Activities calendar

15 июня 2023

САРСАБЗИИ БОҒУ ЧАМАН АЗ ВАҲДАТ БУВАД...

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки муддати на чандон тӯлонии саҳифаҳои таърихи кишварамонро ташкил медиҳад, моҳиятан тақдиру тадбиру чорасози ояндаи Ватанамон маҳсуб меёбад. Мардуме, ки дар давоми чанд солаке парешону пароканда ба ҳарфи Шайх Саъдӣ “ Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд,” азобу азияти чандинсоларо кашиданд. Пеш аз ҳама боварӣ ва эътимоду эътиқод бар ҳамдигар аз байн бирафт ва шабаҳи аҳримание дар ин кӯҳандиёр  ба ҳар манзилу деҳу диёр амсоли вабо доман паҳн карда буд.