳо ба андеша ва ҷустуҷўи посухи дурусти қисме аз саволҳои онҳо ба таърих, ҷавоби сазовор ёфта, ҳар мавзўъ дар алоҳидагӣҷой дода шудаанд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки омўзгорон метавонанд аз рўи гуфторҳои номбурда шабҳои саволу ҷавоб, викторина, санҷишҳо ва дигар маҳфилҳои таърихиро пурмазмуну шавқовар гузаронанд. Аз тарафи дигар, маводи номбурдаро бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, шиносоии комил аз таъриху тамаддуни аҷдодӣ ва Тоҷикистони имрўза дар доираи оила низ истифода бурдан аз аҳамият холӣ нест. Аз ин рў, гуфторҳои номбурда туҳфаи хубе хоҳад буд, ба кулли ҳаводорону дўстдорони таърихи қадиму арзишманди аҷдодонамон ва имрўзи Тоҷикистони соҳибистиқлоли азиз.

Адабиёт

1.Бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон, бахши радио-хазинаи адабӣ: Шуъбаи адабӣ. Шуъбаи адабӣ. Дафтари № 2 (стерео). Таҳти № 495, 530, 531,533./// Шуъбаи адабии Радиои Тоҷикистон.

Дафтари № 4, таҳти № 3303. 2.www.prezident.tj ///

Сафарҳои хориҷӣ. Чор ҷилди тарҷумаи китоби ЭмомалӣРаҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ муаррифӣ шуд. 24.06.2013, Кувайт

Муаллиф О. Матхолов

Паёмномаи фарҳанг, 2014, 4 (28)