Аъло Аълоев: Доирадасте, ки касе бар пояи ӯ нарасид

Аъло АЪЛОЕВ   7-уми нобри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи машҳуртарин ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистони замони Шӯравӣ буд. Дойрадасти моҳир ва касе бар пояи ӯ дойра назада, пажуҳишгарон ба санъати навозандагии ӯ баҳои баланд додаанд.
Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1974). Дойранавозӣ ва мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ҷумӯуриявии шаҳри Душанбе (1952) буд.
Фаъолияти кориашро солҳои 1946 – 56 аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Соли 1979 дойрадасти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, 1979 – 89 дойрадасти ансамбли рақсии «Лола» буд.
Соли 1990 ба ИМА кӯч баст.
А. аз навохтани ду-се дойра сар карда, теъдоди онҳоро то панҷ расонид, дар бадоҳатан навохтани оҳанг истеъдоди баланд дошт, дар сохту таркиби ин асбоби мусиқӣ чандин тағйирот ворид сохтааст.
Ҳамчунин созҳои таблак, қӯшнағора, дуҳул, тамтами африкоиро низ хуб менавохт ва ба шогирдон ёд медод. Бештар оҳангҳои шӯх, муфарраҳ ва рӯҳафзоро иҷро намуда, усули навозишро ба ҳавои рақс мувофиқ месохт ва завқу эҳсоси тамошогарро бедор мекард.
Муаллифи навоҳои бисёри рақсии дойравӣ, аз қабили «Чашми сиёҳ», «Ҷавонӣ», «Баҳор дар Тоҷикистон», «Кӯлобӣ», «Бахт», «Дарвозӣ», «Рез», «Марворид» ва ғайра мебошад.
Дар ҳайати дастаҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва шӯравӣ ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ сафари ҳунарӣ намудааст.
Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз гардидааст.

барчасп: