ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 23/06/2023Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд.