ЗАБОН - ОИНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Таҳти чунин унвон рӯзи 4-уми октябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур дар қатори кормандони пажӯҳишгоҳ меҳмонони зиёд, аз ҷумла сардори раёсати фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомӣ Хуршед, директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ, муовини директори Муассисаи давлатии Агентиии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ ва рӯзноманигорон аз ВАО иштирок доштанд.

Ҳамоишро директори ПИТФИ, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуд. Баъдан оид ба мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа сухан ронда, иброз дошт, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои фарҳангии ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Зеро Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, асарҳои оламшумулашонро таълиф намудаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуда, бо ибтикори фарзонафарзандони миллат ба мо поку беолоиш расидааст.

Сипас муовини директор оид ба корҳои методӣ ва умумӣ доктор (Phd) Каримова Гулзира маърузаи худро таҳти унвони “Забони давлатӣ ва асолати миллӣ” ироа намуд. Мавсуф афзуд, ки забони тоҷикӣ низ мисли дигар забонҳо дар тайи мавҷудияти худ ба дигаргуниҳои назаррас дучор омадааст. Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки имрӯз забон дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин ба рушду густариши забон вусъату суръати тоза мебахшад. Ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун рӯзи таърихӣ дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Инчунин ёдовар аз даврони истиқлол шуда, қайд кард, ки бори нахуст китоби дар шакли мукамал бахшида ба забони миллат  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” дар ду ҷилд рӯи чоп омад.

Дар идома маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ д.и.ф., Хоҷаев Қурбон таҳти унвони «Асолати забони тоҷикӣ ҳамчун илм» шунида шуд. Ӯ қайд намуд, ки Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо нафари дигар олимону донишмандон бо ин забон эҷод кардаанд ва он дорои захираи бузурги луғавӣ мебошад. Номбурда таъкид намуд, ки мо бояд ифтихор аз ин забоне дошта бошем, ки таърихи беш аз ҳазорсолаҳо дорад.

Дар идомаи миззи мудаввар  маърузаи котиби илмӣ Содиқова М., дар мавзуи  “Аз таърихи хатҳо ва забони тоҷикӣ” шунида шуд. Номбурда дар суханрониаш қайд намуд, ки офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад. Ба гуфти асосгузори илми забоншиносӣ В. Гумболдт: «Миллат, агар ҷон бошад, забон руҳи (нафаси) он аст». Қисми зиёди ҷанбаҳои зиндагӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд – ҷои истиқомат, иқлим, дин, шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд то дараҷаи муайяне дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад. Бо овардани мисолҳои фаровон тавассути тахтаи электронӣ оид ба намунаи хатҳо низ маълумот пешниҳод гардид.

Дар қисмати музокираҳо сардори раёсати фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомӣ Хуршед, директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Абдураҳмонзода Абдувалӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи санъатшиносии ПИТФИ Мунаввар Сафаров, ходими пешбари илмии шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр профессор Муродӣ Мурод  суханронӣ намуда, оид ба мақому манзалати забон, ҷанбаҳои фарҳангии забони тоҷикӣ андешаҳояшонро баён намуданд. Ҳамоиш бо рӯнамои китобҳои тозанашри пажӯҳишгоҳ ба анҷом расид.

М.Содиқова,

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: