САРСАБЗИИ БОҒУ ЧАМАН АЗ ВАҲДАТ БУВАД...

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки муддати на чандон тӯлонии саҳифаҳои таърихи кишварамонро ташкил медиҳад, моҳиятан тақдиру тадбиру чорасози ояндаи Ватанамон маҳсуб меёбад. Мардуме, ки дар давоми чанд солаке парешону пароканда ба ҳарфи Шайх Саъдӣ “ Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд,” азобу азияти чандинсоларо кашиданд. Пеш аз ҳама боварӣ ва эътимоду эътиқод бар ҳамдигар аз байн бирафт ва шабаҳи аҳримание дар ин кӯҳандиёр  ба ҳар манзилу деҳу диёр амсоли вабо доман паҳн карда буд. Бародар бо бародар ва падар бо фарзанд ҳеҷ шафқату ёриву бародархондагӣ  надошт ва дар сангарҳои мухталиф маъво ва мавқеъ гирифта буданд. Агар вазъи он вақтаро хоҳем, ки нукта ба нукта ба хотир оварем, ба чандин рисолаҳо боист дарҷ намуд ва қисса кард. Он воқеа ва ҳодисаҳоеро, ки қаламкашон ба нӯги хомаи хеш меоваранд, аз баҳри дамон қатраест. Ва он нукта ҳам мусаллам аст, ки дар натиҷаи саъю кӯшиш, ҷаҳду талошҳои сарвари нав интихобгардида тадриҷан ин алангаи оташ пасттар мешуд, сулҳу ваҳдат бар ҷангу ҷаҳолат ғолиб меомад. Бар замми ин, мардуми парешоншуда ва ағлаб дар ғарибӣ сарсонгашта аз тарафи сарвар ба Ватан даъват карда мешуд.

Сарвари ҷавон вале шуҷоъ, ватандӯсту фидокор Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 декабри соли 1992 ба мардуми азиятдидаи мамлакат сидқан ва қалбан муроҷиат намуда гуфта буд: “ тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва манзилу оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Баҳри ноил гардидан ба ин ният ва мақсаду мароми муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам...”(...3).

  Яке аз мушкилоти басо муҳимми солҳои 90 –ум бо ҳар роҳе, бошад, баргардонидани фирориён ба Меҳани хеш буда, ки дар марзи бегона, дар биёбони тафсону реги равон зери хаймаҳои фақирона сукунат ихтиёр намуда, садҳо аз гуруснагиву шароити номусоид, бемориҳои мухталиф ҷон ба ҷонофарин супурда буданду дар ёди Ватан сӯхтаву ормон мешикастанд. Бино бар ин, сарвари давлат баҳри ҳаллу фасли ин мушкилот роҳу усулҳои муфиди баҳамойӣ ва ҳамоқатиро меҷӯст ва аз ашхоси баруманду қаҳрамонони арсаи меҳнат, шуаро ва уламо мадад ва ёрӣ меҷӯст. Дар яке аз баромадҳояш 16 январи соли 1994  ба мардуми тоҷики фирориён чунин муроҷиат карда буд: “ Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори Шумоянд ва бовар доранд, ки Шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард (...3).

  Мардуми тоҷик 27 – июни соли 1997- ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз ба ҳарфи Лоиқ “ Сулҳи деринтизори мо омад.” Шодиву сурур, хотири болида ва чеҳраҳои кушодаи мардуми кӯчаву бозор, зиёиву пирони рӯзгордида ва ҳар афроди рӯба рӯ омада аз он гувоҳӣ медоданд, ки дар ин сарзамин сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои хеш чунин ироа доштанд: “ Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27 июнро  дар кишварамон  Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем.”(...4).

  Асосан, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мансуб ба ягон ҳизбу сохтори давлатӣ набуда, соф умумихалқӣ ва омавист, ки мардуми ҷафодидаву мазлумро ба руҳияи оромию осудагӣ ҳидоят менамояд. Бо гузашти айём ин санаи муҳиму тақдирсоз дар хотираҳо ва саҳфаи дафотири кишвари мо абадан нақш хоҳад баст. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин ифода ёфта:

“ Бо гузашти солҳо мо моҳияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро эмин нигоҳ дорем.”(...5).

  Ба хотири сулҳу субот ва пойдории ваҳдат , ки бо хираду заковати мардуми мо муйяссар гардид, тадриҷан рушди устувори иқдисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон  таъмин гардид. Беш аз як миллион нафар фирориҳо ба Ватан баргашта, ба ҳаёти осоишта қадам ниҳоданд. Шуаро вожаи Ваҳдатро бо Ватан тавъманд медонанд ва дар эҷоди хеш муродифи ҳамдигар мешуморанд. Чунон ки шоир Саъдӣ Мирзо гӯяд:

  Ҳамватан, маслиҳат он аст, ки бо ҳам бошем,

  Ҳамнафас, ҳамқадаму ҳамдилу ҳамдам бошем.

  Бори мо рехт зи андуҳу зи ғам бех шикаст,

  Чун Ватан сӯхт. Дигар беху бари ҳам бошем. (...4)

Инак, беш аз сӣ сол аст, ки мардуми зафарманду баору номуси тоҷик бо эҳсоси волои меҳандӯстиву хештаншиносӣ пайи созандагиву ободии диёри хеш кӯшида, тадриҷан зинаҳои навини бурдбориҳоро тай менамояд ва сулҳу суботро дар мамлакат устувор нигоҳ медорад. Дар шароити ҳозира, ки ба ҳарфи Хоҷа Ҳофиз:

  Зиракеро гуфтам: Ин аҳвол бин, хандиду гуфт:

  “ Саъб рӯзе булаҷаб коре, парешон оламе...”

тамоми олам дар сангарҳо камин гирифта, дар қасди интиқоми якдигар қарор доранд, сулҳу истиқрору ваҳдати мардуми мо бояд боз ҳам қавитар, зичтару сидқан бошад. Мо бояд дар гирди меҳвари хеш, ки Президенту Пешвои муаззам қарор дорад, содиқу вафодор бошем, асарҳо, баромадҳо ва нишондодҳои ӯ бояд барои ҳар як фарди ин сарзамин дастури амал бошад. Беш аз сӣ сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон “ Шамъи хираду маяки шуълавари мост.” Маҳз ӯ буд, ки бо талошҳо ва саъю кӯшишҳо мамлакати моро ба арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд ва имрӯз  намояндаи садҳо мамолик дар кишвари мо қарор дорад. Дар ҳақиқат, баъд аз сӣ сол бо итминони комил метавон гуфт, ки роҳбару сарвари хирадманди мо ба қасаму ваъдаҳои хеш вафо кард. Мамлакатро аз бунбасти сангини иқтисодиву иҷтимоию фарҳангӣ раҳо карду дар ҳар як хонадон нуре ворид намуд. Ба ёд биёред ва тасаввур кунед, ки танҳо нарасидани барқ дар солҳои 90 –ум чӣ қадар ба мардуми мо  душвориҳо оварда буд. Бубинед, ки имрӯз дар ағлаби самтҳои рушди ҷомеа мо пешсаф ҳастем. Пеш аз ҳама мо бояд қаноатманду сарбаланд бошем, бо сарвари ғамхору заковатмандамон ифтихор намоем.

  Бино бар ин, сарвари давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамуд. Чунонки ӯ мегӯяд:

  Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

  Аз ин рӯ, боист ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос ба қадри меҳнату заҳмати мардуми ин диёри куҳан бирасад ва ба ҳарфи сарвари давлат:

“Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад!     

 

Қурбон ХОҶАЕВ

                                                                    корманди ПИТФИ