Дар ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимони пажӯҳишгоҳ, ки таҳти раёсати Раиси шуро, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов доир гардид, фаъолияти он дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳои он барои соли 2024 муайян гардид.
Доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии пажӯҳишгоҳ дар соли 2023 котиби илмӣ Носирова Лайло маърӯза кард. Изҳор гардид, ки Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз рӯзи таъсисёбиаш то имрӯз ҳамчун Институти илмӣ-тадқиқотии соҳаи фарҳангу санъат дар ҷумҳурӣ дар рушду такомули давлатдорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ – ҷашну маросим, анъанаҳои мардумӣ ва ғайра зери партави сиёсати фарҳангии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, ҳамзамон дар таъмини эҳёи фарҳангу тамаддуни ниёгони тоҷикон ҳиссагузор мебошанд. Танҳо дар соли 2023 се намунаи мероси фарҳангиии мардуми тоҷик ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном гардид, ки ин аз дастовардҳои бузургтарини кормандони пажӯҳишгоҳ низ ба ҳисоб меравад. Боиси зикр аст, ки дар Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 4-9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид, баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ низ сурат гирифт. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа парвандаи 3 унсури фарҳангӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шуда буданд. Инҳо: “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, ки ҳамчуни номинатсияи мустақили миллӣ танҳо аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гашта буд; номинатсияҳои “Ҷашни Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон) ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон).
Рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ зимни ҷаласа номинатсияи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” бо гирифтани кулли овозҳои ҳайати комиссия расман дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт карда шуд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои ин номинатсия соли 2018 аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Дилшод Раҳимӣ ва аъзои он - Аминов Абдуфаттоҳ, Холмуродов Зафар шуруъ шуда, соли 2023 такмил шуданд. Ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди ду номинатсияи дигар – “Ҷашни Сада” ва “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” ҳам аз соли 2020 инҷониб шурӯъ шуда, дар соли 2023 баъди такмилу таҷдид ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомил шуданд.
Дар давоми соли 2023 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолияти хешро дар самти ташкили гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба омӯзиши намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддас, муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мактабҳои мусиқӣ ва санъат, ҳамчунин вазъи иттилоот дар замони соҳибистиқлолӣ ва ғайра ба роҳ монда, дар тадқиқотҳои анҷомдода пеш аз ҳама моҳияти Паёмҳои Сарвари давлат ва дастовардҳои замони истиқлолро мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Инчунин изҳор гардид, ки омӯзиши ҷанбаҳои умумӣ ва хоси осори публитсистӣ доир ба сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи он, бахусус инъикос ва таҷассуми НБО-и Роғун дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1974-2022) ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2011-2015) мавриди таҳқиқ қарор гирифт, ки дар зарфи 90 соли сохтмони НБО –и Роғун осори зиёде рӯи чоп омадаанд.
Дар гузориши котиби илмӣ зикр шуд, ки кормандони пажӯҳишгоҳ ба муносибати рӯйдодҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ як қатор чорабиниҳоро, аз қабили “Артиши миллӣ – сипари Ватан”, “Масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар матбуоти даврии тоҷик”, “Проблемаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол”, “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ”, “Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол”, “Конститутсия – санади тақдирсози миллат”, “Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои фарҳангӣ”, “Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон” ва амсоли инҳо баргузор намудаанд. Илова бар ин, тавассути телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо суханрониву мусоҳибаҳо гузаронида шудааст, ки мавзуъҳо фарогири эҳёи фарҳанги миллӣ ва рушду инкишоф бахшидани онҳо мебошад. Ҳамчунин мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба хотири тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, вусъат бахшидани мубориза бо зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм ҷаласаву корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, чанде аз кормандони пажӯҳишгоҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО баромадҳо кардаанд.
Дар ин давра ходимони илмии ПИТФИ зиёда аз 275 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ, ки аз онҳо 13 китобу маҷалла, 91 мақолаи илмӣ, 116 мақолаи илмию оммавӣ, 55 нашри электронӣ, ки маводи таълифӣ мебошанд, ба табъ расонидаанд.
Дар рафти ҷаласа ҳисоботи роҳбарони лоиҳаҳои илмӣ оид ба натиҷаи солонаи мавзуъҳои илмӣ-тадқиқотӣ шунида шуд, ки ҳар кадом лоиҳа дар соли ҳисоботӣ натиҷаи назаррасро дар бар мегирифт.
Ҳамзамон аз тарафи роҳбарияти ПИТФИ ходимони илмие, ки дар соли 2023 фаъолияти назаррас нишон доданд, бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Абдулфаттоҳ Аминов изҳори умед намуд, ки ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар соли 2024 низ ҷиҳати иҷрои иқдомҳои пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди фарҳанг, таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ фаъолияти илмию тадқиқотии хешро ба роҳ хоҳанд монд. Ҷаласаи Шуро бо тасдиқи нақшаҳои кории муассиса барои 2024 анҷом ёфт.
Носирова Лайло
Котиби илмии ПИТФИ