Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ду рукни муҳимми соҳаи таълим ва тарбия дар замони истиқлолият маҳсуб мегардад. Ифтихор ва худшиносии миллӣ бунёду бунлоди кишвари яккаву ягонаи мо, пойдории миллат ва омили рушду сарсабзии он аст. Миллате, ки худро намешиносад, ифтихору ғурури миллӣ надорад, зуд парешон ва пароканда гардад. Бино бар ин, миллате, ки худогоҳ аст, бештар ва ҳар лаҳза дар тараққӣ буда, умр ба хушнудии дилҳо мегузорад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди кишвари хеш, бахусус ҷавонон бояд таъриху адабиёту фарҳанги гузаштаи хешро басо хуб бидонанд, ҷуяндаву пӯянда, созандаву бунёдгар бошанд ва ҳаргиз дар ғафлату бехабарӣ намонанд. Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ набояд танҳо дар гуфтор бошад. Ин хислату одатро бояд доиман дар замири хеш парварид ва ҳамвора мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Мавзуи ифтихор ва худшиносии миллӣ, ки барои мардум ва кишвари мо имрӯз басо муҳим аст, дар осори бузургони мо чун Ҳаким Фирдавсӣ ва Носири Хусрав ҳамеша дар мадди аввал меистад. Зеро худшиносӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ яке аз масоили нахустдараҷаи инсонист ва башар бояд ба миллату забону фарҳанг ва марзе, ки дар он зиндагӣ ва мардуме, ки аз он намояндагӣ мекунад, меҳру дилбастагӣ ва ишқу робитаи ногусастанӣ дошта бошад. Ҳамеша аз ҳолу аҳволи ҳаммилатон бияндешад ва баҳри такомули моддиву маънавии онон бикӯшад ва барои рушду ободии кишвару халқаш саҳмгузор бошад. Зеро миллат ва халқҳое, ки ифтихори қавии миллӣ доранд, ҳамвора дар арҷмандиву мақоми воло ба сар мебаранд ва дар масоили мухталифи ҷаҳонӣ ва умумибашарӣ бештар саҳмгузоранд ва зиндагии хуб низ доранд.
Мардуми кишвари тоҷик, ки аз миллатҳои куҳан ва дорои сарватҳои бойи фарҳангӣ ҳастанд, бо худшиносии миллии худ аз жарфои замонҳо бурун омада, бо тавонмандии хеш осори маънавии худ: чеҳраву симо, расму русум ва урфу одати қадима ва марзу бумашро ҳифз мекунад ва кунун ҳамчун кишвари дорои истиқлол арзи вуҷуд менамояд. Дар ин росто, албатта хидмати фарзандони сутургу баору номусу нанг ва озодандешу ватандӯсташ басо бузург аст. Бинед, ки ҳазор сол пеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз гузаштаи халқи худ, сарзамини худу авлоду аҷдодонаш ёдоварӣ намуда, меболад ва ифтихор дорад:
Ман шарафу фахри оли хешу таборам,
Гар дигареро шараф ба олу табор аст.
Ё дар ҷойи дигар:
Ман аз пок фарзанди озодагонам,
Нагуфтам, ки Шопур бини Ардашерам.
Носири Хусрав ва Ҳаким Фирдавӣ шуарои соф ва пок миллӣ ҳастанд ва чеҳраи дурахшону камназири адабу фарҳанги мо ба шумор мераванд. Ин ду шоир дар радаи пеши мардони меҳанпарасту миллатдӯсти мо ҷой гирифтаанд. Зеро онҳо бо орову афкори милливу ватандӯстонаи худ дар бедории фикри мардуми мо хидмати пурарзиш ва бузург кардаанд, ки халқи олам онҳоро эътироф дорад.
Худшиносӣ ва ифтихор аз миллату меҳани хеш яке аз аркони муҳимми одамият маҳсуб мегардад. Маърифати як инсон, як миллату қавм ва кишварро аз ҷиҳати худогоҳии афроди он кишвар метавон ба қиёс гирифт, дарк намуд ва баҳои ҳаққонӣ дод. Бино бар ин, ҳар як фарди солимақл муваззаф аст, ки пеш аз ҳама худро бишиносад, яъне хештаншинос бошад, пас метавонад дигаронро бишиносад. Фаразан, агар инсон худро шинохта натавонад, пас аз сирру асрори олами беруна, ҳастии инсону дигар ҳайвоноту наботот бехабар хоҳад монд. Носири Хусрав дар ин маънӣ мегӯяд:
Шиносои вуҷуди хештан шав,
Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав!
Яке аз самараҳои аввалини ба каф овардани хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ баҳравар гардидан аз илму дониш ва бархӯрдорӣ аз таъриху фарҳанги халқи худ мебошад. Равшан аст, ки аҳли олам маҳз тавассути андӯхтани илму дониш ва дастовардҳои бузурги фарҳангӣ метавонад табиату ҳодисоти он, оламу одамро бидонад, аз он ба қадри зарурӣ эҳтиёҷу ҳиссаи хешро бигирад, хешро такмил бидиҳад ва амсоли он. Зеро дар мавриде ки бани одам аз илму маърифат баҳравар мегардад, ӯ аз мақому манзалат ва арҷмандии хеш огаҳ мегардад ва он гаҳ рӯй ба сӯйи хештаншиносӣ ва ифтихормандӣ меоварад. Носири Хусрав низ ҳамин андешаро талқин менамояд:
Хештанро зи тавоноии худ баҳра бидеҳ,
Гар бидонӣ, ки пазиранда ҳаким асту алим.
Таърихи адабу фарҳанги Аҷам шоирону андешамандонеро маҳфуз медорад, ки бо афкору андешаҳои миллӣ ва андешаҳои ватандӯстонаи хеш дар саҳафоти дафтари олам шуҳратёр гардидаанд. Ҳарфи Ҳаким Фирдавсии Тӯсиро ба ёд оваред: “Чу Эрон набошад, тани ман мабод!”.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарзанди диёри Тоҷикистон, ки хуни нофи хешро дар ин сарзамин рехта, ба камол расида, ба обу нони ин марз устухон шах намуда, дар пайи обод кардани Ватани хеш саҳм бигирад, амалан аз марзу буми кишвараш дифоъ карда, бо душманон ва бадбинону кинаварону ҳасудон дар мубориза бошад, ҳарчанд мушкилу сангин бошад ҳам, наҳаросад, устуворӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намояд, чунон ки Ҳакими Тӯс мегӯяд:
Бубандед, бо якдигар домано,
Намонед бадхоҳ пиромано.
Ҷавҳари осори ин ду шоири миллатро андешаву орои ватандӯстона ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки имкон дорад дар роҳи худшиносии миллати мо, ки ба истиқлол комёб гардидааст, хидмати арзишмандеро ба ҷо биёрад. Ашъори бузургони салафи мо ба масобаи дастур ва маншурест, ки бо равшаниву нур дарду доғи миллати моро пеши назарамон ба ҷилва меоварад, панду ҳикмату андарзу насиҳат медиҳад, ки аз гузаштаи душвору сангини ин миллату аҷдод ибрат бигиред. Осори онҳо дар замири мо ғуруру ҳамияту худшиносӣ, меҳандӯстӣ ва шинохти гузаштаи худро меофаринад ва бедор мекунад.
Ин айём, ки муборизаву талошҳо баҳри марзу бум меравад, аз ҳарсола дида бештар моро ба Ватандӯстиву хештаншиносиву ифтихор аз миллати хеш тақозо дорад. Ба ҳарфи шоири ватандӯсти шаҳид Ҳабиб Юсуфӣ “ Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” Мо, аҳли таълим ва тарбият баҳри дар руҳи ифтихор ва худшиносии миллӣ парваридани шогирдон даргиру муассир бошем,зеро имрӯз давлату миллат ва Сарвару Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар чизи дигар ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ медиҳад ва такя менамояд, то ки ҷавонон дар руҳи масъулият, ватандорӣ, хештаншиносӣ, ифтихор ва эҳтиром ба дастовардҳои инсониву миллӣ тарбия ёбанд ва барои халқу Ватан ва миллати хеш хидмати шоиста намоянд.
Қурбон ХОҶАЕВ
корманди ПИТФИ